Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ дар даврони истиқлолияти давлатӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардид

Сентябрь 9, 2019 08:24

ДУШАНБЕ, 09.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳама дастоварди муҳиме мебошад, ки ба халқи тоҷик муяссар гардид. Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат пешравиҳои назаррас ба амал омаданд, ки на танҳо дар дохили мамлакат, балки берун аз он низ халқи тоҷикро муаррифӣ намуданд. Аз ҷумла,  дар ин давра соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ ба комёбиҳои назаррас ноил шуд. Дар робита ба дастовардҳои соҳаи ҳуқуқи мамлакат хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ бо доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидумар РАҶАБОВ ҳамсуҳбат гардид.

 АМИТ «Ховар»: Дар даврони истиқлолияти давлатӣ соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ ба кадом дастовардҳо ноил гардид, яъне имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ чӣ гуна ҷойгоҳ дорад?

Профессор Раҷабов: Эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  9 сентябри соли 1991  ба ҷаҳониён дар бораи пайдо шудани субъекти нави ҳуқуқи байналмилалӣ хабар расонд. Акнун Тоҷикистони соҳибистиқлол узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид, пояи давлатдории миллӣ-ҳуқуқӣ ва байналмилалӣ-ҳуқуқии худро барои таҳкими муносибатҳои дӯстона бо соири кишварҳои ҷаҳон гузошт. Дар муддати кӯтоҳи таърихӣ  Тоҷикистон заминаи устувори ҳуқуқиро дар таъсиси муносибатҳои давлатӣ бо кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамвор намуд.

Аз рӯзҳои аввали эъломи истиқлолияти давлатӣ то имрӯз давлати мо дарвозаҳои худро ба рӯи ҳамаи кишварҳои олам кушод ва бо эъломи «сиёсати дарҳои боз» равобити байналмилалиро баҳри муаррифии Тоҷикистон дар ҷаҳон ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои бозсозии мамлакат оғоз намуд. Дар ин самт, пеш аз ҳама, заминаҳои ҳуқуқии робитаҳои хориҷӣ аз тарафи давлат ва Ҳукумати ҶТ мувофиқ ба талаботи замон ва ниёзҳои Тоҷикистон гузошта шуда, тадриҷан мукаммал гардиданд, ки ҳамчун намуна ба чанде аз онҳо метавон ишора кард: Муоҳидаи Вена оид ба муносибатҳои дипломатӣ (с.1961), Муоҳидаи Вена оид ба муносибатҳои консулӣ (с.1963), Муоҳидаи Вена оид ба ҳуқуқи шартномаҳои байналмилалӣ аз 23 майи с.1969 (ҶТ ба ҳар се муоҳидаи зикршуда 6 майи 1996 ҳамроҳ гардидааст), «Қонуни ҶТ дар бораи шартномаҳои байналмилалӣ» (11 декабри с.1999), «Қонуни ҶТ дар бораи хизмати дипломатӣ» (31 декабри 2014), «Низомнома дар бораи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи с. 1995), «Низомнома дар бораи ҳуқуқу уҳдадориҳои асосии Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи  1995), «Оинномаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30 июли 1998), «Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27январи 2015) ва ғ.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи устувор пайдо кардааст.  Давлати мо бо 130 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, беш аз 150 давлат истиқлолияти мамлакати моро эътироф кардаанд. Дар пойтахти ватанамон-шаҳри Душанбе даҳҳо сафоратхонаҳои мамлакатҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ дарҳои худро боз намуданд. Дар навбати хеш Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар як қатор давлатҳои ҷаҳон намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии худро таъсис намуд, ки баҳри таҳкиму густариши ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба муваффақона фаъолият доранд.

Давлати мо ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, мисли СММ, Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ,  САҲА, СҲИ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд, Созмони Ҳамкории Исломӣ, ИДМ, СҲШ, СААД, Хазинаи Байналмилалии Асъор, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки Осиёии рушд, Бонки исломии рушд, Бонки авруосиёии рушд ва ғайраҳо пазируфта шуда, узви комилҳуқуқи беш аз 57 созмони байналмилалӣ, минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ мебошад. Ҳамроҳ бо дигар кишварҳо дар ҳалли мушкилоти сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳон нақш мегузорад.

АМИТ «Ховар»: Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир ба ҳайси яке аз давлатҳои пештози масъалаҳои об шинохта шудааст. Бигӯед, ки дар асоси принсипҳо ва меъёрҳои умумипазируфташудаи ҳуқуқи байналмилалӣ Тоҷикистон ба чанд санади байналмилалӣ аъзо шудааст?  

Профессор Раҷабов: Бояд тазаккур дод, ки дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои об дар ҷаҳон беназир аст. Хусусан, аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ қабул шудани қатъномаҳо оид ба эълони «Соли байналмилалии оби тоза, соли 2003», «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, соли 2013», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»,  аз таваҷҷуҳи ҷиддӣ ва истиқболи комили ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

Тоҷикистон бо ташаббусҳои чоргонаи худ дар ҳалли масъалаҳои об ҳиссагузорӣ ва пешсафии худро нишон дод ва тарҳҳои обӣ ва гидроэнергетикии худро бо истифода аз механизмҳои пурнуфузи байналмилалӣ амалӣ гардонида, дар ҳалли масоили ҷаҳонии об нақши мондагор мегузорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси принсипҳо ва меъёрҳои умумипазируфташудаи ҳуқуқи байналмилалӣ ба бештар аз 350 санади байналмилалӣ, ба мисли муоҳидаҳо, паймонҳо, хартияҳо ва эъломияҳои байналмилалӣ аъзо шуда, уҳдадориҳои худро дар мавриди расидан ба ҳадафҳои ҷаҳонӣ, аз қабили рушди иҷтимоӣ, беҳбуди вазъи иқтисодӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон, ҳифзи муҳити зист ва амсоли он иҷро менамояд.

То имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни олам беш аз 2100 санади дуҷониба ба имзо расонидааст, ки масъалаҳои муносибату ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, ҳарбӣ-техникӣ, амният, илм, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳоро ба танзим медарорад ва дар равандҳои ҷаҳонӣ ва ҷараёни муносибатҳои байналмилалӣ баҳри рушду таҳкими минбаъдаи истиқлолият, ҳифзи тамомияти арзӣ, тақвияти давлатдорӣ шароити мусоид эҷод менамояд.

Ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва таҳкими истиқлолияти сиёсии кишвар дар шароити ҷаҳонишавӣ дар Консепсияи нави сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи 2015 сол ба таври зайл баён ёфтааст: ташаббусҳо ва талошҳои саривақтӣ барои ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ; барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ бо ҳамаи мамлакатҳое, ки мехоҳанд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси баробарҳуқуқӣ ва муносибатҳои фоидаовари тарафайн ҳамкорӣ кунанд; аъзо шудан ба созмонҳои байналмилалӣ; мустаҳкам кардан ва боз ҳам инкишоф додани алоқаҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамкории ҳамаҷониба бо ИДМ, пеш аз ҳама, бо Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон; дар асоси усули баробарӣ, ҳамкории дутарафаи судманд, ки кишварҳои хориҷӣ интихоб мекунанд, дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар, барқарор намудани муносибат бо ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон аз ҷумла бо Чин, Афғонистон,  Эрон, ИМА ва давлатҳои дигари Осиёву Африқо ва Аврупою Амрико; ёфтани ҷойгоҳи муносиби худ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ.

АМИТ «Ховар»: Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар таҳкими истиқлолияти сиёсии хеш, пеш аз ҳама, кадом санадҳоро ҷонибдорӣ кард?

Профессор Раҷабов: Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими истиқлолияти сиёсии хеш, пеш аз ҳама, аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ҷонибдорӣ кард. Давлати мо ба чунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, мисли «Муоҳидаи байналмилалӣ оид ба рафъи табъизи нажодӣ» (с.1966), «Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ» (с.1966), «Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ» (с.1966), «Муоҳида оид ба рафъи ҳама гуна табъиз нисбати занон» (с.1979), «Муоҳидаи зидди шиканҷа, муносибат ва ҷазои бераҳмона ва таҳқиркунандаи шаъну шараф» (с.1984), «Муоҳида оид ба ҳуқуқи кӯдак» (с.1989), «Муоҳидаи байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои тамоми коргарони муҳоҷир ва аъзои оилаи онҳо» (с.1990), «Муоҳида оид ба ҳуқуқи маъюбон» (с.2006) ҳамроҳ шуд ва ё онҳоро ба тасвиб расонд.

Дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар мамлакат ва иҷрои уҳдадориҳое, ки аз ин санадҳои байналмилалӣ-ҳуқуқӣ бармеоянд, Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам гузоришҳои миллии хешро ба кумитаҳои шартномавӣ, ки дар чорчӯбаи муоҳидаҳои универсалии СММ эҷод шудаанд  ва шарҳҳои давраии универсалии хешро ба Шӯро оид ба ҳуқуқи инсони СММ ирсол менамояд.  Ин, бешубҳа, яке аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи байналмилалии ҳуқуқи инсон дар даврони истиқлолият мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созмони маориф, илм ва фарҳанги СММ (ЮНЕСКО) низ ба дастовардҳое дар заминаи муаррифии осори фарҳангию таърихии миллати тоҷик дар даврони истиқлолияти давлатӣ ноил шуд, ки ҳамчун намуна ба чанде аз онҳо метавон ишора кард: пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе ба ҳайси “Шаҳри сулҳ” сазовори ҷоизаи ЮНЕСКО гардид (с.2002); “Шашмақом” ҳамчун мусиқии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба ҳайси шоҳкориҳои шифоҳӣ ва фарҳангии мероси ғайримоддии башарият ба феҳристи умумиҷаҳонӣ ворид карда шуд (с. 2003); Ҷашни Наврӯз ба феҳристи фарҳангии мероси ғайримоддии башарият ворид гашт (30 сентябри с.2009); шаҳраки қадимаи «Саразм» ба феҳристи мероси фарҳангии умумиҷаҳонӣ ворид карда шуд (c.2010); “Боғи миллии Тоҷикистон – Кӯҳҳои Помир” ба феҳристи Мероси табиии умумиҷаҳонӣ шомил гардид (с. 2013); ҷашнҳои 3000-солагии Ҳисор, 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон) ва 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ ба феҳристи ҷашнҳое ворид гаштанд, ки бо санадҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии ЮНЕСКО дар солҳои 2014-2015 дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил гардиданд ва ғ.

АМИТ «Ховар»: Яке аз омилҳо дар таъмини амнияти фард, ҷамъият ва давлат дар шароити ҷаҳонишавӣ — ин мубориза бо терроризм, экстремизм ва умуман ҷинояткорӣ мебошад. Барои амалӣ намудани ин сиёсат дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ва миллӣ кадом санадҳои ҳуқуқиро қабул намуд?  

Профессор Раҷабов: Дар санадҳои Шӯрои амнияти СММ таъкид меравад, ки байни терроризми байналмилалӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, аслиҳа, шустушӯи маблағҳои пулӣ, интиқоли ғайриқонунии маводи ҳастаӣ, кимиёвӣ, биологӣ ва соири маводи марговар робитаи зич мавҷуд аст ва аз давлатҳои аъзо тақозо мегардад, ки барои беҳбудӣ бахшидан ба мубориза алайҳи онҳо бояд ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии иқдомҳоро дар сатҳи миллӣ, субминтақавӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ ба роҳ монанд. Дар ин самт, пешниҳодҳои арзишманди роҳбарияти Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм, қочоқи маводи мухаддир ва умуман ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозӣ ва дастгирӣ пайдо намудаанд.

Барои амалӣ намудани ин сиёсат Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи миллӣ як зумра санадҳои ҳуқуқӣ қабул намуд. Аз ҷумла, 16 ноябри соли 1999 Парлумони Тоҷикистон Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва 8 декабри соли 2003 Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)»-ро қабул кард. Бар замми ин барномаи махсус таҳия ва «Консепсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бо терроризм» қабул гардид. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои дорои характери террористӣ ва экстремистиро эълон намуд ва фаъолияти онҳоро дар Тоҷикистон манъ кард. Ғайр аз ин, ба таври умум «Консепсияи ҳуқуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2013 тасдиқ шудааст ва ба таври марҳилавӣ амалӣ мегардад.

Дар сатҳи минтақавӣ ва субминтақавӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз аъзои ИДМ вориди Шартнома дар бораи ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ дар мубориза алайҳи терроризм аз 4 июни с.1999 гардид ва Қарор дар бораи таъсиси Маркази зиддитеррористии давлатҳои аъзои ИДМ-ро аз 21 июни соли 2000 ба тасвиб расонд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз муассисони СҲШ Муоҳидаи Шанхай дар бораи мубориза бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм аз 15 июни с. 2001 ва  Созишнома дар бораи таъсиси Маркази минтақавии зиддитеррористии СҲШ  аз 7 июни с. 2002, ки механизми муассир дар татбиқи ҳадаф ва вазифаҳои пешбинӣ намудаи ин муоҳида мебошад, ба тасвиб расонд.

Дар сатҳи байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи шартномаҳо ва санадҳое, ки фаъолияти террористиро дар арсаи байналмиллалӣ манъ месозад, эътироф ва ба имзо расонида, барои дар амал татбиқ намудани онҳо чораҳои катъӣ меандешад. Илова бар ин, бо дарки муҳимияти мубориза бо ҷиноятҳои дорои хусусияти фаромиллӣ  Ҷумҳурии Тоҷикистон Муоҳидаи СММ алайҳи  ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва протоколҳои онро аз 15 ноябри с.2000  ба тасвиб расонд (Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ аз 29 майи с. 2002) ва ба Муоҳида дар бораи пешгирӣ намудан аз ҷинояти генотсид ва ҷазо додан барои он аз 9 декабри с.1948 шомил гардид (Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ аз 29 апрели с. 2015).

Ҳамин тавр, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ дар даврони истиқлолияти давлатӣ ба комёбиҳои назаррас ноил шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорчӯбаи ҳуқуқи байналмилалӣ тавонист заминаи густурдаи ҳуқуқию шартномавӣ ва робитаҳои хориҷии худро бо давлатҳо ва созмонҳои  байналмилалӣ, минтақавӣ ва субминтақавӣ ба миён оварад ва тавсеа бахшад, ба хотири ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатии хеш дар шароити ҷаҳонишавӣ чораҳои муассир амалӣ намояд. Дар ин амр нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар устувор гардидани мавқеи Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ хеле бузург ва ибратомӯз мебошад.

Имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаҳон ҳамчун давлати  ташаббускор дар ҳалли масоили глобалӣ ва таъсиргузор дар танзими равандҳои сиёсии минтақа мешиносанд. Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ қадамҳои устувор гузошта, бо пешбурди сиёсати ҳуқуқбунёд ва пешниҳодҳои созандааш мавқеи худро истеҳком бахшид ва дар оянда низ бо равиши хоси дипломатияи худ, ки бар ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун як мамлакати фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масоили муҳими ҷаҳони муосир ва минтақа саҳми мондагор хоҳад гузошт.

Сентябрь 9, 2019 08:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад»
СИЁСИШАВИИ ДИН — ХАТАР БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА. Андешаҳои профессор Нозим Маҳмадизода дар ин мавзуъ
Президенти Тоҷикистон: «Бо назардошти шароити замона анъанаи неки гузаштагон – сарфаю сариштакориро бояд риоя намоем»
Сулаймон Талбакзода: «Дарси хештаншиносӣ ва хизмат ба халқу Ватанро аз Пешвои миллат бояд омӯзем»
Президенти Тоҷикистон: «Мушкилоти таъмини аҳолии сайёра бо озуқаворӣ моро водор менамояд, ки ҳар қитъа заминро оқилонаву самаранок истифода барем»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ойинҳои наврӯзӣ аҳли башарро ба таҳаммулгароӣ, бунёдкориву созандагӣ ҳидоят менамоянд»
Пешвои миллат: «Дар шароити кунунӣ зарур аст, ки ба кишти такрорӣ, гирифтани се – чор ҳосил аз заминҳои обӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад»
Наврӯз дар баробари забони тоҷикӣ бунёди худшиносии тоҷиконро низ ташаккул додааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мақому ҷойгоҳи Наврӯз он қадар баланд буд, ки ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад»