Бемории зукоми шадид пешгӯӣ мешавад

Декабрь 9, 2019 09:59

ДУШАНБЕ, 09.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси пешгӯии коршиносони амрикоии соҳаи тандурустӣ, паҳншавии  зуком дар зимистони солҳои 2019-2020 нисбат ба дигар давраҳои хуруҷи он дар муқоиса ба 15 соли охир метавонад хеле шадид бошад,  хабар медиҳад АМИТ «Ховар»  ба истинод ба Lenta.ru.

Далели ин гуфтаҳо он аст, ки паҳншавии васеи вирусҳои зуком чанд моҳ пештар аз давраи маъмулӣ  оғоз гардид.  Дар ин бора дар иттилоияи MedicalXpress хабар дода шудааст.

Ба ақидаи  коршиносон,   он намудҳои зуком,  ки моҳҳои март-апрел сироят мекунанд, айни ҳол сабаби гирифтор шудани одамон дар иёлоти ҷанубии ИМА гардидаанд. Ин намуди сироят  ба одамони солхӯрда, ки одатан маҳз онҳо аз ин беморӣ зиёдтар мефавтанд, хатари ҷиддӣ надорад,  вале ба саломатии кӯдакон ва нафарони аз 50-сола ҷавонтар, таҳдид мекунад.

Аллакай дар ин давлат 1,7 миллион ҳолати гирифторӣ ба зуком қайд шуда, 16 ҳазор нафар дар беморхонаҳо бистарианд ва шумораи фавтидагон ба 900 нафар расидааст. Табларза,  қайкунӣ  ва  дарунравӣ   нишонаҳои ин беморӣ мебошанд. Дар мавсими қаблии зуком, ки бо вуҷуди тӯлонӣ буданаш нисбатан мӯътадил буд, 49 ҳазор нафар фавтида, 590 ҳазор каси дигар бистарӣ гардида буданд. Солҳои 2017-2018 аз бемории зукоми марговар 61 000 амрикоиҳо ҷони худро аз даст доданд.

Эҳтимол аст, ки мавсими авҷи зуком ба ин моҳ рост ояд, ки ин ғайримуқаррарӣ ва барвақт хоҳад буд. Авҷи бемории  зукомро одатан то моҳи феврал интизор шудан мумкин аст.  Ба гуфти коршиносон, ин метавонад аз вазъи бади эпидемиологӣ дарак диҳад.

Акс аз  РИА «Новости»

Декабрь 9, 2019 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад