Ҷавонони тоҷик дар «Шоми байналмилалӣ»-и донишҷӯён дар Германия иштирок карданд
ДУШАНБЕ, 02.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии шаҳри Хуҷанд дар «Шоми байналмилалӣ»-и донишҷӯён (MBA, IA-2019), ки 28 ноябр дар Донишгоҳи илмҳои амалии Вайенштефан-Трисдорфи Германия (University of Applied Sciences) бо мақсади муаррифии фарҳанги халқиятҳо баргузор гардид, ширкат варзиданд.
Дар барнома намояндагони 25 донишгоҳ дар сатҳи ректорҳо, ноибони ректорҳо, профессорон, номзадҳои илм, инчунин сардорони хоҷагиҳои фаврӣ, оилавӣ ва ғайраҳо иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар барномаи ҳамоиши муаррифии фарҳанги «Шоми байналмилалӣ» донишҷӯёни тоҷик дар қатори дигар донишҷӯёни кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Арманистон, Гурҷистон, Озарбойҷон, Украина, Россия, Сербия, Босния ва Ҳерсеговина, Гвинея, Камбоҷа, Муғулистон, Германия, Парагвай, Таиланд, Эрон ва ғайраҳо бо тадбири фарҳангсароии рамзҳои хоси миллии тоҷикӣ, инчунин инъикоси расму оинҳои миллӣ Тоҷикистонро муаррифӣ карданд, ки аз ҷониби иштирокдорон хуш истиқбол гардид.
Барномаи «Шоми байналмилалӣ» ҳамасола як маротиба баргузор мегардад.
Бояд зикр намуд, ки таҳсил дар Донишгоҳи илмҳои амалии Вайенштефан тибқи зинаи магистратураи «Идоракунӣ ва соҳибкории кишоварзӣ» (Master of Business Administration in Agriculture) буда, хатмкарда метавонад донишҳои назариявӣ ва амалии худро сайқал диҳад ва вазифаҳои гуногуни роҳбариву машваратии корхонаҳои кишоварзиро ба уҳда гирад. Инчунин хатмкардаи ин донишгоҳ теавонад таҷрибаи ин соҳаро дар таҳқиқоту идоракунии кишоварзӣ ва ширкатҳои хизматрасонӣ муаррифӣ кунад ва дар ҳолати зарурӣ пас аз такмили ихтисоси педагогӣ омӯзгори таълиму тарбия гардад.








«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд






