Миёни прокуратураҳои генералии Тоҷикистон ва Қатар Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 09.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Прокуратураҳои генералии Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар оянда тақвият медиҳанд. Дар ин росто, дар шаҳри Давҳа- пойтахти Қатар байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генеарлии Қатар Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Ин санади ҳамкориро Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ва Прокурори генералии Давлати Қатар Алӣ бин Фетаис ал-Маррӣ имзо намуданд.
Инчунин дар ростои тавофуқоти ҳосилшуда миёни Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ дар мавриди густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба зимни мулоқоти прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Қатар масъалаҳои ҳамкории ду давлат дар соҳаҳои тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими қонуният ва мубориза алайҳи ифротгароӣ ва терроризми байналмилалӣ баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо алоқамандии мутақобилро ба тавсеаи робитаҳои байнисоҳавӣ, аз ҷумла зарурати фаъол намудани табодули таҷриба ва иттилоот байни прокуратураҳои генералии ду давлат дар соҳаи ҳукуқӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн таъкид намуданд.








Дар Вазорати мудофиа оид ба саҳми Артиши миллӣ дар таҳкими сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ ҳамоиш доир шуд
«Ҳифзи суботу оромии кишвар масъулияти ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад», — бардошт аз ҳамоиш дар мақомоти милитсияи пойтахт
Дар Прокуратураи генералӣ бахшида Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд
НАШЪАМАНДӢ-ВАБОИ АСР. Саломатӣ ва озодиро интихоб намо, на вобастагиро!
Ҷаласаи Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ дар соли 2026 баргузор гардид
Кормандони гумрук аз гардиши ғайриқонунӣ 4 қуттӣ маҳсулоти тамокуӣ дарёфт ва мусодира намуданд
Байни Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Прокурори ҳарбии гарнизони Суғд: «Нақши Ваҳдати миллӣ дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ беназир аст»
Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад
Дар Душанбе корхонаи ғайриқонунии истеҳсоли доруворӣ ошкор гардид
Натиҷаҳои даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷамъбаст гардиданд
ФАРЗАНДОНИ ХУДРО БЕНАЗОРАТ НАГУЗОРЕД! Ҳангоми шиноварӣ қоидаҳои бехатариро бояд риоя намуд






