Ташкилотҳои қарзии* Тоҷикистон вазифадор гардиданд, ки аз хизматрасонӣ ба шахсони ҳуқуқие, ки экстремистӣ эътироф шудаанд, даст кашанд

Январь 14, 2020 11:15

ДУШАНБЕ, 14.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ташкилотҳои қарзии* Тоҷикистон вазифадор гардиданд, ки аз хизматрасонӣ ба шахсони ҳуқуқие, ки  дар ҷумҳурӣ ташкилотҳои экстремистӣ ё ба онҳо тааллуқдошта эътироф шудаанд, даст кашанд. Чунин меъёр дар Қонуни нав   «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», ки 2 январи соли равон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид, муқаррар  гардидааст.

Ин талаботи мазкури қонунро Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), ки дар сомонаи он феҳристи террористҳо ва экстремистҳо нашр шудааст, назорат мекунад.

«Таъсиси Маркази протсессингии миллӣ аз ҷониби БМТ имкон медиҳад, ки тамоми пулҳои аз хориҷа ба Тоҷикистон воридшаванда тафтиш карда шаванд» — гуфт коршинос ва номзади илмҳои иқтисод Баҳром Шарипов.

«Ҳамаи ин тадбирҳо дар доираи чорабиниҳое, ки Созмони умумиҷаҳонии мубориза бо терроризм роҳандозӣ менамояд, андешида шудаанд» — зикр менамояд ӯ. Ба ақидаи мавсуф, ин имкон медиҳад, ки интиқоли (маблағҳои) шубҳанок зери назорати дукарата қарор дода шавад.

Мутобиқи қонуни нав, шаҳрвандони Тоҷикистон уҳдадоранд, ки «дар бораи ҳама гуна ҳодисаҳое, ки нишонаҳояшон аз таҳияи амалиёти дорои хусусияти экстремистӣ шаҳодат медиҳанд», фавран ба субъектҳои муқовимат бо экстремизм хабар диҳанд.

Қонунҳо дар бораи муқовимат бо экстремизм ва терроризмро бояд ҳамаи шаҳрвандони одӣ донанд. Бо ин роҳ онҳо худ ва наздиконашонро аз ин зуҳуроти даҳшатбори ҷомеа ҳимоя мекунанд. Ҳатто дар назари аввал, изҳороти безарар ё амали беандешона метавонад оқибатҳои даҳшатнокро ба бор орад.

Субъектҳои бевоситаи муқовимат ба экстремизм КДАМ, ВКД, Прокуратураи генералӣ, Вазорати адлия, Вазорати мудофиа, агентиҳои мубориза бо коррупсия ва мубориза бо маводи нашъаовар, Гвардияи миллӣ, Хадамоти гумрук, Хадамоти алоқа, БМТ, инчунин кумитаҳои дин ва кор бо ҷавонон ва варзиш мебошанд.

Қонун муҳофизат ва амнияти шахсонеро, ки дар мубориза бар зидди экстремизм кумак мерасонанд, кафолат медиҳад. Гуфта мешавад, ки маълумот дар бораи чунин шахсон махфӣ буда, ифшои онҳо боиси ҷавобгарии пешбининамудаи қонунгузории ҷумҳурӣ мегардад.

Қонун фавран қатъ ё маҳдуд кардани дастрасӣ ба иттилооти тарғибкунандаи экстремизмро дар Интернет ва дигар шабакаҳои телекоммуникатсионӣ пешбинӣ кардааст. Ин, аз ҷумла, «иттилоотест, ки ба бетартибиҳои оммавӣ, иштирок дар чорабиниҳои оммавӣ, инчунин дигар амалҳои экстремистӣ, ки ба вайрон шудани тартиботи ҷамъиятӣ оварда мерасонанд, даъват мекунад».

Маводҳо «дар асоси хулосаи экспертизаи гузаронидаи мақомоти ваколатдори давлатӣ» экстремистӣ эътироф карда мешаванд.

Баҳисобгирии ташкилотҳои экстремистӣ ва назорати фаврии шахсони ба фаъолияти экстремистӣ алоқамандро КДАМ амалӣ менамояд.

Ҳангоми баргузор намудани вохӯриҳо, ҷамъомадҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ ташкилкунандагон бинобар хунукназарӣ барои рух додани ҳодисаҳои фаъолияти экстремистӣ ва инчунин барои сари вақт наандешидани чораҳои пешгирии он ҷавобгар мебошанд.

Ба фаъолияти экстремистӣ чӣ шомил мешавад?

Қатъномаи Ассамблеяи Парлумонии Шӯрои Аврупо, ки соли 2003 қабул шудааст, таърифи зеринро дарбар мегирад: «Экстремизм ин як намуди фаъолияти сиёсие мебошад, ки принсипҳои демократияи парлумонро ба таври возеҳ ё тадриҷан рад мекунад ва бар идеология ва амалияи таҳаммулнопазирӣ, ҷудошавӣ, ксенофобия (ғайрбадбинӣ), антисемитизм ва ултрамиллатгароӣ асос ёфтааст».

«Конвенсияи Шанхай дар бораи мубориза бар зидди терроризм, сепаратизм ва экстремизм» аз 15 июни соли 2001 мафҳуми «экстремизм»-ро чунин шарҳ медиҳад (банди 3 қисми 1 моддаи 1): «Экстремизм ҳама гуна амалест, ки ба маҷбуран забт кардани қудрат ё нигоҳдории маҷбурии он, бо роҳи зурӣ тағйир додани сохти конститутсионии давлат, сӯиқасди маҷбурӣ ба амнияти ҷамъиятӣ, аз ҷумла ташкил ё иштирок дар гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ бо мақсадҳои дар боло зикршуда равона  гардидааст».

Конвенсияи Шанхайро Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Чин имзо кардаанд.

Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятҳои зеринро ҳамчун экстремистӣ гурӯҳбандӣ мекунад:

— бо роҳи зӯрӣ сарнагун кардан ё тағйир додани асосҳои сохти конститутсионӣ, вайрон кардани соҳибихтиёрӣ, соҳибистиқлолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ, инчунин мусоидат ба  ин амалҳо;

— барангехтани адовати нажодӣ, миллӣ, минтақавӣ, мазҳабӣ ва иҷтимоӣ, инчунин таблиғи истисноӣ, бартарияти шаҳрвандон дар асоси мансубияти динӣ, конфессиалӣ, забонӣ, миллӣ, нажодӣ ё минтақавии онҳо ба таври оммавӣ ё тавассути воситаҳои ахбори омма ё содир кардани ин амалҳо бо роҳи зӯрӣ ё таҳдиди истифодаи он;

— амалҳое, ки ба вайрон кардани амнияти кишвар равона шудаанд;

— амалҳое, ки барои ба даст овардан ё тасарруф кардани ваколатҳои қудратӣ равона шудаанд;

— таъсис додан ё иштирок намудан дар гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ;

— таҳқир кардани шаъну эътибори миллӣ;

— вайрон кардани ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд вобаста ба мансубияти иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, қабилавӣ, минтақавӣ, динӣ, забонӣ ё муносибат ба дин;

— ҷалб намудан барои иштирок дар амалҳои экстремистӣ, инчунин барои омӯзиши иеологияи экстремистӣ;

— монеъ шудан ё маҷбур кардан ба тағйир додани хусусияти фаъолияти қонунии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ, комиссияҳои интихобот, дигар ташкилотҳо, иттиҳодияҳо ва шахсони мансабдори онҳо;

— истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё дигар муассисаҳои давлатӣ, хешовандони онҳо бо мақсади интиқом аз амалҳои марбут ба фаъолияти хизматӣ ё таҳдиди зӯроварӣ бо ин сабабҳо;

— тарғиб ва намоиши оммавии нишон, парчам ё дигар рамзҳои ташкилоте, ки аз ҷониби суд экстремистӣ эътироф шудааст;

— даъвати оммавӣ барои амалҳои экстремистӣ ё паҳн кардани маводи экстремистӣ, инчунин таҳия ва нигоҳдории онҳо бо мақсади паҳнкунӣ;

— интишор ва (ё) паҳн намудани маводи чопӣ, аудиоӣ, аудиовизуалӣ ва дигар маводи дорои хусусияти экстремистӣ дар ВАО, Интернет ва шабакаҳои телекоммуникатсионӣ.

Ёдовар мешавем, ки қонунҳо дар бораи муқовимат бо экстремизм дар аксари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Россия, Беларус ва Аврупо қабул карда шудаанд.

_________________________________________

* Ташкилотҳои қарзӣ, — мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», — шахсони ҳуқуқӣ (бонкҳо, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ ва ташкилотҳои маблағгузории хурд) мебошанд, ки мутобиқи иҷозатномаи БМТ ҳама гунна  ё баъзе аз амалиёти бонкиро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, анҷом медиҳанд. 

 

Январь 14, 2020 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо фаъолияти Департаменти адлияи Ирландия шинос шуд
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ доир шуд
Дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки гурӯҳҳои корӣ ҷаласа баргузор шуд
Прокуратураи генералӣ: «Худ ва наздиконатонро аз ҳамлаҳои хакерӣ эмин нигоҳ доред!»
Дар шаҳри Москва бо афсарону курсантони тоҷик вохӯрӣ доир шуд
Ҷаласаи кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Ҷаласаи мушовараи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид
Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши идона доир гардид
САВГАНДИ ҲАРБӢ. Дар қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ маросими қасамёдкунӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҳиндустон мулоқот намуд
Ҳамкории мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе бо Департаменти ҷамъиятии бехатарии шаҳри Нанкини Чин густариш меёбад