Вохӯрии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон
ДУШАНБЕ, 15.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Сооронбой Жээнбеков 14 январи соли 2020 дар ҷамоати Гулистони шаҳри Исфара бо иштироки роҳбарони мақомоти қудратии ҷонибҳо вохӯрии кории муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Жениш Разоқов ҷиҳати муҳокимаи масъалаҳои наздисарҳадӣ, инчунин муноқишаҳое, ки дар қитъаҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба вуқуъ пайваста буданд, баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни вохӯрӣ оид ба фаъол намудани идомаи тавсифи хатти лоиҳавии сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар қитъаҳои боқимонда мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор сурат гирифт.
Ба роҳбарони ҳокимияти маҳаллии вилоятҳои наздисарҳадӣ ҷиҳати пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тадбирҳои бартарафкунанда, ба мақсади пешгирии муноқишаҳо, инчунин ба таври фаврӣ ҳал намудани масъалаҳое, ки аз ҷониби аҳолии ноҳияҳои наздисарҳадии ду кишвар ба вуҷуд меоянд, супориш дода шуд.
Гуфтушунидҳо дар фазои дӯстона баргузор шуда, аз натиҷаи вохӯрӣ протоколи дахлдор ба имзо расид.








ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Андешаҳо оид ба Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд»
Низомиёни Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии 13-уми Сяншани Пекин иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт амалиёти «Автобус» оғоз гардид
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Эрон тақвияти ҳамкории ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд
Дар Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар гузашти низомӣ доир гардид
Дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 27 ҳазор нафар иштирок намуданд






