«Нарасидани кадрҳои баландихтисос мушкилоти асосии соҳаи саноат аст», «Пиллапарварӣ ислоҳот мехоҳад» — шарҳи матбуоти даврӣ

Октябрь 17, 2019 16:24

ДУШАНБЕ, 17.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта матбуоти даврии Тоҷикистон кадом  мавзӯъҳоро пайгирӣ намуд? Рӯзноманигорон  доир ба ҳодисоти дохил ва рӯйдодҳои берун аз мамлакат чӣ андеша доранд? Дар ин мавзӯъ шарҳи АМИТ «Ховар» пешниҳоди хонандагони сомона мегардад.

Ин ҳафта  иштирок ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот  бо   кормандони соҳаи саноат, ки  14 октябр дар Кохи Борбад  доир гардид, инчунин хабару гузоришҳо дар бораи тантанаҳои ҷашни Меҳргон дар ҷумҳурӣ  дар сархати расонаҳои даврӣ қарор дошт.

Дар  шумораи навбатии  Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» (15.10.2019, №194)   таҳти сарлавҳаи  «Пешвои миллат: «Нарасидани кадрҳои баландихтисос мушкилоти асосии соҳаи саноат аст»  суханронии  Пезиденти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони  соҳаи саноати мамлакат  нашр гардидааст.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат  ба Ҳукумати Тоҷикистон  супориш доданд, ки лоиҳаи қарорро дар бораи таъсиси Комиссияи давлатии амалисозии сиёсати саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ  таҳти роҳбарии Сарвазири Тоҷикистон таҳия намояд.  Пешвои миллат ҳамчунин  иброз  доштанд:  «Ба Ҳукумати Тоҷикистон супориш дода мешавад: «Барномаи махсуси саноатикунонии босуръати  мамлакатро  барои солҳои 2020 – 2030 таҳия карда, барои тасдиқ пешниҳод намояд. Сарвазири мамлакат  вазифадор карда мешавад, ки самаранокии кори комиссияи мазкур ва иштироки фаъоли мақомоти марказиву маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва бахши хусусиро дар он таъмин карда, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои марбут ба саноатикунонӣ дар сатҳи вазорату идораҳо, маҳалҳо ва амалишавии сифатноки барномаи зиркшуда чораҳои фаврӣ андешад».

Ҳамчунин дар ин шумораи рӯзномаи «Ҷумҳурият»  мақолаи таҳлилӣ ба ифтихори 25-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарлавҳаи  «Конститутсия ва сиёсати хориҷии он»  рӯи чоп омадааст.

Нашрияи парлумонии мамлакат «Садои мардум»  (№123 аз 15.10.2019)  хабареро  таҳти   сарлавҳаи  «Таҷлили  ҷашни Меҳргон дар Кӯлоб»  ба нашр расонидааст. Дар хабари мазкур, аз ҷумла чунин омадааст: «Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаб­бор Раҳмонзода зикр намуд, ки Истиқлолияти давлатӣ ба ҷашни Меҳргон умри дубора бахшид. Имрӯз мардум бо сарварии Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Меҳргонро ҳамчун яке аз ҷашнҳои бостонӣ дар мамлакат бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мекунанд».

Ҳамчунин дар ин шумораи рӯзномаи «Садои мардум»  бахшида  ба Рӯзи кинои тоҷик, ки ҳамасола 16 октябр ҷашн гирифта мешавад, мақолае бо номи  «Қиссаи зиндони «Павиак» ё филми дар асоси ҳуҷҷатҳои аз бойгонӣ таҳиягардида»  ба чоп расидааст.

Дар шумораи навбатии нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Народная газета» (16.10.2019, №43)  мавод  оид ба мулоқоти  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи саноати ҷумҳурӣ нашр гардид.

Ҳамчунин  дар ин шумора  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон,  тасдиқи Рамзи ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ  рўи чоп омадаанд.

Инчунин мақолаҳо бо номи  «Впервые в  Таджикистане прошел женский форум» ва «К.Салимзода: Форум оправдал надежды»  бахшида ба Форуми ҷумҳуриявии занон, ки  таҳти сарпарастии Сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори Роҳбар»  —  Роҳбари Дастгоҳи ичроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Озода Раҳмон  дар мавзӯи «Баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии занону ҷавондухтарон – омили рушди суботи ҷомеа»  баргузор гардид,  нашр шудаанд.

Ҳамзамон бо сарлавҳаҳои «Просвещение – залог преодоления интеллектуальной нищеты», «Дневник памирской экспедиции», «Республика: 28 лет спустя», «Мехргон в Кулябе», «Джалолиддин Балхи останется «нашим всем» ва ғайраҳо матолиби ҷолиб   пешкаши хонадагон гардидааст.

Дар шумораи навбатии   Нашрияи КИ ҲХДТ «Минбари халқ» (№42 аз 16 октябри соли 2019)  дар баробари хабару гузоришҳо аз ҳаёти ҳизбӣ таҳти сарлавҳаҳои зерин матолиби ҷолибу хонданбоб пешниҳоди хонандагон гардидааст: «Эссе ба Конститутсия ва омилҳои печидагиҳои буҳрони ҳуқуқии олам», «Дарси сулҳу ваҳдат», «Пиллапарварӣ ислоҳот мехоҳад»,  «Меҳргон –ҷашни рӯшноӣ», «Касбҳои «мардона»-ро дӯст медорам», «Аз маълумоти олӣ ба касбӣ», «Ветнам: даҳ соли даҳшат», «Табиат ҳам табиб аст»  ва ғайраҳо.

Дар мақолаи «Пиллапарварӣ ислоҳот мехоҳад» муаллифи он- А.Акрамхонов, аз ҷумла нигоштааст: «Оид ба арзиши абрешим зикр кардан ҷоиз аст, ки  маҳсулоти он  дар бозори ҷаҳонӣ  талаботи зиёд дошта, бо асъори хориҷӣ  савдо карда мешавад.  Маҳсулоти абрешим пурра маҳсулот содиротӣ мебошад. Аз ҷумла, дар давлатҳои Аврупо 1 м2 матои шоҳии аълосифат  бо арзиши аз 100 евро  зиёд харидорӣ  мешавад. Дар айни ҳол мувофиқи маводи фаврӣ  соҳибкорони тоҷик  арзиши ашёи хоми  1 кг пилларо  аз 45 доллар  боло ба хориҷ савдо мекунанд».

«Барои рушди ин соҳа такя ба Паёми Президенти мамлакат аз 26 декабри соли 2018, ки дар он зикр шудааст «…дарёфти бозорҳои содирот, шарикони истеҳсоливу тиҷоратӣ ва ҳифзи манфиати соҳибкорони ватанӣ дар хориҷи мамлакатро  тақвият бахшанд», мо бояд ҷиҳати рушди соҳаи пиллапарварӣ ва эҳёи он заминаи мусоид фароҳам орем», —  мегӯяд таҳлилгар  дар фарҷоми мақола.

Нашри нави (№39, 16.10.2019)   ҳафтаномаи «Мароми пойтахт»-и КИ ҲХДТ дар шаҳри  Душанбе  бо хабари  гузоштани санги асос барои бунёди  чор меҳмонхонаи ситорадор  дар пойтахт   аз  ҷониби   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ оғоз гардидааст.

Дар ин шумораи  «Мароми пойтахт»  гузориши муфассал аз  ҷараёни маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба нашр расидааст. Ҳамчунин гузориши раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе  З.Раҳмонзода  оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизб дар нуҳ моҳи соли 2019 ва корҳои ташкиливу омодагӣ ба маъракаҳои сиёсии интихоботи вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ рӯи чоп омадааст.

Дар ҳошияи мулоқоти Пешвои миллат бо кормандони соҳаи саноат сармуҳаррири нашрия Ҳақназар Каримзода чанд нуктаеро зери сарлавҳаи «Соҳаи саноат – бахши афзалиятноки ҷомеа» нашр  шудааст. Муаллиф, аз ҷумла зикр кардааст: «Дар бароба­ри дастовардҳои назаррас ва рушди соҳаҳои мухталифи мамлакат ҳанўз ҳам соҳаи саноат  беҳбудиро талаб менамояд. Дар ин мулоқот низ тамоми масъалаҳои ҷойдоштаи соҳаи саноати миллӣ матраҳ гаштанд.  Аз ин рӯ, масъулинро мебояд, ки барои ҳалли мушкилоту монеаҳои мавҷуда чораҷўӣ намоянд, то мамлакат  ҳарчӣ зудтар ба ҳа­дафи саноатикунонии худ ноил гардад».

«Соҳаи косметологӣ рушд кард, аммо…»- таҳти ин сарлавҳа мақолаи таҳлилии хабарнигори «Мароми пойтахт» ба нашр расидааст, ки дар он   оид ба зарари  усули ҳуснпардозии нави духтарон  бо номи  «ботокс» маълумот дода  шудааст.

      Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар
»

Октябрь 17, 2019 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз ҷониби кормандони ҳифзи давлатии ҷангал нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагон 1686 санад тартиб дода шуд
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Дар раванди тақвияти муносибатҳои иқтисодӣ истифодаи самараноки захираҳои Тоҷикистон нақши муассир дорад
Дар Бохтар аввалин Созишнома оид ба рушди инфрасохтори соҳаи варзиш ба имзо расид
Намояндагони Тоҷикистон дар Озмуни байналмилалии «Кашфи олами моликияти зеҳнӣ» ғолиб гардиданд
«ЧОРАҲОИ ПЕШГИРИИ ЗУҲУРОТИ КОРРУПСИОНӢ ДАР СОҲАИ НАҚЛИЁТ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
«Сомон Эйр» барои харидории ду ҳавопаймои Boeing 737-8 бо ширкати «DAE Capital» -и Амрико созишнома ба имзо расонд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид барои мусоидат ба маблағгузории ҳадафҳои стратегӣ баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон беш аз 22,4 миллиард кВт-соат неруи барқ ва зиёда аз 1,3 миллион Гкал неруи гармӣ истеҳсол шудааст
Соли 2024 дар 3239 гектар корҳои бунёд ва барқароркунии ҷангал иҷро гардид
Соли 2024 аз Тоҷикистон ба беш аз 26 давлати хориҷӣ маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
«Тоҷикаэронавигатсия» соли 2024 ба 71 ҳазору 459 техникаи ҳавопаймоӣ хизмат расонидааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон панҷ барномаи давлатӣ барои беҳтар намудани заминҳои кишоварзӣ амал менамояд