Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузаронида мешаванд

Ноябрь 5, 2019 09:40

ДУШАНБЕ, 05.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аз 11 то 15 ноябр  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мегарданд.

Тавре котиби матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Таҳмина Убайдуллозода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, 12 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин  Айнӣ ифтитоҳи ботантанаи Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон сурат мегирад.

Инчунин дар ин рӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо роҳбари ҳайати расмии Рӯзҳо баргузор мегардад.

Тибқи иттилои манбаъ, дар назар аст, ки 13 ноябр ҳайати ҳунарӣ ва расмии Рӯзҳо ба ноҳияи Данғара сафар карда, ба сокинон ва меҳмонони ноҳия барномаи ҷолиби ҳунарӣ пешниҳод намоянд.

14 ноябр дар шаҳри Душанбе баргузории консерти муштарак бо иштироки ҳунарпешагони тоҷик ва ӯзбек барномаи Рӯзҳоро боз ҳам рангинтар месозад.

Бояд зикр кард, ки муносибатҳои ду мамлакат бо шарофати талошҳои сарони ҳарду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Сафари таърихии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 дар таърихи муносибатҳои мутақобила саҳифаи нав боз кард. Он ба муносибатҳои дуҷониба такони ҷиддӣ бахшида, барои ҳалли маҷмӯи мушкилоти ҷамъшудаи миёни ҳарду давлат шароити мусоид фароҳам овард. Солҳои охир муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба сатҳи сифатан нав баромаданд. Созишҳои мутақобилан судманд ба даст омада, ҳамкории дуҷониба рушд меёбад, боздидҳои ҳайатҳои доираҳои тиҷоратии ҳарду давлат роҳандозӣ гардид, инчунин робитаҳо дар соҳаҳои фарҳангу гуманитарӣ густариш ёфтанд.

Аз 10 то 14 октябри соли 2017 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд, ки мақсади он мустаҳкам намудани равобити фарҳангии ду давлати бо ҳам дӯсту бародар- Тоҷикистон ва Ӯзбекистон буд.

Хамчунин моҳи марти соли 2018 дар шаҳри Душанбе барномаи фарҳангии муштараки «Шоми дӯстӣ» бо иштироки устодони санъати ҳарду мамлакат баргузор гардида буд.

Дар маҷмӯъ таҳкими равобити самарабахши ду давлати ҳамсоя -Тоҷикистону Ӯзбекистон дар арсаҳои гуногун на танҳо ба манфиати ду мамлакат, балки барои таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва ИДМ, хусусан рушди иқтисодиёт, беҳдошти вазъи иҷтимоӣ, таъмини амният ва суботи минтақа дар шароити ҷаҳони зудтағйирёбанда, таҳкими марзҳои давлатӣ, ки ҳамзамон сарҳади  тамоми кишварҳои  ИДМ маҳсуб меёбад, нақши калидӣ мебозад.

Ноябрь 5, 2019 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Беларус дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху фарҳанги тоҷикон шинос гардид
МУҶАССАМАИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Аз ифтитоҳи ин маҷмааи миллӣ 26 сол пур шуд
Оид ба нақши Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 34-солагии Истиқлолияти давлатиро ҷашн гирифтанд
«ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнии асарҳои рассомони ҷавони тоҷик ифтитоҳ ёфт
Дар Институти биологии Помир оид ба рушди илму дониш дар замони истиқлол ҳамоиш доир шуд
Вазъияти кунунӣ ва сатҳи радиатсияи Искандаркӯл омӯхта мешавад
Китоби «Устозурраис Абурайҳони Берунӣ» ба нашр расид
РӮЗИ КИТОБ. Ғизои маънавии зиндагӣ бе китоб рангин нест
РӮЗИ КИТОБ. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мегардад
Дар Душанбе намоиш-фурӯши калони китобҳои тозанашр баргузор мегардад
Мутахассисони тоҷику хориҷӣ дар пиряхи Якарча таҳқиқоти маҷмуии илмӣ гузарониданд