Дастовардҳои Тоҷикистон дар самти сайёҳӣ — идомаи натиҷаҳои сиёсати оқилонаи Президенти мамлакат
ДУШАНБЕ, 15.11.2019/АМИТ «Ховар»/. «Сиёсати дарҳои кушодаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи асосии ҷалби сайёҳон ва рушди соҳаи сайёҳӣ»- таҳти чунин унвон имрӯз дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони идораҳои давлатӣ ҳамоиш доир гардид.
Зикр шуд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ бо дастгирии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини Истиқлолияти давлатӣ бо мақсади тақвияти соҳаи сайёҳӣ ҳамчун самти афзалиятноки иқтисоди миллӣ иқдомҳоеро амалӣ намуд, ки барои рушди иқтисодиёти миллӣ шароити мусоид фароҳам овард. Ду сол муқаддам Пешвои миллат дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ, ҷалби сармоя ба рушди инфрасохтори соҳа, таъсиси ҷойҳои кории нав ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Воқеан ҳам аз ҷониби Сарвари давлат эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ заминаи воқеӣ гузошт. Дар натиҷаи дастгирии пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 нишондиҳандаҳои мазкур то ҳадди имкон натиҷагирӣ карда шуда, бори нахуст дар даврони соҳибистиқлолӣ шумораи сайёҳони хориҷӣ ба як миллиону 155 ҳазор нафар расид, ки нисбат ба як соли пеш 2,6 маротиба зиёд аст.
Бояд тазаккур дод, ки имрӯзҳо дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон рӯз аз рӯз зиёд гардида, дар нуҳ моҳи соли равон ба ҷумҳурӣ қариб як миллион сайёҳони зиёда аз 140 кишвари олам ташриф оварданд.
Дар асоси дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таҳия ва тасдиқ гардид. Тибқи Стратегия, бори нахуст нишондиҳандаҳо ё индикаторҳои рушди сайёҳӣ муайян карда шуданд. Аз ҷумла, шумораи сайёҳони воридшуда ба ҷумҳурӣ, саҳми сайёҳӣ дар ММД, дар таъсиси ҷойҳои корӣ, саҳми соҳа дар маҷмӯи сармоягузориҳо, миқёси хизматрасониҳо дар соҳаи сайёҳӣ, шумораи субъектҳои инфрасохтории сайёҳӣ ва мавқеи байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ нишондиҳандаҳо ё индикаторҳои асосии рушди соҳа ба ҳисоб мераванд. Стратегия тавассути се нақшаи чорабиниҳо, ки ҳар яки он чор солиро дар бар мегирад, татбиқ карда мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррифии таъриху фарҳанг, табиат, анъанаҳои миллӣ ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ солҳои 2019-2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ ташаббусҳои Пешвои миллатро вобаста ба эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва пешбинӣ намудани имтиёзҳоро барои соҳа саривақтӣ арзёбӣ намуданд.
Дар Қатъномаи ҷаласаи 23-юми Ассамблеяи генералии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ бо мақсади муаррифии фарҳангҳои асил, ҳунарҳои маҳаллӣ, урфу одат ва анъанаҳои мардумии кишварҳои узви СУС мавзӯи Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ барои соли 2020 – Соли рушди сайёҳӣ ва минтақаҳои деҳот эълон карда шуд. Дар пайравӣ бо ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2020 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва минтақаҳои деҳот аз он шаҳодат медиҳад, ки ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат саривақтӣ буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб пазируфта шуда, дар сатҳи байналмилалӣ пайравӣ ва татбиқ гардида истодаанд.
Дар партави дастгириву талошҳои бунёдкоронаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати «дарҳои кушода»-и Ҳукумати мамлакат Ҷумҳурии Тоҷикистон узви созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ гашт. Аз ҷумла, узвияти Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, пазируфтани шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ, эълон гардидани шаҳри Душанбе- пойтахти сайёҳии кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои солҳои 2020-2021 пойтахти Ватанамонро ба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ табдил дода, симои сайёҳии Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ ва устувор гардонид.
Имрӯзҳо дар пайи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат бо мақсади пайдо намудани бозорҳои нав намояндагони соҳаи сайёҳии мамлакат дар калонтарин намоишгоҳҳои сайёҳию тиҷоратӣ ва ҳунармандӣ, ки дар Германия, Британияи Кабир, Малайзия, Амрико, Франсия, Кореяи Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Кувайт, Қатар, Юнон, Испания, Белгия, Туркия, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳои хориҷи дуру наздик баргузор мегарданд, ширкат варзида, захира ва имкониятҳои сайёҳии мамлакатро ба дӯстдорони сайру саёҳати Тоҷикистон таблиғу ташвиқ менамоянд.
Таъкид гардид, ки имрӯзҳо бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар минтақаҳо инфрасохтори зарурии сайёҳӣ бунёд гардида истодааст, ки барои ҷалби бештари сайёҳон, баланд бардоштани сатҳи некуҳволии минтақаҳои деҳот ва пайдо гардидани ҷойҳои навӣ корӣ ва дар маҷмӯъ, рушди устувори сайёҳӣ дар мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад.
Таъкид шуд, ки дастовардҳои Тоҷикистон дар самти сайёҳӣ идомаи натиҷаҳои сиёсати оқилонаи Президенти мамлакат дар муаррифии мардум ва сарзамини тоҷикон дар арсаи ҷаҳонист. Иштирокдорони ҳамоиш доир ба мавзӯъҳои матраҳгашта ва ҷанбаҳои муҳими ташаббусҳои Пешвои миллат дар рушди соҳаи сайёҳии мамлакат табодули афкор намуданд.