ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. То соли 2021 дар вилояти Суғд бунёду азнавсозии 8 ҳазор иншооти иҷтимоию истеҳсолӣ дар назар аст
ДУШАНБЕ, 15.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд ва бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд то соли 2021 бунёду азнавсозӣ ва таъмиру тармими 7 ҳазору 71 иншооти иҷтимоию истеҳсолӣ ба нақша гирифта шуда, қарорҳои дахлдори Раиси вилояти Суғд ба тасвиб расида буд. Ҳоло нақшаи номгўи иншоот аз нав тарҳрезӣ гардида, дар назар аст, ки теъдоди умумии иншооти ҷашнӣ ба 8 ҳазор расонида шавад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, соли 2019 бунёду азнавсозӣ ва таъмиру тармими 2 ҳазору 471 иншоот пешбинӣ шуда, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорону саховатмандон, инчунин ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ 2 ҳазору 666 иншооти таъиноташон гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Ёдовар мешавем, ки аз 7 ҳазору 71 иншооти ба нақша гирифташуда, шуруъ аз соли 2018 то имрӯз дар вилояти Суғд 4 ҳазору 18 иншоот бунёд ва мавриди истифода қарор дода шудааст.








Нақши Пешвои миллат дар рушд ва эҳёи арзишҳои фарҳанги миллӣ
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Дар деҳаҳои Қалъаи нав, Ҷавонӣ ва Чормағзи шаҳри Роғун се кӯдакистон ба истифода дода шуд
«ҲАР ОН КАС, КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД…». Дар Тоҷикобод даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо фаъолони шаҳри Исфара вохӯрӣ намуд
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Суғд зиёда аз 12 ҳазор иншоот ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода муассисаҳои таълимӣ, кӯдакистони хусусӣ ва толорҳои варзишӣ бунёд карда мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Кадучӣ толори варзишию маркази хизматрасонӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон оид ба рушди соҳаи маъдан ва кӯҳкорӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори ватанӣ дар болои дарёи Кофарниҳон ба маблағи 5 миллион сомонӣ кӯпруки мошингузар сохт
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ меҳмонхонаи замонавӣ бунёд карда мешавад






