ТАВОНОӢ ДАР САНЪАТҲОСТ. Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Хуршед Низомов дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» дар бораи иштироки ҳунармандони тоҷик дар Бозиҳои Делфӣ нақл кард
ДУШАНБЕ, 28.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. 26 ноябр ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз иштирок дар Бозиҳои Делфии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба Ватан баргашт. Ҷумҳурии моро имсол дар ин бозиҳо 5 нафар ва ҳамчун довар 3 нафар намояндагӣ карданд. Сарояндагони ҷавон аз ин чорабинии миқёсӣ таҷрибаи хуби иштирок андӯхтанд
Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Хуршед НИЗОМОВ дар суҳбат ба сармуҳаррири бахши русии АМИТ «Ховар» Елена БАТЕНКОВА дар бораи Бозиҳои Делфӣ, таассурот ва нақшаҳои ояндааш нақл кард.
— Пеш аз ҳама, ҳайати Тоҷикистонро бо иштироки муваффақона дар 14-умин Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ табрику таҳният мегӯям. Маротибаи чандум аст, ки дар Бозиҳои Делфӣ иштирок кардед?
— Дар Бозиҳо ҳамчун довар борҳо иштирок кардаам. Ин дафъа на танҳо ба ҳайси довар, балки ҳамчун нозир низ иштирок доштам. Ҳамаи иштирокчиён барномаи ғанӣ дошта, баромадҳои мураккаб нишон доданд ва ҳамаашон пурқувват буданд. Табиист, ки ҳамаи онхо дар ҳаяҷон буданд. Ҳоло имкон аст, ки баъзе камбудиҳоро ислоҳ кунем ва дар Бозиҳои навбатии Делфӣ натиҷаҳои беҳтарин нишон диҳем. Омӯзгорон ва иштирокчиёнеро, ки дар Бозиҳои ояндаи Делфӣ ҳунарнамоӣ мекунанд, корҳои зиёде дар пеш аст. Мехостам, ки соли оянда шумораи иштирокчиён аз Тоҷикистон зиёд карда шавад, зеро мо дар ҳар як номинатсия як нафар иштирокчӣ доштем ва ин ҳам на дар ҳама номинатсияҳо, дар ҳоле ки давлатҳои дигарро дар ҳар як номинатсия 10- нафарӣ намояндагӣ мекарданд.
— Мехостам таассуроти Шуморо аз ин чорабинӣ бифаҳмам.
— Аввалан, мехостам ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари Маркази илм ва маорифи Федератсияи Россия дар Душанбе (Россотрудничество) Михаил Вождаев барои мусоидат дар иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфӣ изҳори минатдорӣ намоям.
Ба мо ҳамчунин вакили Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Миралиён, ки дар Бозиҳо ба ҳайси ҳамоҳангсози Кумитаи Ассамблеяи байнипарлумонии ҷавонони кишварҳои ИДМ иштирок дошт, кӯмаки калони маънавӣ расонд.
Аз Бозиҳо бениҳоят таассуроти зиёд дорам. Ҷумҳурии мо дар ин озмун бори аввал ширкат варзид. Иштирокчиён тавонистанд дар ин чорабинии муҳими байналмилалӣ фарҳанги касбии мусиқии Тоҷикистонро ба таври зарурӣ муаррифӣ намоянд.
Равобити фарҳангӣ, бешак, яке аз омилҳои муҳими ваҳдати халқҳост, ки метавонад анъанаҳои хубро ҳифз намоянд ва муносибатҳои байни давлатҳоро тавсеаву рушд диҳад.
Мехоҳам зикр намоям, ки аз ҷониби Кумитаи байналмилалии Делфӣ, Шӯрои миллии Бозиҳои Делфии Россия ва ҳукумати вилояти Москва барои баргузории ин Бозиҳо шароити хуб муҳайё шуда буд, ки дар онҳо беш аз 500 нафар аз 10 давлати аъзои ИДМ иштирок карданд. Баромади ҳар як иштирокчӣ ба таври худ хос буд.
Бозиҳои Делфӣ барои бачагони мо омили муҳими баланд бардоштани малакаашон гашта, ба кушодани неруи эҷодӣ ва зеҳнии онҳо саҳм гузоштанд ва барои мо, аъзои доварон, ба майдони муошират ва гуфтугӯи байни фаъолони фарҳанг ва санъат табдил ёфтанд.
Бо итминон метавон гуфт, ки Бозиҳои Делфӣ ҳамчун ҳамоиши олии санъат барои дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва оммавигардонии дастовардҳои санъати кишварҳое, ки дар онҳо ширкат варзиданд, мусоидат намуданд.
Ягона мушкил дар он буд, ки Бозиҳо имсол бори аввал дар сиғаи мусобиқот баргузор шуданд. Барои доварон ба маҳорати ҳамаи иштирокчиён баҳои дуруст додан душвор буд.
Илова бар ин, ба маҳорати иҷро, аслияти ғоя, якпорчагии услубӣ ва дараҷаи таъсири эҳсосотии ҳар як иштирокчӣ ба тамошобин баҳои сазовор дода шуд.
— Лутфан дар бораи баромади Афзалшо Сафарзод, ки натиҷаи хуб нишон дод, нақл мекардед.
— Вобаста ба масъалаи таъсири эҳсосотӣ ба тамошобин мехостам ҳунарнамоии иштирокчиамон дар номинатсияи «Суруди эстрадӣ» Афзалшо Сафарзода — донишҷӯи Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторовро зикр намоям. Ӯ бо ҳунарнамоии худ тавонист ҳамаи тамошобинонро тасхир кунад ва барои маҳорати баланди эҷодӣ дипломи махсуси Бозиҳои Делфиро соҳиб шуд. Дар консерти охирини ҷоизадорони Бозиҳои Делфӣ, ки дар маҷмааи бузурги консертии «Вегас Сити Холл»-и Москва баргузор гардид, Афзалшо Сафарзода суруди русӣ сароид, ки онро шунавандагон ва иштирокчиёни Бозиҳо бисёр гарм пазироӣ карданд.
-Тавре ба мо аён гардид, дар доираи Бозӣ инчунин лоиҳаҳои махсус роҳандозӣ карда шуданд. Мегуфтед, ки онҳо чӣ тавр доир гардиданд?
-Дар доираи Бозӣ лоиҳаҳои махсусе, чун «Дар хотир дорем», «Театр» ва «Китоб» татбиқ карда шуданд. Дар лоиҳаи «Театр» директори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Манучеҳр Шарифзода иштирок намуд. Мавсуф инчунин дар ин лоиҳа бо фаъолияти Театри вилоятии тамошобини ҷавони Москва шинос гардида, яке аз пйесаҳои машҳури А.П.Чехов «Чайка»-ро тамошо ва бо роҳбари бадеии театри мазкур, ҳунарпешаи машҳури театру кино, Ҳунарпешаи шоистаи Федератсияи Россия Нонна Гришаева мулоқот намуд.
Дар лоиҳаи «Дар хотир дорем» аъзои ҳайати мо пурра иштирок намуд. Лоиҳа ба 78-солагии муҳорибаи Москва дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 бахшида шуда буд. Мо ба осорхона сафар карда, дар назди ёдгории хотираи қурбониёни Ҷанги дуюми ҷаҳон, ки Москваро аз ғосибони шоҳроҳи Волоколамск ҳимоя кардаанд, гулчанбар гузоштем.
Инчунин мулоқоти роҳбари ҳайат бо муовини сарвазири Федератсияи Россия Олга Голодетс, губернатори вилояти Москва Андрей Воробёв, роҳбарияти Шӯрои миллии Бозиҳои Делфии Қазоқистон, Арманистон, Қирғизистон, Россия ва роҳбари Кумитаи байналмилалии Делфӣ доир гардид.
Бояд зикр намоям, ки Олга Голодетс ба ҳукумати ҳамаи мамлакатҳо, аз ҷумла Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳо изҳори миннатдорӣ намуд.
—Кадом чорабиниҳо барои рушди иҷрои ҳунари ҷавонони мо мусоидат мекунанд ва давлат онро чӣ гуна дастгирӣ мекунад?
-Бо шарофати сиёсати фарҳангӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон барои рушди фарҳанг, ҷалби ҷавонон ба санъаткорӣ, устувор намудани муносибатҳои байналмилалии фарҳангӣ ва робита бо мамлакатҳои хориҷа заминаи устувор гузошта шудааст.
Дар ин муддат, Ҳукумати мамлакат мунтазам дар ҷодаи инсондӯстӣ ва арзишҳои умумибашарӣ, фарҳанги қадимӣ ва расму оини халқи тоҷикро ба назар гирифта, сиёсати фарҳангии худро татбиқ намуд.
Хушбахтона, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҳамчун сохтори асосии фарҳангии мамлакатҳои Иттиҳод ва Кумитаи байналмилали Делфӣ, Иттифоқи композиторони Тоҷикистон дар симои раиси он ҳамчун назоратчии доимӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаанд.
Тавре ба ҳамагон маълум аст, имрӯз масъалаи ташаккули шахсияти муносиб дар ҷомеа хеле муҳим мебошад. Дар бештар маврид ояндаи насли наврас аз сатҳи баланди фарҳанг ва маърифати ӯ вобаста мебошад. Дар мамлакати мо дар ҳама соҳаҳои фарҳанг ва санъат ҷавонони лаёқатманду соҳибистеъдод ҳастанд, ки ҳуқуқи интихоби роҳи эҷоди худро доранд.Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон исботи ин гуфтаҳо мебошад. Амалисозӣ, ҳамгироии минбаъдаи санъати мусиқии Тоҷикистон ба раванди фарҳангии ҷаҳонӣ ва тақвияти мавқеи он дар фазои ҷаҳонӣ аз зарурати нигоҳ доштани ҳувияти миллии фарҳангӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ мебошад.
— Ба андешаи шумо, кадом тадбирҳо барои ба даст овардани натиҷаҳои беҳтар дар Бозиҳои оянда бояд андешида шаванд?
— Барои ташкил намудани чунин чорабиниҳои байналмилалии мусиқӣ зарур аст, ки Шӯрои миллии Делфии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.Инчунин шурӯъ аз моҳи декабри соли равон бояд омодагӣ ба Бозиҳои 15-уми Делфии ҷавонони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки аз 24 то 29 апрели соли 2020 дар вилояти Омски Федератсияи Русия баргузор мешаванд, шурӯъ шуда, интихоб ва зиёд кардани ҳайати ширкаткунандагон оғоз гардад. Тибқи Низомномаи Бозиҳо, ҳар як давлат ҳуқуқ дорад дар ҳайати то 75 нафар барои иштирок муроҷиат кунад. Дар ҳар Бозиҳо ҳайати намояндагони давлатҳо ба ҳисоби миёна 60-70 нафарро ташкил медиҳад ва дар ин замина мо бояд ин ҳуқуқро истифода барем. Аммо дар ин масъала дастгирии молиявии сохторҳои дахлдор, ҷалби грантҳо ва сарчашмаҳои ғайрибуҷетӣ низ зарур мебошад.
Мехоҳам таъкид намоям, ки дар Бозиҳои Делфӣ ҳунарнамоӣ дар номинатсияҳои зенрин баргузор мешаванд: «Фортепиано», «Скрипка», «Сурудҳои академӣ», «Сурудхонии халқӣ», «Сурудҳои эстрадӣ», «Рақси халқӣ», «Хореографияи муосир», «Санъати тасвирӣ», «Ороиши либос», «Асбобҳои нафасӣ», «Асбобҳои халқӣ» ва «Санъати сирк».
Кумитаи байналмилалии «Delphic» тамоми пешниҳодҳои худро оид ба иштироки Тоҷикистон дар Бозиҳои мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мефиристад.
Аз ҷониби худ Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ҳамчун нозир дар Бозиҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди худро ба Вазорати фарҳанг ҷиҳати дастгирии ташаббусҳои эҷодӣ ва ташкили Шӯрои миллии Делфии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол хоҳад кард.
Зимни татбиқи барномаҳои давлатӣ барои ҷавонон мо бояд тадриҷан ба лоиҳаҳои доимо амалкунанда гузарем, талошҳои ташкилотҳои давлатӣ ва ҳам ҷамъиятиро муттаҳид сохта, дар доираи барномаҳо ва стратегияҳои худамон лоиҳаҳои гуногунро амалӣ сохта, неруи шарикиро тақвият бахшем.
Бо итминон метавон гуфт, ки татбиқи муваффақонаи амалҳои мазкур на танҳо сифат ва мундариҷаи низоми таълими кадрҳои баландихтисоси соҳаи санъати мусиқиро баланд хоҳад бардошт, балки эҳтиёҷоти эҷодии иҷрокунандагони ҷавонро сари вақт қонеъ сохта, қобилияти онҳоро сайқал медиҳад ва ҳамзамон дастовардҳои навини фарҳанги миллии тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд.
— Ташаккур барои суҳбат.
Маълумотномаи АМИТ «Ховар»:
Бозиҳои 15-солагии Делфии ҷавонони кишварҳои узви ИДМ моҳи апрели соли 2020 дар вилояти Омски Федератсияи Россия баргузор мешаванд.
Санаи расмӣ ва ҷои таъсиси Бозиҳо 582 пеш аз милод ва Юнон ҳисоб карда мешавад. Дар якҷоягӣ бо Бозиҳои олимпӣ бозиҳои Делфӣ (номи аввал — Пифӣ) беш аз 1600 сол пеш манъ шуда буданд ва танҳо аввали асри 20 онҳо дубора эҳё карда шуданд: аз соли 1927 то 1930 дар Юнон ҷашнвораи Делфӣ баргузор шуд, ки он ба анъанаи пурраи бозиҳои қадимаи Пифӣ табдил ёфт. Аммо Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ маҷбур кард, ки баргузории Форуми олии санъат муваққатан боздошта шавад.
Кор дар самти эҳёи Бозиҳои Делфӣ дар солҳои 70-уми асри XX дар Иттиҳоди Шӯравӣ идома ёфт ва дар доираи татбиқи чорабиниҳои ташкилотҳои эҷодии ҷавонон сурат гирифт. Таҷрибаи мазкур яке аз шартҳои таъсиси Шӯрои Миллии Делфии Россия дар соли 1999 ва таҳияи шакли муосир барои Бозиҳои Делфӣ гардид.
Давраи нави Бозиҳои Делфӣ, ки як падидаи ҷаҳонӣ гардидааст, танҳо соли 2000, вақте ки аввалин Бозиҳои ҷаҳонии Делфӣ бо иштироки 27 кишвар дар Москва аз ҷониби Шӯрои Миллии Делфии Россия баргузор шуд, оғоз гардид. Дар ин Бозиҳо аз рӯи 18 номинатсия 938 нафар ширкат варзида, доварони он намояндагони 13 кишварро дар бар гирифтанд.
Имрӯз дар фаъолияти Кумитаи Байналмилалии Делфӣ (қароргоҳи он дар Москва) намояндагони 115 кишвар иштирок мекунанд.
Соли 2014 шакли нави Бозиҳо — Бозиҳои Делфии Аврупоӣ оғоз ёфтанд. Сабқатҳои аввалини ин намуд Бозиҳои Делфии ҷавонони Аврупо (Волгоград, Федератсияи Россия) гардиданд, ки дар онҳо намояндагони 26 кишвар ширкат варзиданд.