Боғпарварони Лахш 6055 тонна мева ҷамъоварӣ намуданд, ки дар муқоиса ба соли 2018-ум 495 тонна зиёд мебошад
ЛАХШ, 10.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Боғпарварони ноҳияи Лахш соли 2019-ум 6055 тонна мева ҷамъоварӣ намуданд, ки дар муқоиса ба соли 2018-ум 495 тонна зиёд мебошад.
Корхонаи дӯзандагии «Сумая»-и ноҳияи мазкур ҳамасола хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияро пурра бо либоси ягонаи мактабӣ, ки нархи дастрас доранд, таъмин менамояд. Соли 2019 корхонаҳои саноатии ноҳияи мазкур ба маблағи 10 миллиону 590 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. Ин матлабро раиси ноҳияи Лахш Файзулло Баротзода зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.
Зимни нишаст ҳамчунин зикр шуд, ки соли 2019 дар 3147 гектар замини хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи мазкур картошка кишт карда шуд, ки нисбат ба дурнамо 347 гектар зиёд мебошад. Соли 2019 аз ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 100 ҳазору 11 тонна картошкаи хушсифат ҷамъоварӣ гардид, ки то имрӯз зиёда аз 70 ҳазор тоннаи он ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ содирот шудааст.
Зикр шуд, ки соли сипаригардида кишоварзони ноҳия дар майдони 78 гектар боғҳои нав бунёд намуда, 15 гектар боғҳои кӯҳнаро барқарор карданд. Натиҷаи меҳнати софдилонаи боғпарварон буд, ки дар ноҳия соли 2019 истеҳсоли мева зиёд гардид.








Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид






