Дар муассисаҳои тандурустии шаҳри Конибодом 19 ҳуҷраи хатна ташкил гардид

Январь 31, 2020 16:42

ДУШАНБЕ, 31.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Барои солимии ҷомеа ва хизматрасонии босифат дар муассисаҳои тандурустии шаҳри Конибодом 19 ҳуҷра барои гузаронидани амалиёти хатна ташкил карда шуда, дар онҳо 1781  нафар кӯдакон аз амалиёти хатна гузаронида шуданд.

Ба иттилои масъулини раёсати тандурустии шаҳри Конибодом, имрӯз дар шаҳру деҳоти Конибодом ба беш аз дусад ҳазор аҳолӣ аз тарафи  ду Маркази саломатии шаҳр, 16 маркази саломатии деҳот, 18 хонаи саломатӣ ва марказҳои махсусгардонидашуда, аз тарафи як беморхонаи марказии шаҳрӣ, чор беморхонаи рақамӣ, беморхонаи бачагона, Маркази пӯсту таносул, Маркази бемориҳои сил ва маркази равоншиносӣ дар самти солимӣ ва расонидани кумаки аввалини тиббӣ хизмат расонида мешавад.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо доир ба бунёд, таъмиру навсозии иншооти ҷашнӣ ба истиқболи 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Конибодом беш аз 500 иншоот ба нақша гирифта шуда, танҳо соли 2019 зиёда аз 190 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Аз ҷумла, давоми соли 2019 хосатан дар соҳаи тандурустии шаҳр дар 7  маркази саломатии ҷамоатҳои деҳот аз тарафи лоиҳаи «Сино» ба маблағи 2 млн. 564 ҳазор сомонӣ  корҳои навсозӣ ба роҳ монда шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби муассисаҳои тандурустии шаҳр дар самти ҳифзи сиҳатии мардум баҳри амалӣ намудани барномаҳои давлатии соҳавӣ корҳои муайян ба иҷро расонида шуда,  ҳамчунин бо мақсади беҳтар намудани шароити беморхонаҳо ва мусоидат намудан барои болоравии сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ барои ташкилоту муассисаҳои тандурустӣ аз ҳисоби буҷет 1 млн. 263 ҳазор сомонӣ, суратҳисоби махсус 132 ҳазор сомонӣ ва соҳибкорон 400 ҳазор сомонӣ, ҷамъ 4 млн. 359 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудаанд.

Январь 31, 2020 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар