БА МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОРОНАВИРУС ОМОДА БОШЕД! Бо чунин даъват СУТ ба тамоми кишварҳои ҷаҳон муроҷиат кард

Февраль 26, 2020 12:38

ДУШАНБЕ, 26.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Афғонистон, Баҳрайн, Ироқ ва Уммон аз ҷумлаи кишварҳое мебошанд, ки дар онҳо на кам аз як ҳолати сирояти коронавирус тасдиқ шудааст. Дар маҷмуъ, берун аз Чин, COVID-19 дар 33 кишвар ба қайд гирифта шудааст. Шумораи умумии мубталоён дар тамоми ҷаҳон ба 80 239 нафар расид, ки 908 каси онҳо давоми 24 соати охир тасдиқ шудаанд. Дар ҳамин ҳол, роҳбари гурӯҳи муштараки коршиносони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) ва Чин Брюс Эйлворд ба хабарнигорон дар бораи таҷрибаи Чин дар мубориза бар зидди сироят, ки ӯ онро муваффақона меҳисобад, нақл кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти СММ хабар медиҳад.

«Дар Чин усулҳои анъанавии мубориза бо эпидемияро истифода бурданд, аммо онҳоро ба миқёси бесобиқа оварда расонданд», — тазаккур дод Эйлворд.

Ба гуфтаи ӯ, бо шарофати ташкилии баланд, ташхиси саривақтӣ, ҷудокунии сироятшудагон, муайян кардани шахсоне, ки бо онҳо дар тамос буданд, инчунин талошҳои дастаҷамъонаи худи мардуми Чин, мақомот тавонистанд шумораи ҳолатҳои нави беморӣ ва сатҳи фавтро коҳиш диҳанд.

Ба гурӯҳ 25 коршинос — 13 намоянда аз тамоми ҷаҳон, аз ҷумла Россия ва 12 коршиноси чинӣ шомил буданд. Ҳангоми сафар дар саросари Чин онҳо на танҳо бо мансабдорон, балки бо садҳо сокинони маҳаллӣ — дар меҳмонхонаҳо, қатораҳо ва ҳавопаймо муошират карданд.

«Мо гаштаву баргашта итминон ҳосил мекардем, ки ҳар яки онҳо масъулияти шахсии худро эҳсос мекунад ва омода аст тавсияҳоро дар самти бартараф кардани ин хуруҷ риоя намояд», — изҳори таассурот намуд Брюс Эйлворд.

Дар маҷмуъ, тадбирҳои дар Чин андешидашуда ба намояндаи СУТ таассуроти хуб гузоштанд.

«Масалан, дар Вуҳан мушоҳида кардам, ки чӣ гуна мақомот варзишгоҳро бастанд ва давоми 72 соат ба он ҷо ҳазор кати тиббӣ оварданд, ки он ба як беморхонаи азиме табдил ёфт», — гуфт ӯ.

Айни ҳол СУТ аз афзоиши шумораи ҳолатҳои нав дар давлатҳои гуногуни ҷаҳон изҳори нигаронӣ менамояд, аммо намояндаи ин созмон аз «пандемия» номидани паҳншавии коронавирус даст кашид.

«Мо бо эпидемияҳое, ки дар ҷойҳои гуногун зуд сар мезананд, сарукор дорем ва мо бояд онҳоро дар як муддати кӯтоҳ барои пешгирӣ кардани «пандемия» бартараф созем», — таъкид кард Эйлворд.

Ӯ ҳушдор дод, ки нишондодҳо дар Чин набояд касро гумроҳ кунанд: низоми тандурустии Чин самарабахшии худро собит кард, беморхонаҳои маҳаллӣ бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз шудаанд, табибон малака ва дониши зарурӣ барои табобати сироят ва пешгирии пайомадҳо доранд. Намояндаи СУТ таъкид кард, ки чунин вазъ на дар ҳама ҷо мавҷуд аст ва аз ин бармеояд, ки пайомадҳои паҳншавии вирус барои кишварҳои дигар метавонанд ҷиддӣ бошанд. Ӯ аз ҳамаи давлатҳо даъват ба амал овард, ки фавран шумораи кофии ҷойҳоро дар беморхонаҳо ва ташхисгоҳҳои мавҷудаву лавозимоти зарурии тиббиро таъмин намоянд.

Эйлворд инчунин овозаҳоро дар бораи он, ки нишондоди воқеии гирифтории коронавирус нисбат ба омори расмӣ метавонад баландтар бошад, рад кард. Ба гуфтаи ӯ, дар Чин низоми назорати паҳн кардани зуком вуҷуд дорад, ки ба шарофати он шумораи зиёди одамон – садҳо ҳазор дар он ҷо озмоиш карда метавонанд. Тибқи иттилои ӯ, дар авҷи эпидемия танҳо ним фоизи ташхисҳо барои коронавирус мусбат будаанд ва вақтҳои охир ин нишондод ба 0,02 дарсад коҳиш ёфтааст.

ДАР АКС: дар Аврупо аз паҳншавии коронавирус дар ҳаросанд. Акс аз «Unsplash»

Февраль 26, 2020 12:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад