Нашри лифофаҳои ҷашнӣ ба муносибати 28-солагии равобити дипломатии Тоҷикистону Чин
ДУШАНБЕ, 11.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. 9 январ дар Осорхонаи Jin Tai Art-и шаҳри Пекин бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Чин ва Бунёди сулҳ ва рушди Чин маросими рӯнамоии лифофаҳои ҷашнӣ, ки ба муносибати 28-солагии равобити дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин нашр шудаанд, доир гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Лифофаҳои ҷашниро Бунёди сулҳ ва рушди Чин ба муносибати рӯйдоди мазкур ба теъдоди 50000 дона нашр намуда, муаллифони мусаввараи рӯйи лифофаҳо «Рақс дар домони Помир» рассоми тоҷик Ғафур Ҷӯраев ва ҳамтои чинии ӯ Чэн Ҷян мебошанд. Дар он мусаварра гурӯҳи духтарони тоҷик дар тан либоси миллии чакан дар домони кӯҳҳои сарбафалаки Помир рӯйи чаман рақсу шодӣ доранд. Дар канори онҳо қуллаҳои барфпӯши кӯҳистон ва осмони нилгун ба назар мерасад.
Асари офаридаи мусаввирони тоҷику чинӣ бозгӯи он аст, ки халқҳои Тоҷикистону Чин бо ҳам дӯстони қарин буда, дар имтидоди Роҳи бузурги абрешим ҳамзистии осоишта доранд.
Дар кунҷи дигари лифофаҳои ҷашнӣ тасвири «Пули тиллоии Роҳи абрешим» омадааст, ки ба қалами рассоми чинӣ Шу Юн тааллуқ дорад. Ба назари ӯ, ҳадаф аз тарҳ ва нашри лифофаҳои ҷашнӣ бунёди «пули фарҳангӣ», ки Чинро бо дигар кишварҳои чаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон хоҳад пайваст, мебошад.
Акс аз ВКХ ҶТ








РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд






