Конститутсия ҳуҷҷати дарбаргирандаи арзишҳои калидии ҷомеаву давлат аст-бардошт аз ҷамъомади тантанавӣ дар Бӯстон
ДУШАНБЕ, 04.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри фарҳанги шаҳри Бӯстон бо иштироки муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар ва раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода бахшида ба 25-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷамъомад собиқадорони ҷангу меҳнат, барқароркунандагони сохти конститутсионӣ, роҳбарону кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ, мудирони шуъбаву бахшҳо, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷрияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ва фаъолону аҳли ҷамоат иштирок намуданд.
Зимни ҷамъомад муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар номаи табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба ифтихори 25-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони шаҳри Бӯстон расонид.
Инчунин раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода сокинони шаҳрро бо ин рӯзи хуҷаста таҳният гуфта, иброз намуд, ки «Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати дарбаргирандаи арзишҳои калидии ҷомеаву давлат ва марому мақсади халқи мамлакат симои таърихӣ ва муосири Тоҷикистони азизро дар худ инъикос намуд.
Дар Конститутсия марому мақсади халқи Тоҷикистон, ки аз бунёди ҷомеаи адолатпарвар иборат мебошад, дар асоси арзишҳои милливу умумибашарӣ, аз ҷумла қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон будан, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шуморидан, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф кардан, дарки масъулият дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда муайян карда шудааст».
Бояд зикр кард, ки барномаи рангини аҳли фарҳангу ҳунари шаҳру вилоят ва намоишҳои ҳарбикунонидашудаи сарбозони қисмҳои низомӣ ба ҷамъомад шукуҳи тоза бахшид.








Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо фаъолони ноҳияҳои минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун вохӯрӣ намуд
ҲХДТ ва Ҳизби коммунистии Чин робитаҳоро густариш медиҳанд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Дӯстии ҷавонон» баргузор мегардад
Доир ба татбиқи грантҳои Хазинаи пандемикӣ дар Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон гузориш пешниҳод намуд
Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?
Оид ба саҳми тоҷикон дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Кумита бар зидди шиканҷаи СММ ба гузориши миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсия бар зидди шиканҷа баҳои баланд дод
Чангу ғубор сабаби авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо намояндагони Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе намоиш — фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ то 31 май идома меёбад






