Дар ноҳияи Ёвон бинои маъмурии ҲХДТ ва «Спитаменбонк» ба истифода дода шуданд

Декабрь 30, 2019 15:23

ДУШАНБЕ, 30.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни Соли нави мелодӣ дар ноҳияи Ёвон  бо иштироки муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, муовини якуми раиси вилояти Хатлон Амонулло Хайрулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода,  раиси ноҳияи Ёвон Ҷамшед Саидзода, муовини якуми раиси Раёсати «Спитаменбонк» Умедҷон Ҳикматов ва сокинони ноҳия  бинои нави маъмурии ҲХДТ ва бинои «Спитаменбонк» мавриди истифода қарор гирифтанд.

Биноҳои мазкур ба таври замонавӣ бунёд ёфта, дар онҳо барои кормандону мизобоҷон шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шудааст.

Зимни маросими ифтитоҳи биноҳои мазкур зикр гардид, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабр зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки “ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз иродаи халқи Тоҷикистон сарчашма мегиранд ва амалишавии онҳо гарави рушди мамлакат ва зиндагии шоистаи ҳар сокини он мебошад”.

 

Декабрь 30, 2019 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд