Консули генералии Тоҷикистон дар Ҷамбули Қазоқистон бо роҳбарони марказҳои фарҳангӣ мулоқот намуд

Октябрь 2, 2019 15:27

ДУШАНБЕ, 02.10.2019/АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Тарази вилояти Ҷамбули Қазоқистон вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Назир бо роҳбарони марказҳои фарҳангӣ ва  муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.   Дар мулоқот доир ба муносибати дӯстонаи дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қазоқистон, раванди рушди ҷомеа ва муносибатҳои ҷамъиятӣ, бахусус ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ сухан карда шуд.

Бояд гуфт, ки дар вилояти Ҷамбул тоҷикони муқимӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, ки асосан бо тиҷорату корҳои хизматрасонӣ машғуланд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки вобаста ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба будубош ва фаъолияти меҳнатӣ ба нақзи қонун набояд роҳ дода шавад.

Иштирокдорони мулоқот дар навбати худ изҳор намуданд, ки сарфи назар аз он ки дар хориҷи мамлакат қарор доранд, ба равандҳои сиёсӣ-иҷтимоии мамлакат бетараф нестанд ва дар чорабиниҳои муҳими ҷомеа фаъолона ширкат намуда, мавқеи шаҳрвандии худро бо масъулияти том муайян месозанд.

Октябрь 2, 2019 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад