«Академик Раҳим Масов ва рушди илми таърихи ватанӣ»-таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи илмӣ доир мегардад

Ноябрь 14, 2019 16:28

ДУШАНБЕ, 14.11.2019 /АМИТ «Ховар»/.  «Академик Раҳим Масов ва рушди илми таърихи ватанӣ»-таҳти чунин унвон пагоҳ, 15 ноябр, соати 10:00 дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмию амалӣ доир мегардад.Ҳамоиши илмӣ ба 80-солагии донишманди маъруфи тоҷик, муаррих, академик Раҳим Масов бахшида мешавад.

Ба иттилои Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар конференсия олимону муҳаққиқон ва шогирдону наздикони ин таърихшиноси шинохта иштирок карда, дар мавзӯъҳои «Академик Раҳим Масов ва рушди илми таърихи Тоҷикистон», «Саҳми академик Раҳим Масов дар таъсис ва рушди Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон», «Ҳомии ҳақиқати таърих», «Саҳми Раҳим Масов дар тадқиқи Саразми бостонӣ» ва ғайраҳо маърӯза хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки 21 июни соли 2018 академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Раҳим Масов дар синни 79 аз олам даргузашт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хешу ақрабо, наздикони марҳум, инчунин ба аҳли илми тоҷик ҳамдардии амиқ изҳор намуда, аз ҷумла таъкид намуданд: «Раҳим Масов дар тӯли ҳаёти бобаракати худ ба омӯзиши таърихи давлат ва миллати тоҷик машғул буд ва аз худ мероси гаронбаҳои илмӣ, ки паҳлуҳои гуногуни гузаштаи халқи моро инъикос менамоянд, боқӣ гузоштааст.

Ӯ дар асарҳои илмии худ саҳифаҳои норавшани таърихи халқи тоҷикро дар асоси сарчашмаҳои муътамад ва бо дарназардошти воқеияти илмӣ таҳқиқ намудааст.

Хизматҳои пурарзиши Раҳим Масов дар мавриди шинохти ҳувияти миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таърихӣ дар хотираи мардуми Тоҷикистон ҳамеша боқӣ хоҳад монд».

Марҳум аз соли 1988 то 2015 роҳбарии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Академик Раҳим Масов муаллифи зиёда аз 500 асари илмӣ–оммавӣ ва 14 монография мебошад.

Дар баробари шарафёб шудан ба мукофотҳои  ватанию байналмилалӣ 16 ноябри соли 2009 академик Раҳим Масов бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени «Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи 1» сарфароз гардонда шуд.

Ноябрь 14, 2019 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон сеюмин Синамоҷашнвораи миллии «Тоҷи Сомон» доир мешавад
Имрӯз даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз шуд
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сирк доир мегардад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БУНЁДГУЗОРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Дар Душанбе конфренсияи илмӣ-амалӣ доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ доир шуд
Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин китобхон» доир мегардад
Имрӯз дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷалолиддини Балхӣ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор мешаванд
Рӯзи фарҳанги шаҳри Исфара дар Душанбе доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги шаҳри Панҷакент баргузор шуд
Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо кард