Тоҷикистон дар даҳгонаи маконҳои босуръат рушдёбандаи сайёҳӣ дар ҷаҳон дар ҷойи аввал қарор гирифт

Октябрь 18, 2019 12:55

ДУШАНБЕ, 18.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо шарофати ташаббус ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон мувофиқи иттилои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва шабакаҳои хабарии ҷаҳонӣ дар арсаи байналмилалӣ мавқеи намоён касб намуда истодааст.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар медиҳад, имрӯз яке аз расонаҳои бренди сайёҳии ҷаҳонӣ «AFAR» Тоҷикистонро тибқи натиҷаҳои соли 2018, аз рӯи афзоиши шумораи сайёҳон (190,1 фоиз зиёд) дар ҷойи аввал қарор дод.

«AFAR» дар гузориши худ чунин менигорад, ки пас аз ташриф овардани 431 ҳазор нафар меҳмонону сайёҳон ба Тоҷикистон соли 2017 теъдоди сайёҳон бо эълон доштани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бештар аз як миллиону 250 ҳазор нафар афзуд.

Дар идомаи матлаб нигошта шудааст, ки аз байн бурдани монеаҳои мавҷуда, хусусан коҳиш додани маҳдудиятҳои дастрасии раводиди Тоҷикистон сабаби афзоиш ва майли сайёҳон ба ин мамлакати кӯҳистонӣ гардидааст.

Дар раддабандии мазкур аз рӯи афзоиш дар ҷойи 10-ум Ветнам, 9-ум Фаластин, 8-ум Туркия, 7-ум Непал, 6-ум ҷазираҳои Комор, 5-ум Уганда, 4-ум Мисри Араб, 3-юм Эрон ва 2-юмро Эквадор ишғол намуданд.

https://www.afar.com/magazine/fastest-growing-tourist-destinations-2019?utm_source=Sailthru&utm_medium=email&utm_=101619+WorldsGrowingDestinations&utm_term=Daily+Wander+Newsletter&fbclid=IwAR2dCm4bQRa93sn0ds9ARJvMcIEGctLyFIgE3CA5nYdN3JYX4tE2LHLdmX4

 

АКС: SHUTTERSTOCK

Октябрь 18, 2019 12:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд