Вазири фарҳанги Тоҷикистон бо роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо мулоқот намуд

Октябрь 25, 2019 16:00

ДУШАНБЕ, 25.10.2019 /АМИТ «Ховар»/.  25 октябр Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шамсиддин Орумбекзода бо роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Мерилин Йосефсон ҷиҳати баррасии лоиҳаҳои муштарак мулоқот намуд.

Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Зимни мулоқот ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи фарҳанг ва аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021 дар мамлакатро иқдоми саривақтӣ шумориданд. Ҳамчунин густариши бештари муносибатҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои фарҳанг  мавриди эътимоди тарафайн таъкид доштанд.

Ҷонибҳо масъалаи моҳи декабри соли равон баргузор намудани  Ҳафтаи фарҳангии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистонро  баррасӣ карданд.

Роҳбари Намояндагӣ Мерилин Йосефсон аз Вазири фарҳанги мамлакат баҳри иштирок дар Ҷашни байналмилалии Наврӯз-2020, ки дар шаҳри Брюссели Ҷумҳурии Белгия дар назар аст, самимона даъват ба амал овард.

Ин мулоқот дар фазои хушу хотирмон сурат гирифта, чун рамзи дӯстӣ ба якдигар туҳфаҳо тақдим намуданд.

ДАР АКС: Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мерилин Йосефсон.

 

Октябрь 25, 2019 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад