Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон бахшида ба 80-солагии ин муассиса ҷаласаи Шӯрои олимон доир гардид
ДУШАНБЕ, 28.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бахшида ба 80-солагии ин муассисаи таълимӣ ҷаласаи Шӯрои олимон доир гардид. Дар кори он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Маҳмадшоҳ Гулзода иштирок намуданд.
Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Маҳмадшоҳ Гулзода устодону донишҷӯёнро ба муносибати ин сана муборакбод намуда, зикр намуд, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон мактаби бузурги табибони миллӣ маҳсуб мешавад.
«Бояд гуфт, ки Донишгоҳи тиббӣ дар тӯли фаъолияти худ ба дастовардҳои назарраси илмӣ шарафёб гардидааст. Солҳои 70- 80 уми асри гузашта донишгоҳ шуҳрати байналмилалӣ касб карда, на фақат барои мамлакат, балки барои омода намудани мутахассисони соҳаи тиб ба дигар давлатҳо нақши босазо гузоштааст»,- гуфт М. Гулзода.
Ба зикри номбурда, Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади таҳкими заминаҳои моддиву техникии донишгоҳ «Барномаи рушди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро барои солҳои 2006-2015» қабул намуд, ки он бо натиҷаи хуб ба анҷом расид. Ин марҳила давраи барқарорсозии ҷараёни таълим ва фароҳам овардани шароити мусоид ба корҳои илмиву тадқиқотӣ арзёбӣ мегардад.
Соли 2016 оғози марҳилаи нави рушди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон арзёбӣ шуда, Стратегияи рушди донишгоҳ то соли 2025 таҳия ва панҷ ҳадафи стратегии он муайян гардид. Баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегӣ тайи 3 соли охир бинои сохмонаш нотамоми таълимии донишгоҳ бунёд ва ба истифода дода шуд. Дар натиҷа донишгоҳи мазкур соҳиби 2 бинои таълимии замонавӣ дар ҳаҷми зиёда аз 5 ҳазору 500 метри мураббаъ гардид.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода сухан карда, паёми табрикотии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати 80-солагии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ироа намуд.
Абдуҷаббор Раҳмонзода, аз ҷумла иброз дошт, ки «дар ҷомеаи имрӯзаи мо табибон мақоми баланд доранд. Зеро онҳо барои ҳифзи саломатии аҳолӣ, тарзи ҳаёти солим ва пешгирии бемориҳои гуногун заҳмат мекашанд, ки ин анъанаи нек аз ниёгони мо мерос мондааст».
Зикр гардид, ки халқи тоҷик дар масири таърихи тӯлонии худ даҳҳо нобиғаҳоеро ба воя расонидааст, ки онҳо барои пешрафти ин соҳаи ҳаётан муҳими илм ва амалияи он садҳо асарҳои нодир офаридаанд. Ва асарҳои гузаштагони мо дар тӯли асрҳои зиёд ҳамчун дастури амалии табибони мамлакатҳои ҷаҳон хизмат кардаанд. Осори гаронбаҳои Абӯалӣ ибни Сино, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон номи ӯро дорад, намунаи олии мактаби тиббии миллати мо ба шумор меравад.
Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон аз соли 1939 то имрӯз дар тайёр кардани мутахассисони соҳаи тиб нақши калидӣ дорад. Дар ин давра донишгоҳро беш аз 43 ҳазор нафар хатм кардаанд, ки онҳо на фақат дар ҷумҳурӣ, балки берун аз он фаъолият намуда, шаъну эътибори ин муассисаи олии касбиро баланд мебардоранд.
Сармуҳаррири рӯзномаи «Ворисони Сино»-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Маҳмадназар Мазиёев зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» баён намуд, ки “таърихи таъсис ва рушду таҳаввулоти Донишгоҳи давлатии тиббӣ ба инкишофу пешравии соҳаи тандурустии мамлакат алоқаи зич дорад. Дар тӯли 80 сол Донишгоҳи тиббӣ давраҳои мушкилро паси сар намуда, мутахассисони баландихтисоси соҳаи тибро омода намуд. Имрӯз Донишгоҳи тиббӣ дорои пойгоҳи мустаҳками илмию таълимӣ ва иқтидори бои кадрӣ мебошад, ки онҳо дар тарбияи мутахассисони ҷавони соҳаи тиб саҳми назаррас доранд. Айни замон дар донишгоҳ Стратегияи рушди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2025 амалӣ гардида, тибқи он сохтмони бинои нави таълимӣ дар шаҳраки Шифобахш идома дорад. Солҳои охир дар ин муассисаи олӣ якчанд марказу шуъбаҳои нав ва озмоишгоҳҳо ба фаъолият шурӯъ намудаанд”.
«Бояд гуфт, ки беҳтарин дастоварде, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар солҳои охир ба даст овард, ин аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштани донишгоҳ мебошад. Ду моҳ қабл бо ташаббуси Ректор аз тарафи Созмони байналмилалии аккредитатсия ва рейтинг дар донишгоҳ санҷиш гузаронида шуда, аз рӯи чор тахассус ба донишгоҳ сертификати аккредитатсия тақдим гардид. Ин дар таърихи донишгоҳҳо бори аввал аст, ки як донишгоҳ соҳиби 4 сертификати аккредитатсия ва рейтинги байналмилалӣ гардад. Бо боварӣ метавон гуфт, ки шароите, ки имрӯз дар Донишгоҳи тиббӣ фароҳам омадааст, донишгоҳ бо он метавонад дар оянда низ ба дастовардҳои аз ин ҳам баландтар ноил гардад»,- гуфт сармуҳаррири рӯзномаи «Ворисони Сино».
Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»












Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид






