Бардошт аз Паём: Сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон боз ҳам баландтар мегардад

Декабрь 26, 2019 16:40

ДУШАНБЕ, 26.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Раванди тадриҷан беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  сиёсати пайгиронаи Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбирҳои судманд дар роҳи паст кардани  сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагии  сокинони  ҷумҳурӣ   маҳсуб  мешавад. Бо мақсади рушди низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва таъмини устувории низоми молиявии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ин самт як силсила корҳо ба анҷом расонида шудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни ироаи Паёми навбатӣ  иброз доштанд, ки «буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ки соли 2013-ум 1 миллиарду 683 миллион сомониро ташкил карда буд, соли 2020 дар ҳаҷми 3,2 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2013 қариб ду баробар зиёд мебошад. Ҳоло дар мамлакат 700 ҳазор нафар нафақахӯр, аз ҷумла 148 ҳазор маъюб, 5277 нафар ятими кулл ва 74 ҳазор ятим зери сарпарастии давлат қарор доранд».

Соли равон аз ҳисоби буҷети давлат муассисаҳои пиронсолон ва маъюбон беш аз 36 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шудаанд, ки ба ҳар як нафар 22 ҳазору 600 сомонӣ рост меояд.

Ҳаҷми маблағгузорӣ ба чунин муассисаҳо давоми 10 соли охир 3,2 баробар афзоиш ёфтааст. Илова бар ин, танҳо соли 2019 ҳаҷми кумакпулиҳо аз ҳисоби буҷети давлат барои шаҳрвандони имконияташон маҳдуд беш аз 102 миллион сомониро ташкил намуд.

Бо мақсади танзими раванди таъйини нафақаи маъюбӣ ва пешгирӣ кардани пардохти нафақаҳои маъюбии беасос ҳоло дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд лоиҳаи “Таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ” амалӣ шуда истодааст, ки тибқи он махзани ягонаи иттилоотӣ ва тартиби муосири баҳисобгирии шахсони маъюб таҳия гардида, то 6 моҳи минбаъда маълумоти дахлдор ба шабакаи ягонаи электронӣ гузаронида мешавад.

Ин тадбир имкон фароҳам меорад, ки маблағҳои аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷудошаванда самараноку суроғавӣ истифода гардида, шахсони воқеан маъюб аз онҳо бархӯрдор бошанд.

Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати ҷумҳурӣ дастгирии молиявии муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва оилаҳои камбизоат афзалият дорад ва ин бартарият дар солҳои минбаъда низ боқӣ мемонад.

Дар ҳамин асос ва бо мақсади дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеа нафақаи шаҳрвандони маъюби то 18-сола, инчунин дигар гурӯҳҳои маъюбон, ки кор намекунанд ва ба нигоҳубин эҳтиёҷ дошта, ба онҳо дар асоси Қонун “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” нафақаи иҷтимоӣ таъйин шудааст, Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки аз 1 сентябри соли 2020 нафақаи онҳо 50 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он ба нафақаи нафақагироне, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” муқаррар гардидааст, баробар карда шавад.

Тадбири мазкур имкон медиҳад, ки вазъи иҷтимоии қариб 30 ҳазор нафар нафақагир беҳтар гардад.

Инчунин ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоии нафақагирони мамлакат Президенти Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки аз 1 сентябри соли 2020 ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон 15 фоиз зиёд карда шаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин дар Паёми навбатӣ супориш доданд, ки дар баробари ин, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз ва музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд карда шавад.

 

Декабрь 26, 2019 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Норак», марҳилаи 1 моҳи декабри соли 2026 анҷом меёбад
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонӣ дар Дубай иштирок дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш ёфтааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар неругоҳу марказҳои истеҳсоли барқу гармии ҶСК «Барқи Тоҷик» беш аз 18 миллиард кВт-соат неруи барқ истеҳсол гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Тоҷикстандарт» зиёда аз 1 миллион килограмм маҳсулоти гуногуни пастсифати ғизоиро ба қайд гирифт
Дар Душанбе оид ба молияи исломӣ ва бозорҳои сармоя машварати байналмилалӣ оғоз гардид
«КАМАРБАНДИ САБЗ». Дар шафати роҳҳои мошингарди Тоҷикистон беш аз 5 миллион бех ниҳол шинонида мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони ноҳияи Лахш соли 2025 беш аз 111 ҳазор тонна картошка истеҳсол намуданд
Комиссияи Аврупо талаботро барои интиқолдиҳандагони хориҷӣ сахттар намуд
Соли 2025 дар Тоҷикистон ба ҳар гектар замин 7,3 ҳазор метри мукааб об расонида шуд
Соли 2025 аз Тоҷикистон беш аз 30 ҳазор тонна зардолуи хушк содирот карда шуд
Хадамоти алоқа: Соли 2025 ҳаҷми хизматрасонии почта дар Тоҷикистон беш аз 18 миллион сомониро ташкил дод