Мусоҳибаи Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон С.Абдулқодирзода бо рӯзноманигори агентии иттилоотии АМА
ДУШАНБЕ, 05.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. 4 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб Конференсияи байналмилалии фиқҳи исломӣ ба кори худ оғоз намуд, ки он то 6 ноябр идома меёбад. Дар доираи конференсияи мазкур вохӯрии Муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода бо Раиси Кумитаи тадорукоти конференсия ва Директори генералии Идораи ҳамкории исломӣ ва фаъолияти хайриявии Дубай Ҳамад ал-Шайбонӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни ин мулоқот рушди ҳамкории судманд миёни Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи ҳамкории исломӣ ва фаъолияти хайриявии Дубай мубодилаи афкор сурат гирифта, душмани оромиву субот ва амнияти минтақавӣ будани “Ихвон-ул-муслимин” ва ТТЭ ҲНИ таъкид гардид. Ҷонибҳо ҷиҳати ба роҳ мондани муборизаи муштарак бар зидди ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии мазҳабие, ки худро бо ниқоби динӣ намоиш дода, ба манфиати хеш сӯиистифода мекунанд, изҳори омодагӣ намуданд.
Дар мулоқот бо Ҳамад ал-Шайбонӣ, Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон барои даъват ҷиҳати иштирок дар кори конференсияи мазкур изҳори миннатдорӣ баён намуд. Ӯ таъкид кард, ки АМА дар интишори исломи васатия ва мубориза бо ақидаҳои ифротӣ ҳамеша нақши калидӣ дошт ва ин ташаббус барои ба ҳам овардани намояндагони соҳаи дини тамоми олами ислом нақши калидӣ мебозад.
Дар ҳошияи конференсияи мазкур мусоҳибаи Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон С.Абдулқодирзода бо рӯзноманигори агентии иттилоотии АМА- Мунира Иброҳим баргузор гардид. Дар он нишаст суҳбат атрофи озодии дин дар Тоҷикистон, сохтмони масҷиди бузургтарини Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе сурат гирифта, ҳамкории Шӯрои уламои Тоҷикистон бо муассисаҳои динии кишварҳои хориҷӣ ва хусусан дар бораи фаъолияти тахрибии ТТЭ ҲНИ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Қайд карда шуд, ки 99% шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мусулмон буда, дари муассисаҳои динии ҶТ ҳамеша барои шаҳрвандон кушода аст. Ҳайати уламои исломии фаъолияткунанда дар хизмати шабонарӯзии шаҳрвандони азизи Тоҷикистон қарор доранд.
С.Абдулқодирзода зимни мусоҳибаи мазкур қайд кард, ки Тоҷикистон дар солҳои 90-ум ва пас аз он бо муқовимати мусаллаҳонаи ТТЭ ҲНИ рӯбарӯ шуд, ки он аз ҷониби кишварҳои хориҷӣ таъсис ва фаъолияти он ба муқобили манфиатҳои миллати тоҷик роҳандозӣ гардида буд. Баъзе аз кишварҳои минтақа, ҳизби мазкурро ташкил ва ба сари мардуми тоҷик ҷанги шаҳрвандиро, ки дар натиҷаи он беш аз 150 ҳазор нафар ҳалок ва ба буҷети давлат зиёда аз 10 млрд. доллар хисороти молиявӣ ворид карданд, таҳмил намуданд.
Ҳамчунин С.Абдулқодирзода дар бораи амали душманонаи аъзои ТТЭ ҲНИ дар соли 2015 ба муқобили сохти конститутсионии ҶТ, хусусан ошӯби Назарзода Абдуҳалим Мирзо ва идомаи фаъолияти тахрибии намояндагони ин ташкилот дар шароити хориҷа қайд карда, сабабу ангезаҳои ҳизби террористӣ эътироф шудани ҲНИ-ро дар Тоҷикистон шарҳ дод.
С.Абдулқодирзода дар барои Конференсияи фиқҳи исломии муосир, ки дар ш.Дубай баргузор гардида истодааст, қайд кард, ки ин чорабинӣ барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар муносибатҳои фиқҳӣ бисёр манфиатовар буда, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои иштироккунанда метавонанд пешниҳод ва фикру ақидаи худро ба масъалаҳои гуногуни ҷаҳони исломи муосир баён намоянд.