ДАСТОВАРДҲОИ СОЛИ 2019. Ба фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 3000 намунаи гуногуни мероси таърихӣ ва фарҳангӣ ворид гардид

Декабрь 27, 2019 09:10

ДУШАНБЕ, 27.12.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Осорхонаи миллии Тоҷикистон яке аз муассисаҳои муҳими фарҳангии мамлакат ба ҳисоб рафта, дар самти ҷамъоварии осори давраҳои пурифтихори миллати тоҷик, ёдгориҳои нодир, осори хаттӣ ва эҳёи ҳунарҳои миллӣ, касбӣ ва мардумии тоҷикон нақши муҳим дорад. Соли 2019  ба фонди Осорхона 3231 адад намунаи гуногуни мероси таърихӣ ва фарҳангӣ ворид гардиданд, ки 1882 адади он тавассути комиссияи алоҳидаи Осорхонаи миллӣ харида шуда, 763 ададаш аз ҷониби шахсиятҳо ва мақомоти гуногун эҳдо гардидаанд.

Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев  иброз дошт, давоми соли равон Осорхонаи миллӣ беш аз 18 намоишу барномаи гуногун омода ва баргузор намуд.

Аз  11 апрел то 14 июли соли 2019 дар Осорхонаи миллии шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардуми Чин Намоиши байналмилалии «Ганҷинаҳо аз осорхонаҳои Шоҳроҳи Бузурги Абрешим» баргузор гардид. Дар он  Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо 15 адад нигораи нодири таърихии марбут ба давраҳои гуногуни миллати тоҷик иштирок намуд. Ҳадаф аз иштирок дар намоиши байналмилалӣ — муаррифӣ намудани осори фарҳангу тамаддуни миллат дар миқёси ҷаҳон  мебошад.

      Бино ба иттилои номбурда, бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Тасвири об дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» бо 25 адад асар аз фонди эҷодиёти рассомони машҳури мамлакат дар Осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи «Авасто» дар шаҳри Бохтар намоиш баргузор намуд.

Соли равон дар Осорхонаи миллӣ китоби «Ганҷинаи Кӯлоб» (Дирҳамҳои сомонӣ)-и Абдувалӣ Шарифзода муаррифӣ карда шуд. Инчунин 24  сентябри соли 2019 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон «Намоиши байналмилалии аксҳо бахшида ба 70-солагии таъсиси Ҷумҳурии Мардумии Чин» ва  8 ноябр ба муносибати 150-солагии Маҳатма Гандӣ таҳти унвони «Ҳаёти ман – паёми ман аст» намоиш баргузор гардид.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, соли 2019 тақрибан 100 ҳазор нафар тамошобин аз 67 кишвари ҷаҳон аз нигораҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Майтрипала Сирисена, Ноиби Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам хонум Данг Ти Нгот Тинх, Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён, Дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай Владимир Норов, Шоҳзода Алӣ Муҳаммад Оғохон, намояндаи махсуси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба мусолиҳа дар Афғонистон Залмай Халилзод, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ, Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Баҳодур Қурбонов аз ҷумлаи ин боздидкунандагон мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки дар Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикисон бо 7 забон сайри осорхонавӣ гузаронида мешавад. Ҳамзамон ба роҳ мондани сайри осорхонавӣ бо забони чинӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои сол маҳсуб мегардад.

Декабрь 27, 2019 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Ҷашнвораи байналмилалии фарҳанги ақвоми эронӣ
Либоси миллӣ яке аз рукнҳои муҳими фарҳанги миллат маҳсуб мешавад
Маркази байналмилалии Наврӯз метавонад ба брендикунонии ҷашни миллӣ ва ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон мусоидат намояд
Дар Душанбе Маркази илмии технологияҳои иттилоотӣ бунёд карда мешавад
Доир ба нақши Хонаи китоби Тоҷикистон дар ҳифзи таърих ва ‎фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор гардид
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор мегарданд
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба аҳли илм руҳияи тоза бахшид
«Куллиёт»-и осори Мирзо Турсунзода рӯнамоӣ гардид
Ба шаҳри Панҷакент Шаҳодатномаи Шаҳри байналмилалии ҳунармандӣ дода шуд
«ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ!» Дар пойтахт озмуни шаҳрӣ идома дорад
«ФАРҲАНГИ СУМАНАКПАЗӢ». Ин таоми миллӣ хусусияти табобатӣ низ дорад