«Oxfam»-и Британияи Кабир дар шаҳри Панҷакент корхонаи «Зерафшан фрутс»-ро ба истифода дод

Октябрь 3, 2019 17:38

ДУШАНБЕ, 03.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳм гузоштан дар роҳи расидан ба яке аз ҳадафҳои олии стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ –саноатикунонии босуръати мамлакат ташкилоти байналхалқии «Oxfam»-и Британияи Кабир дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд аввалин корхонаи коркарди меваҳои тару хушк- «Зерафшан фрутс»-ро ба истифода дод. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маросими ба истифодадиҳии корхонаи мазкур аз шаҳри бостонии Панҷакент гузориш медиҳад.

«Намояндагии ташкилоти байналхалқии «Oxfam»-и Британияи Кабир дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо созмонҳои ҷамъиятӣ ва соҳибкорони маҳаллии шаҳри Панҷакент корхонаи мазкурро ба истифода дод, ки  мақсад аз он баланд бардоштани истеҳсол ва даромади деҳқонон, ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ ва пурзӯр намудани базаи истеҳсолии водии Зарафшон мебошад», — иброз дошт директори ташкилоти байналхалқии «Oxfam»-и Британияи Кабир дар Тоҷикистон   Шавкат Ализода зимни ифтитоҳи корхона.

Мавсуф ба истифода додани корхонаро муҳим ва саривақтӣ шуморида, гуфт: «Тоҷикистон яке аз мамлакатҳое мебошад, ки дар олам иқтидори бузурги истеҳсол ва коркарди маҳсулоти хушкмеваро дорост. Ин нишондиҳандаи назаррас на танҳо дар Осиёи Марказӣ ва ё дар қаламрави мамлакатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, балки дар тамоми ҷаҳон мебошад».

Зимнан, ҳамасола аз Тоҷикистон ҳазорҳо тонна маҳсулоти хушкмеваи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба мамлакатҳои хориҷӣ содирот карда мешаванд, ки себи хушк низ аз ин миён истисно нест. Зеро талабот ба ин навъи маҳсулоти ватанӣ дар хориҷа хеле зиёд буда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба бозорҳои ҷаҳонӣ роҳ ёфтани он тадбирҳои таъхирнопазир андешидааст.

Аз ҷумла, тибқи маълумоти сохторҳои дахлдор, дар нимсолаи аввал содироти меваю сабзавот аз Тоҷикистон дар ҳаҷми 14% афзуда, маблағи афзоиши он бештар аз аз 880 ҳазор долларро ташкил додааст.

Гуфта мешавад, ки миёни маҳсулоти аз Тоҷикистон содиротгардида хушкмева зиёдтар мебошад.

Зикр кардан бамаврид аст, ки дар натиҷаи аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи чанд соли охир амалигардонии барномаҳои соҳавӣ,  Тоҷикистон ба мамлакати содироткунанда табдил ёфт. Яъне имрӯз тоҷикон навъҳои гуногуни меваҳои тару хушки аз ҷиҳати экологӣ тозаро содирот менамоянд, ки ин натиҷаи пешбурди сиёсати соҳаи саноатию аграии Ҳукумати ҶТ  ба ҳисоб меравад.

Директори Ташкилоти байналхалқии «Oxfam»-и Британияи Кабир дар Тоҷикистон зикр намуд, ки ифтитоҳи корхонаи имрӯза ба истеҳсол, коркард ва бандубасти маҳсулоти мевагӣ, пеш аз ҳама, себ нигаронида шудааст.

«Ин имконият медиҳад, ки навъҳои гуногуни себ коркард карда шуда, иқтидори содиротии водии Зарафшон бештар гардад», -афзуд ӯ.

Корхонаи истеҳсоли «Зерафшан фрутс» дар ҳамгироӣ байни Иттиҳодияи фермерии «Ганҷи Зарафшон» ва ширкати «Агроснабтех» ташкил шудааст. Он дар  бахши  коркард, бандубаст ва фурӯши меваи хушк дар дохил ва хориҷи мамлакат фаъолият намуда, дастрасии зиёда аз 800 нафар  боғпарварони   водии Зарафшонро ба бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ таъмин менамояд.

Зиёд намудани маҳсулоти воридотивазкунанда яке аз масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, масъалаи мазкур дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мақоми хос дорад. Инчунин дар мамлакат барои амалӣ намудани сиёсати соҳавӣ Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 амал мекунад.

Корхонаи «Зерафшан фрутс» метавонад дар амалигардии ин барнома ва дигар ҳадафҳои дарпешгузоштаи Ҳукумати мамлакат саҳмгузор бошад. Зеро тавре  зимни ифтитоҳи он зикр шуд: «Фаъолияти корхона асосан ба истеҳсол, коркард ва бандубасту содироти маҳсулоти мевагӣ нигаронида шудааст».

Иттилоъ дода шуд, ки роҳбарияти корхонаи «Зерафшан фрутс» аввал ба тайёр ва коркард намудани себқоқ машғул шуда, дар оянда ният доранд навъҳои гуногуни ангурро хушконида, ба хориҷи мамлакат содирот намоянд.

«Ин омил имконият медиҳад, ки иқтидори истеҳсолии хушкмева дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияҳои дигари водии Зарафшон бештар гардида, сатҳи зиндагии аҳолӣ боз ҳам баланд бардошта шавад», — афзуд Шавкат Ализода.

Зикр гардид, ки  ифтитоҳи корхонаи мазкур, аз як тараф дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ саҳм гузошта, аз ҷониби дигар, барои   расидан ба ҳадафи стратегӣ — саноатикунонии мамлакат манфиатовар хоҳад хоҳад буд.

Бояд гуфт, ки айни замон дар корхона 12 нафар бо кор таъмин гардида, дар оянда ин шумора то ба  40 нафар расонида мешавад.

Зимни муаррифии тарҳи корхона зикр шуд, ки «Зерафшан фрутс» айни замон дар як соат то 450-500 килограмм себқоқро коркард мекунад. Ғайр аз ин, дар он ҳоло то як тонна себ дар як соат коркард шуда, тибқи нақша бо насб намудани таҷҳизоти замонавии зарурӣ  ин нишондиҳанда то ба 4-5 тонна расонида мешавад.

Ҳамаи ин нақшаҳо, мегӯяд роҳбари корхона, бо дастгирии шарикони рушд амалӣ гардида, дар ин хусус шартномаи лозима ба имзо расидааст, ки тибқи он моҳҳои наздик таҷҳизоти мувофиқ ба корхона дастрас ва насб карда мешавад.

«Алҳол дар корхона себ дастӣ реза карда шуда, чанде пас ин кор тариқи таҷҳизоти махсуси замонавӣ ба роҳ монда мешавад. Себи резакардашуда дар муҳлати се рӯз дар гармхонаи махсусе, ки дар шафати корхона сохта шудааст, хушк ва коркард карда мешавад», — зикр гардид зимни муаррифии тарҳи «Зерафшан фрутс».

Гуфта шуд, ки имрӯз деҳқонон барои фурӯхтани себи аълосифати худ ба ниёз дастгирӣ надоранд. Себи дуюмдараҷае, ки  онҳо ба фурӯш бароварда наметавонанд, дар корхона коркард карда шуда, ҳамчун маҳсулоти хушкмеваи ватанӣ ба хориҷи мамлакат содирот карда мешавад.

Бо шарофати сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи роҳбарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон муносибатҳои дуҷониба дар ҳамаи соҳаҳо рушд ёфта, аз ҷумла имкон фароҳам оварда шуд, ки маҳсулоти хушкмеваи водии Зарафшон ба ин мамлакат содирот гардад. Ин навъи маҳсулот дар Ӯзбекистон низ харидори зиёд дорад.

Хушкмеваҳои Тоҷикистон, ки  сертификати мутабиқати онҳо соли 2017 дар шаҳри Женеваи Швейтсария тасдиқ гардидааст, дорои сифати баланд буда, аз ҷиҳати экологӣ тоза эътироф гардидаанд. Ин навъи маҳсулоти кишоварзии мамлакати мо аз витаминҳои A, B1, B2, B3, B5, B6 ва элементҳои минералии оҳан, калсий, магний, фосфор, калий ва натрий бой буда, имрӯз дар бозорҳои Аврупо, Осиё ва дигар мамлакатҳои хориҷӣ талабот ва шӯҳрати зиёд доранд.

Барои тасдиқи ин гуфта метавон чунин мисол овард. Як сол пеш, охири моҳи октябри соли 2018 Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко оид ба тариқи сода дастрас намудани маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон   сухан карда, чунин гуфт: «Тоҷикистон бо меваю сабзавоти олисифати хуштамъ, фоидаовар ва муҳимтар аз ҳама, аз лиҳози экологӣ тоза шӯҳрат дорад…».

Ёдовар шудан бамаврид аст, ки Ташкилоти байналхалқии «Oxfam»-и Британияи Кабир дар Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар якҷоягӣ бо шарикони худ ва ташкилотҳои ҷамъиятии маҳаллӣ дар водии Зарафшони вилояти Суғд бо мақсади рушди деҳот лоиҳаҳои мухталифро амалӣ гардонида истодааст. Ҳадафи умумии лоиҳаҳои ин ташкилот аз мусоидат ба устувории некӯаҳволӣ дар минтақаи деҳоти шимоли Тоҷикистон тавассути истифодаи консервативии захираҳои табиӣ барои беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ ва ғизо, инчунин ноил шудан ба пастшавии сатҳи камбизоатӣ иборат мебошад.

Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»,
Душанбе-Панҷакент-Душанбе

Октябрь 3, 2019 17:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ ЭНЕРГЕТИКҲО. Неругоҳи барқи обии «Роғун» беназиртарин тарҳи гидроэнергетикӣ дар минтақа аст
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои татбиқи лоиҳаи «Барномаи рушди НБО-и «Роғун», марҳилаи 1» 270 миллион доллар ҷудо гардид
Коршиносони ширкати Чин бо шароити хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ дар «Тоҷикаэронавигатсия» шинос шуданд
Озмуни байналмилалии «Кашфи олами моликияти зеҳнӣ» ҷамъбаст шуд
Вобаста ба нақши дипломатияи фарҳангӣ дар рушди иқтисоди Тоҷикистон ва Эрон ҳамоиш доир шуд
Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Директори генералии Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб Валид Ал-Баҳар
Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи энергетика дар неругоҳи «Сангтӯда -1» ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Барои татбиқи лоиҳаи «Маблағгузории устувор барои НБО-и «Роғун» созишномаи молиявӣ ба имзо расид
Дар Маркази миллии патенту иттилоот ҷаласаи муштарак доир гардид
Дар Душанбе масъалаи идоракунии захираҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар бахши энергетика баррасӣ шуд