«ЗЕБОСАНАМ-2019». Сабрина Зуҳуроваи соҳибҷамол азм дорад ба озмуни ҷаҳонӣ равад

Декабрь 25, 2019 15:54

ДУШАНБЕ, 25.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Сабрина Зуҳурова ба даври сеюми Озмуни миллии «Зебосанам-2019» роҳ  ёфта, азм дорад дар озмуни ватанӣ ҷои аввалро ишғол намояд. «Ҳоло ба озмуни миллии  «Зебосанам-2019» омодагӣ дида истодаам. Ба даври сеюм роҳхат гирифтам. Кӯшиш  мекунам, ки дар даври ҷамъбастии озмун, ки моҳи марти соли 2020 баргузор мешавад, соҳиби «Тоҷи асосӣ» шавам. Пас аз он ман моҳи май ба озмуни ҷаҳонии зебоӣ меравам»,-гуфт Сабрина ЗУҲУРОВА зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» София ШОИКОВА.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан навишта буд, Озмуни ҷумҳуриявии зебоӣ ва ҳунар «Зебосанам-2019» аз ҷониби ширкати ватании «Тоҷик Кристалл» бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  доир карда мешавад.

Мақсад аз гузаронидани озмун- эҳёи анъанаҳои мардумӣ, рушду равнақи либосҳои миллӣ, тарғиби ҳунармандӣ дар байни ҷавондухтарон, бахусус интихоб ва пӯшидани либосҳои миллӣ, оро додани рӯю мӯй, тарзи дурусти истифодаи ҷавоҳирот аз ҷониби гулдухтарон, арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву фарҳангии ҷавондухтарон ва ҳидояти онҳо барои бунёди оилаи солиму баркамол мебошад.

Озмун аз рӯи шартҳои зерин ва риояи вақти муқарраргардида доир мегардад: муаррифии ҳусну зебоии табиӣ, эҷодкорӣ, санъаткорӣ, малакаи суханварӣ, маҳорати либоспӯшӣ ва саҳнабароӣ, қобилияти ҳаракатҳои мавзун, қобилияти фикрронӣ, фарҳанги зебоипарастӣ ва ҳунарнамоӣ.

Бояд гуфт, ки Сабрина Зуҳурова Тоҷикистонро дар Озмуни зебоии “Miss Tourism World” , ки аз 20 август то 10 октябри соли равон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин  доир гардид, намояндагӣ кард. Зебосанами тоҷик чанд даврро гузашта, ба сафи “Панҷгонаи беҳтарин” шомил шуд. Дар ин давр доварон аз Сабрина хоҳиш кардаанд, ки дар саҳна бо “бикини” бирақсад, вале Сабрина рад карда, гуфтааст, ки барояш аз тоҷ дида, шарафу номус муҳимтар мебошад.

Мавсуф зикр кард, ки  ният дорад соли 2020 дар як озмуни бонуфуз иштирок ва Тоҷикистонро муаррифӣ намояд. Ин зебосанами тоҷик мегӯяд, ки ҳоло вай намояндаи расмии озмунҳои зебоӣ дар Тоҷикистон буда, аз ин пас метавонад духтаронро ба давлатҳои хориҷӣ барои иштирок дар озмунҳои зебоӣ  ҳидоят созад. Мавриди зикр аст, ки то ин вақт Сабрина дар чандин озмунҳои зебоӣ ширкат кардаву пирӯз шудааст. Умед аст, ки дар озмунҳои минбаъда низ ба Сабрина дар ин ҷода бахт ёр мегардад.

Декабрь 25, 2019 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд