СУРАТ-ДАЛЕЛ: САЙЁҲИ АВРУПОӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Рӯнамоии силсилаи нав дар АМИТ «Ховар»

Ноябрь 30, 2019 09:00

ДУШАНБЕ, 30.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. «Сайёҳи аврупоӣ дар Тоҷикистон»  номи  аксест, ки Андрей Захватов дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Facebook  ҷой намудааст. Имрӯз мо  ин аксро  бознашр ва ба ин васила  силсилаи навро  дар  сомонаи  худ бо номи  СУРАТ-ДАЛЕЛ   рӯнамоӣ мекунем.

Андрей Захватов зери ин акс чунин нигоштааст:

«Ба хотири чунин   зебоиро дидан одамон  ҳазорҳо километр роҳро тай мекунанд.

Тоҷикистон як мамлакати зебоест, ки мардуми одии меҳмоннавоз дорад. Сайёҳонро дигар натарсонед, ки ин як  макони хатарнок аст.   Дурӯғ  ҳам нагӯед, ки  издиҳоме аз Афғонистон меоянд ва ҳамла мекунанд.

Дар Тоҷикистон  7 ҳазор хизматчиёни артиши Россия хизмат мекунанд, ки  дар пойгоҳи 201-ум маскан  доранд. Чиниҳо  низ барои муҳофизати сарҳад пули зиёд медиҳанд — онҳо аллакай дар Тоҷикистон соҳиби хоҷагиҳои зиёданд.

 Аз чунин дарё моҳӣ гирифтан, хоҳ  гулмоҳӣ  бошад ё ҳар навъи дигар- хеле  лаззатбахш аст! Ман  шахсан дар ин ҷо моҳигирӣ кардаам!”.

Ҳар он чизе, ки дар ин  акс мебинем, бароямон шинос аст: ҳам манзараи зебои тирамоҳи кӯҳистони мо ва ҳам ин духтари сайёҳ, ҳарчанд мо ӯро шахсан надидаем ва ҳатто намедонем, ки ӯ кист ва аз кадом кишвари Аврупост. Мо танҳо ҳаминро медонем, ки ташрифи сайёҳон  ба Тоҷикистон ҳамасола меафзояд.  Ба ин таваҷҷуҳи  бевосита ва дастгирии  ҳамаҷонибаи Ҳукумати Тоҷикистон  нисбат ба соҳаи    сайёҳӣ боис гардидааст. Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро дар Тоҷикистон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва солҳои 2019-2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон кардаанд.

Бо супориши Сарвари давлат Нақшаи  чорабиниҳо оид ба татбиқи ин ташаббус таҳия гардид, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, имкониятҳои сайёҳӣ ба ширкатҳои кишварҳои ғарбӣ торафт бештар  муаррифӣ мешаванд,  дастгирии иттилоотӣ  соҳа тавсеа пайдо намуд.  Инчунин барои  сайёҳон полиси сайёҳӣ, роҳҳо, пулҳо, меҳмонхонаҳо, нуқтаҳои хӯрокворӣ ва дигар иншооти инфрасохторӣ муҳайё  шуданд.

Танҳо соли 2018 шумораи сайёҳон ба Тоҷикистон назар ба соли 2017  2,5 маротиба афзоиш  ёфтааст. Аксарияти онҳо аврупоиҳоянд, ки  ҳатто бо велосипед, мопед ва мототсикл ба мамлакати мо омадаанд.

Ба мо  ҳамчунин номи Андрей Захватов низ шинос аст.  Ӯ як рӯзноманигори таҳлилгар ва сиёсатшиноси рус аст, ки дар Тоҷикистон ба дунё омадааст. Зодгоҳаш- Истаравшан. Кӯдакӣ ва оғози таҳсилаш дар Нуробод гузашта, мактаби миёнаро дар Ваҳдат  ба итмом расонидааст. Хатмкардаи Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон бо ихтисоси муҳандис- гидротехник мебошад.

Андрей Василйевич фарзанди ходими маъруфи давлатӣ ва ҳизбии Тоҷикистон, собиқ котиб ва котиби якуми  кумитаи ҳизби коммунист дар  шаҳри Ӯротеппа,  ноҳияҳои  Комсомолобод,   Орҷоникидзеобод, раиси Кумитаи давлатии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон марҳум Василий Захватов ва бародари калонии собиқ муовини аввали Раиси Кумитаи давлатии телевизион ва   радиои  Тоҷикистон Владимир Захватов мебошад.

Ноябрь 30, 2019 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад