Дар Тоҷикистон шумораи соҳибкорон зиёд мегардад
ДУШАНБЕ, 22.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2019 нисбат ба соли 2018 шумораи соҳибкорони инфиродӣ 35,2 ҳазор (6,7%) зиёд шудааст, аз ҷумла 4 ҳазори он (5,4%) соҳибкори инфиродӣ мебошанд, ки тибқи шаҳодатнома кор мекунанд, 2,3 ҳазор (7,9%) соҳибкори инфиродӣ бо иҷозатнома кор карда, 7,8 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ фаъолият доранд. Дар ин бора аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Баробар ба 1 январи соли 2020 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 561,3 ҳазор нафар соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 78,5 ҳазор соҳибкори инфиродӣ бо шаҳодатнома, 319,1 ҳазор тибқи иҷозатнома фаъолият доранд. Инчунин 163,7 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ қайд гардиданд.
«Аз шумораи умумии соҳибкорони инфиродии қайдшуда дар моҳҳои январ-декабри соли 2019 24,4 ҳазор нафар соҳибкори инфиродӣ корро қатъ кардаанд, ки аз инҳо 3 ҳазор нафар тибқи шаҳодатнома ва 19,4 ҳазор бо иҷозатнома кор менамуданд. 2 ҳазори он хоҷагии деҳқонӣ буданд»,- хабар медиҳад манбаъ.
Қобили зикр аст, ки шумораи соҳибкорони фаъолиятдошта то 1 январи соли 2020 295, 5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, аз ҷумла 34, 6 ҳазор нафар соҳибкори инфиродие, ки мутобиқи шаҳодатнома, 105, 3 ҳазор соҳибкори инфиродӣ бо иҷозатнома ва 155, 6 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ фаъолият мебаранд. Дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта шумораи соҳибкорони инфиродии фаъолиятдошта 10,8 ҳазор (3,8%) зиёд гаштааст, аз ҷумла 1 ҳазор (3,1%) соҳибкори инфиродӣ, ки бо шаҳодатнома, 3,9 ҳазор (3,9%) соҳибкори инфиродӣ бо иҷозатнома фаъолият дошта, 5,8 ҳазораш (3,9%) хоҷагии деҳқонӣ мебошанд.








Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид
Дар Палатаи ҳисоб оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия машварат баргузор шуд
Дар Душанбе Протоколи ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид
Татбиқи лоиҳаҳои Бонки исломии рушд дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
БА ТАВАҶҶУҲИ РОНАНДАГОН! Набудани бимаи суғурта ва корти ташхиси техникӣ минбаъд тавассути дурбинҳо сабт карда мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар самти рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Масато Канда: «БОР 1,1 миллиард доллари ИМА-ро ба татбиқи Стратегияи нави шарикӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 ҷалб менамояд»
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид
Татбиқи «Стратегияи Бонки Осиёии Рушд барои Тоҷикистон дар давраи солҳои 2026–2030» оғоз мегардад






