Дар Лондон Форуми якуми тиҷоратӣ ва cармоягузории Тоҷикистон ва Британияи Кабир доир мегардад

Февраль 11, 2020 08:18

 ДУШАНБЕ, 11.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сафорати Тоҷикистон дар Британияи Кабир хабар медиҳад, ки 22 апрели соли 2020 баргузории Форуми якуми тиҷоратию  сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар Лондон ба нақша гирифта шудааст.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, Форуми мазкур бо дастгириҳои ҳукуматҳои Тоҷикистону Британияи Кабир ва ҳамкории КВД «TAJINVEST» ва Палатаи тиҷорат байни  ду кишвар  баргузор мегардад.

Дар кори он намояндагони воломақоми ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Британияи Кабир, доираҳои тиҷоратии ду давлат, роҳбарон ва намояндагони ширкату корхонаҳо, инчунин бунгоҳҳои хабарӣ ширкат меварзанд.

Тоҷикистон ҳамчун як бозори рушдёбанда бо иқтидори бузурги истифоданашудаи худ ба иштироккунандагон муаррифӣ гардида, дар он дар бораи имкониятҳо барои роҳандозии ҳамкорӣ дар самтҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, энергетика, бонкдорӣ, рушди сайёҳӣ, саноатикунонӣ, зерсохтор ва истихроҷи маъдани мамлакат ба таври шоиста маълумот пешниҳод хоҳад шуд.

 

Февраль 11, 2020 08:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд