Шамсиддин Орумбекзода дар Форуми вазирони фарҳанги давлатҳои ҷаҳон дар Париж иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 20.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. 19 ноябр дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Франсия бо ташаббуси ЮНЕСКО Форуми вазирони фарҳанги давлатҳои ҷаҳон баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар форуми мазкур 140 нафар намояндагони мамлакатҳои ҷаҳон иштирок намуданд.
Аз Тоҷикистон дар ин форум Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шамсиддин Орумбекзода, Сафири Тоҷикистон дар Франсия Ҷамолиддин Убайдулло, Котиби Комиссияи ЮНЕСКО дар Тоҷикистон Зулфия Бурҳон ширкат намуданд.
Форумро Директори генералии ЮНЕСКО хонум Одри Азуле ифтитоҳ намуд. Дар кори он масъалаҳои дурнамои фаъолият то соли 2030, ҳамзистии фарҳанги маънавӣ дар шароити ҳозираи тамаддун, ҷаҳонишавӣ ва тағйироти иқлим, ҳифзи ёдгориҳои таърихии фарҳангӣ дар ҳолатҳои фавқулода баррасӣ гардиданд.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода зимни суханронӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба фарҳанги қадимаву пурғановати миллати тоҷик ва сиёсати дарҳои кушоди пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷалб намуд.
Ҳамчунин дар Форум вазирони фарҳанги дигар давлатҳои ҷаҳон оид ба масъалаҳои афзалиятноки соҳа сухан гуфтанд.








Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






