Дар Исфара оид ба «Нақши ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот дар рушди иҷтимоӣ–иқтисодии маҳал» машварати омӯзишӣ сурат мегирад
ДУШАНБЕ, 22.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд дар мавзӯи «Нақши ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот дар рушди иҷтимоӣ–иқтисодии маҳал» семинар-машварати омӯзишӣ оғоз мегардад.
Машварати мазкур бо ташаббуси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.
Дар семинар намояндагон аз Кумитаи рушди маҳал, Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони маҳаллаю ҷамоатҳои шаҳри Исфара, ноҳияҳои Темурмалик ва Кӯшониёни вилояти Хатлон иштирок менамоянд.
Ҳадаф аз баргузории машварати омӯзишӣ- ин баланд бардоштани нақши ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот дар рушди иҷтимоӣ–иқтисодии маҳал ва саҳм гузоштани шаҳрвандон дар ободонии маҳали зисташон мебошад.
Машварати омӯзишӣ ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуда, то 23 октябр идома меёбад.
Дар назар аст, ки дар интиҳои даври омӯзишӣ ба иштироккунандагон сертификат дода шавад.








Дар соҳили Сирдарёи шаҳри Хуҷанд шиногоҳи нав ба истифода дода шуд
«ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — АСОСИ ШУКУФОИИ ВАТАН». Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ҷавонони Тоҷикистон дар Форуми 6-уми «Сарварони ҷавони эҷодкори Осиёи Марказӣ ва Русия» иштирок менамоянд
РӮЗИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ. Дар Тоҷикистон ташкили ин ниҳод яке аз дастовардҳои давраи соҳибистиқлолӣ мебошад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба имзо расид
Форуми ҷумҳуриявии «Маърифати ҳуқуқӣ — омили рушди давлати ҳуқуқбунёд» доир мегардад
Душанбе мизбони Форуми марказҳои таҳлилии «Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея» мегардад
Дар Тоҷикистон дар даҳ сол як маротиба барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад
Дар Ховалинг соҳибкорон аз хонаводаҳои Каримовҳо ва Одинаевҳо барои ятимону маъюбон осоишгоҳ сохтанд
Барои гирифтор нашудани кӯдакон ба бемории дарунравӣ чӣ бояд кард?
«ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ТАШАББУСКОР ВА ТАҲКИМБАХШИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ҶАҲОНӢ». Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
ОГОҲӢ! Аз 19 то 22 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад






