ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Ҳамадонӣ барқарорсозии низоми таъминот бо оби шаҳраки Москва ва таъмири 7 нуқтаи оби нӯшокӣ идома дорад
ДУШАНБЕ, 25.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бунёд ва навсозии 196 иншооти таъйиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст. Таҷдид ва барқарорсозии низоми бообтаъминкунии шаҳраки Москва ва таъмири 7 нуқтаи оби нӯшокӣ дар масоҳати 3,6 километр, бунёди 2 гулгашт ва 6 пул аз ҷумлаи ин ишооти сохташаванда мебошанд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Бозоралӣ Одиназода хабар медиҳад.
Айни замон як зумра иншооти ба шарафи ҷашн сохташаванда, аз ҷумла дар шаҳраки Москва бинои маъмурии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва маркази хизматрасонии «Омина», дар деҳаи Тагноби Ҷамоати деҳоти Даштигуло майдончаи варзишии футболи хурд, нуқтаи шустушӯйи мошин ва дар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод дорухона мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Бинои нави мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Парчам ва Нишони давлатӣ дар гулгашти назди бинои мақомоти иҷроия, бинои хушсохти толори варзишӣ дар назди мактаби варзишии ноҳия, бинои нави таълимӣ дар назди муассисаи таълимии рақами 30 ба номи Мирзохон Раҳматов бо маблағгузории буҷаи ноҳия, шуъбаи таваллудхонаи назди беморхонаи деҳоти Меҳнатобод ва корхонаи истеҳсоли халтачаҳои полиэтиленӣ дар деҳаи Пушкини деҳоти «Қаҳрамон» бо маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ Азиз Ҷобиров ва Ҷиёнхон Мирзоев аз ҷумлаи иншооте мебошанд, ки ба симои ноҳия ҳусни дигар илова карда, даҳҳо нафар сокинони ноҳия бо ҷойи кор таъмин мегарданд.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳамчунин ба ифтихори ин ҷашни таърихӣ бунёд ва навсозии 13 корхонаи саноатӣ дар назар дошта шудааст. Ноҳияи Ҳамадонӣ имкониятҳои васеъро барои рушди соҳаи саноат доро буда, яке аз боигариҳои табиии он кӯҳи намаки Хоҷа Мӯъмин мебошад. Захираи намаки ин кўҳ тахминан зиёда аз 40 то 50 миллиард тонна арзёбӣ шудааст, ки сохтмони корхонаи муқтадири истеҳсоли намак барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.
«Дар ноҳия ҳамчунин ба ифтихори ҷашни таърихии миллат бунёди 7 муассисаи таълимӣ, 9 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ, 12 кабинети фаннӣ, 3 боғчаи бачагон, 10 бунгоҳи тиббӣ, 8 беморхона, 5 маркази саломатӣ, маркази таълимӣ — табобатӣ, 4 клубу кохҳои фарҳангӣ, 4 китобхона, мактаби мусиқии бачагона, мактаби рассомӣ, 2 кошонаи ҳусн, 3 ҳаммом, 11 майдончаи варзишӣ, 6 толори варзишӣ, 12 маркази савдо, 8 маркази хизмати маишӣ ва 5 сартарошхона дар назар дошта шудааст»,-афзуд манбаъ.
То инҷониб таъмири Маркази саломатии ноҳиявӣ аз тарафи соҳибкорон ва Маркази саломатии деҳоти Халифаев аз таъмири асосӣ бароварда шуда, сохтмони бунгоҳи тиббии деҳаи Таги намак идома дорад.
Маркази саломатии деҳоти деҳаи Пушкин дар Ҷамоати деҳоти Қаҳрамон аз ҷониби соҳибкори ҳимматбаланди маҳаллӣ ба истифода дода шуд. Дар маҷмӯъ, дар ноҳия сохтмон ва навсозии 16 иншоот дар соҳаи саноат, 44 адад дар маориф, 25-то дар тандурустӣ, 14 адад дар фарҳанг ва 18-то дар соҳаи варзиш дар назар аст.
Соли гузашта дар ноҳия бинои нави Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо маблағгузории Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ёдовар мешавем, ки ноҳияи Ҳамадонӣ яке аз навоҳии ҷавонтарини вилояти Хатлон ба шумор меравад. Ин ноҳия дар соҳили рўди Панҷ ҷойгир буда, аз ҷануб ба масофаи 170 километр бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, аз ҷанубу ғарб ба масофаи 9 километр бо ноҳияи Фархор, аз тарафи шимолу ғарб ба дарозии 42 километр бо ноҳияи Восеъ ва аз тарафи шарқ ба масофаи 150 километр бо ноҳияи Шўрообод ҳамсарҳад аст.
Соли 1952 бо қарори Шўрои Олии Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон дар заминаи деҳаи Чубек, дар ҳайати собиқ вилояти Кўлоб ноҳияи нав бо номи Чубек таъсис ёфт. Соли 1952 ин ноҳия ба худ номи Маскавро гирифт ва аз моҳи феврали соли 2004 ба муносибати 650-солагии олиму орифи барҷастаи форсу тоҷик ба ноҳия номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ гузошта шуд.
Дар гузаштаи дур дар мавзеи имрўзаи ноҳия шаҳристоне бо номи Сайёд (дар ҳудуди имрўзаи хоҷагии Турдиев) қарор доштааст. Шаҳристони Сайёд дар вақти ҷустуҷўи обҳои зеризаминӣ ошкор гардида, баъдтар аз тарафи бостоншиносон омўхта шудааст. Он яке аз ёдгориҳои бузурги таърихи гузаштагони тоҷик дониста мешавад. Ёдгории Сайёд ба аҳди Сомониён (асрҳои IX-X) дохил буда, бозгўкунандаи тамаддуни баланди мардуми Хатлон мебошад. Таҳқиқоти бостоншиносон собит намудааст, ки шаҳристони Сайёд дар асрҳои IX-X ба қаламрави ҳокимияти Банҷуриҳои Хатлон дохил буда, бозёфтҳои археологии аз ин шаҳристон дарёфт гардида дорои аҳамияти бузурги таърихӣ мебошанд.
Ободшавии ноҳия ба солҳои 50 — уми асри гузашта рост меояд. Он солҳо қисме аз аҳолии минтақаҳои кўҳии Ховалинг, Сари Хосор, Мўъминобод, Даштиҷум, Балҷувон ва Терай барои табдил додани тўғайзорон ба заминҳои киштбоб ба ноҳияи навтаъсиси Чубек муҳоҷир шуданд. Маҳаллаҳои Чубек, Сайёд ва дигар ҳудудҳои ноҳияи имрўзаи Ҳамадонӣ то солҳои 70 – уми асри XIX ба бекигарии Балҷувон тааллуқ доштанд ва пас аз истилои Россияи подшоҳӣ, ки дар натиҷаи он тақсимоти маъмурии Аморати Бухоро гузаронида шуд, ин сарзамин ба қаламрави бекигарии Кўлоб шомил гардид.
Сулаймон ХОЛОВ,
АМИТ «Ховар»












ЗЕҲНИ СУНЪӢ: ТАЪРИХ, ИМКОНИЯТ ВА МАСЪУЛИЯТ. Андешаҳо оид ба ин мавзуъ
Таъсиси Маркази миллии маълумоти зондкунии фосилавии Замин дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт ба анҷом расид
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНИСЕФ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардид
Дар Берлин 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии идона ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи ноҳияи Рашт
Дар Париж 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷии Тоҷикистон – 2026 доир мегардад
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар Рашт иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд






