Профессор Саидбек Сатторов: «Эҳтимолияти воридшавии коронавирус ба Тоҷикистон ва хуруҷу паҳншавии он хеле кам аст…»

Январь 30, 2020 15:33

ДУШАНБЕ, 30.01.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Шурӯъ аз 31 декабри соли 2019 мақомоти Чин ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар бораи хуруҷи бемории илтиҳоби шуши номаълум дар шаҳри Вуҳан, воқеъ дар қисми марказии ин мамлакат хабар доданд. Коршиносон ангезандаи бемориро муайян карданд, ки ин коронавируси 2019-nCoV мебошад.  То имрӯз ҳолатҳои сирояти коронавирус ғайр аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Гонконг, Макао, Тайван, Таиланд, Япония, Кореяи Ҷанубӣ, ИМА, Канада, Ветнам, Сингапур, Непал, Франсия, Австралия ва Малайзия   ба қайд гирифта шудааст.

Тавре имрӯз хабар додем, бино ба иттилои хабаргузории «Синхуа», Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин вазъи эпидемияи бемории мазкурро дар кишвараш мураккаб эълон намудааст. Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии тандурустии ҶМЧ, теъдоди беморони гирифтори коронавирус дар ин мамлакат то 29 январ ба 7711 нафар ва шумори ҳалокшудагон ба 170 нафар расидааст.  

Имрӯз дар Женева  Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ вобаста ба ин масъала ҷаласаи  таъҷилӣ  доир мекунад.

Вобаста ба ин намуди вирус, нишонаҳо, роҳҳои гузариш ва пешгирии он хабарнигори АМИТ «Ховар» Холисаи АСОМИДДИН  бо мудири кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, профессор Саидбек САТТОРОВ ҳамсуҳбат гардид.  

АМИТ «Ховар»: Муҳтарам Сатторов, Шумо ҳамчун вирусолог дар бораи коронавирус чӣ гуфта метавонед?

— Ин вирус як навъ зернамуди нав мебошад. Ин ба он хотир  барангезандаи нав гуфта мешавад, ки дар марҳилаи имрӯза зиёда аз 30 намуди коронавирусҳо маълуманд.  Дар аксар ҳолат ин вирусҳо метавонанд ба организмҳои зиндаи гуногун, аз  ҷумла одам, ҳайвонот, паррандагону хазандагон сироятовар бошанд. Вируси мазкур ба он хотир зернамуди нав номида мешавад, ки дар баъзе ҳолатҳо байни зернамудҳои гуногун мубодилаи ирсӣ ба амал меояд ва ҳиссачаҳои ирсии як намуд ба ҳиссачаҳои ирсии намуди дигар гузашта, тағйирпазирӣ ё мутатсияро ба  вуҷуд меоранд, ки дар натиҷа зернамуди нав пайдо мешавад.

Ҳангоми пайдо шудани зернамуди нав  органзми инсон бо сабаби надоштани масуният наметавонад худро ҳимоя намояд. Дар  ин ҳолат беморӣ вазнин шуда, ба оқибатҳои нохуш оварда мерасонад.

АМИТ «Ховар»: Тибқи маълумоти расонаҳои хабарӣ, аллакай коронавирус қариб ба ҳамаи қитъаҳои олам рафта расид. Гуфта мешавад, ки ҳатто дар Россия ва Қазоқистон низ чанд нафарро ба гумони сироят аз ин беморӣ бистарӣ кардаанд, ҳарчанд ин гумон ҳанӯз аз ҷониби табибон тасдиқ нашудааст. Чунин вазъият аҳолии Тоҷикистонро низ наметавонад ба ташвиш наорад…

— Бояд зикр намуд, ки аввалан аз воридшавии ин вирус, чун дигар бемориҳои сирояткунанда усулан ягон кишвари дунё саддарсад эмин буда наметавонад.  Ҷой доштани ҳолати сироятро  танҳо санҷиши лабораторӣ муайян карда метавонад.

Барои ҳамин вазифаи аввалиндараҷаи мо пешгирии воридшавӣ ва паҳн  гардидану хурӯҷ ёфтани ин вирус дар кишварамон мебошад. Чунин вазифаро дар назди вазорату идораҳои дахлдор худи Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузоштаанд.  Барои пешгирӣ аз коронавирус дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо роҳбарии муовини вазир Мирҳамуддин Камолзода Ситоди доимоамалкунандаи ҷумҳуриявӣ   таъсис дода шуд. Ҳамчунин  чанд рӯз пеш  зимни ҷаласаи корӣ вобаста ба андешидани тадбирҳои иловагӣ бар зидди бемории  коронавирус муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим зикр намуд, ки айни замон дар 27 гузаргоҳи сарҳадии калону хурд, ки дар сарҳадот бо кишварҳои ҳамсоя фаъолият мекунанд, вобаста ба   аз 2 то 5 мутахассиси соҳаи тандурустӣ ва эпидемиологҳо фаъолияти шабонарӯзӣ мебаранд. Парвози ҳавопаймоҳои мо  ба манотиқи Чин муваққатан манъ карда шудааст. Шаҳрвандони Чин, ки  дар рӯзҳои хурӯҷи ин беморӣ дар кишварашон ба Тоҷикистон омладаанд, ба рӯйхат ва ба санҷиши табибон фаро гирифта мешаванд.

Баҳри роҳ надодан ё ин ки сари вақт пешгирӣ кардани ин беморӣ тадбирҳои аз ҷониби вазорату идораҳо тадбирҳои иловагӣ андешида шуда истодаанд.

Дигар ин ки дар мо эҳтимолияти воридшавии  коронавирус  ва дар натиҷаи он  хуруҷ ва паҳншавии ин беморӣ  хеле кам мебошад.

АМИТ «Ховар»: Бо кадом далел?

— Бо далели он ки,  аввалан,  шаҳри Ухан — минтақае, ки дар он ҷо коронавирус хуруҷ ёфтааст, дар қисми шарқии Чин ҷойгир буда, бо ҷумҳури мо ҳамсарҳад нест. Сабаби дар   Чин, давлатҳои Осиё ва Шарқи наздик  зуд-зуд авҷ гирифтани ин гуна бемориҳо он аст, ки иқлимашон тропикӣ ва субтропикӣ буда,  дар ин гуна  шароит парандагону хазандагони гуногун  мавҷуданд.

Сониян, хуруҷи бемориҳои шадиди роҳҳои нафаскашӣ  аксаран  ба зичии аҳолӣ вобастагии калон дорад.  Тавре аллакай гуфтем, сирояти коронавирус аввал дар  шаҳри Вуҳани Чин пайдо шуд,  дар ин шаҳр  қариб 11 милион аҳолӣ зандагӣ мекунанд. Вақте зичии аҳолӣ зиёд шуд, эҳтимолияти сирояти ангезандаи беморӣ, аз ҷумла коронавирус аз нафари бемор ба солим  бештар мешавад.

АМИТ «Ховар»: Ин вирус бо кадом роҳҳо аз одами  бемор  ба каси солим сироят мекунад?  

— Роҳҳои гузариши ин беморӣ ҳавоӣ-қатрагӣ буда, он ҳангоми нафас гирифтан ва атсаву сулфа задан мегузарад. Ҳангоми атса ва ё сулфа задан бемор метавонад вирусро ба муҳити атроф паҳн намояд ва шахси солим дар мавриди риоя накардани масофае, ки байни шахси бемор ва солим ба андозаи на кам аз як метр муайян гардидааст, метавонад аз ин вирус сироят ёбад.

Мавриди зикр аст, ки чунин вирусҳо ба муҳити атроф бениҳоят ҳассос мебошанд. Зимни  таъсири шуъои офтоб ва ё ҳарорати гармӣ онҳо зуд маҳв мешаванд, вале дар сардӣ муддати якчанд соат дар муҳити атроф боқӣ монда, дар сурати риоя накардани гигиенаи шахсӣ кас метавонад ба он гирифтор шавад.

АМИТ «Ховар»: Нишонаҳои аввалини ин беморӣ   аз чӣ иборатанд?

— Нишонаҳои асосии коронавирус ҳарорати баланд, дарди сар, дарди мушаку пайвандҳо, дарди гулӯ, бемадорӣ ва пайдошавии оризаҳои сафед дар забон мебошанд. Дар  натиҷаи чунин нишонаҳо роҳҳои нафас ва шуш осеб ёфта, дар муҳлати кӯтоҳ ҳолати бемор вазнин мегардад.

Яъне дар ҳолати ба ин беморӣ гирифтор шудан душвор  шудани нафаскашӣ,  нарасидани ҳаво ба мушоҳида мерасад.

АМИТ «Ховар»: Шумо дар бораи тадбирҳои мақомоти дахлдор ҷиҳати пешгирии  коронавирус  ҳарф задед. Бигӯед, ки шахсони алоҳида чӣ кор бояд кунанд, то ки мубталои ин беморӣ нагарданд?

— Барои  пешгирии  беморӣ  бояд қабл аз ҳама гигиенаи шахсӣ риоя карда шавад.  Ғайр аз ин, то  паст шудани шиддати  вирус аз сафарҳои бемаврид ба давлатҳое, ки дар он ҷойҳо нишонаҳои беморӣ пайдо шудаанд, бояд худдорӣ намуд. Дар   ҷойҳои серодам,   хусусан раставу бозорҳо камтар гаштугузор кардан лозим аст. Бояд зуд-зуд   дастонро бо собун ва ё маҳлулҳои безараргардонидашуда шуста, аз ниқобҳои тиббӣ истифода намуд. Ба  пардаҳои луобӣ, хусусан бинӣ, чашм ва даҳон камтар даст расонидан  лозим аст. Тез-тез шамол додани макони зист, сайр кардан дар ҳавои кушод  ва истифодаи меваҷоту сабзавоти аз витаминҳо бой муҳим мебошад.         

Январь 30, 2020 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

МАВҚЕЪГИРИИ СИЁСӢ ВА АРЗЁБИИ МУШКИЛОТИ ИМРӮЗ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»