Дар Италия 100 ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, дар баъзе минтақаҳо карантин эълон гардидааст

Февраль 24, 2020 10:37

ДУШАНБЕ, 24.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Айни замон дар Чин шумораи сироятҳои нави коронавируси 2019-nCov кам гашта, дар дигар кишварҳо  ҳолатҳои нави ин беморӣ ба қайд гирифта шудаанд. Масалан, дар Италия шумораи сироятшудагон    ба 100 нафар расидааст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба БЕЛТА  хабар медиҳад, дар ин бора рӯзи якшанбе Губернатори  вилояти шимолии Ломбардия  Аттилио Фонтана  дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии  Sky TG-24 изҳори назар намудааст.

«Шаби гузашта шумораи беморони тасдиқшуда танҳо дар Ломбардия  ба 89 нафар расид.  Аз ин рӯ, гумон меравад, ки дар тамоми кишвар, он  бешак аз 100 нафар гузаштааст»,- гуфт Фонтана.

Бино ба гуфти ӯ, теъдоди зиёди одамон, чунончи интизор меравад,  ба карантин фаро гирифта мешаванд.  Ҳукуматдорон  имконияти истифодаи госпиталу пойгоҳҳои ҳарбӣ, ҳамчунин беморхонаҳои кӯҳнаи аз истифода баромада  ва  муҷаҳҳаз  намудани меҳмонхонаҳоро  барои ин мақсадҳо  пешбинӣ менамоянд.

Ба ҷуз Ломбардия 17 нафар дар Венето, 2 нафар дар Эмилия ва 1 нафар дар Пемонте  гирифтори беморӣ гаштаанд. Ҳамчунин вирус дар ду сайёҳи чинӣ — зану шавҳар дар Ласио ошкор гардид ва ҳоло онҳо дар касалхонаи донишкадаи миллии  бемориҳои сироятии «Спаллансани» дар шаҳри Рим табобат мегиранд.

Ду нафар —  зани солхӯрда дар Ломбардия  ва марди 78 -сола дар Венето  бар асари коронавирус фавтиданд. Тахмин меравад, ки  ташхиси бемории онҳо дер сурат  гирифтааст.

Дар ҷаласаи таъҷилии Шӯрои вазирони Италия 22 феврал  санади махсус дар бораи тадбирҳои пешгирии паҳншавии беморӣ қабул гардид. Ба сокинони манотиқи мамнуъ, ки дар онҷо беморӣ ошкор гаштааст, аз хона баромадан манъ, инчунин  тамоми фаъолият, аз ҷумла, таҳсил низ манъ шудааст.

Дар  ин манотиқ муассисаҳои давлативу шахсӣ,   осорхонаҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ  баста  ва  ҳамаи чорабиниҳои фароғатӣ,  варзишӣ  бекор карда шудаанд. Барои вайрон кардани қоидаҳои карантин муҷозоти ҷиноӣ  пешбинӣ  гардидааст.

Ҳукуматдорони Эрон низ имрӯз дар бораи вазъияти паҳншавии беморӣ дар кишвар хабар доданд. Роҳбари мақомот оид ба робита бо ҷомеаи вазорати нигаҳдории тандурустии Эрон Киёнуш Ҷаҳонпур дар бораи 43 ҳодисаи сироятшавӣ, ки ҳаштояш сабаби марг гардид, иттилоъ дод.

Акс EPA-EFE

Февраль 24, 2020 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд