МАРГИ 103 НАФАР ДАР ЯК РӮЗ. Шумори мубталоён ба вируси короно дар олам ба беш аз 43 ҳазор нафар расид

Февраль 11, 2020 14:47

ДУШАНБЕ, 11.02.2020/АМИТ «Ховар»/. Рӯзи гузашта дар Чин аз сироят ба вируси короно 103 нафар ҷон бохтанд ва шумори фавтидагон аз ин бемории кушанда ба 1011 нафар расид. Чин расман мубталоён ба ин бемориро бештаз 42 ҳазор нафар эълон кард, омадааст дар хабаре, ки сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз нашр кардааст.

Дар ҳамин ҳол гузориш шудааст, ки Си Ҷинпин – сарвари давлати Чин дирӯз ба хиёбонҳои Пекин рафтааст ва ҳамзамон чанд соҳибмақоми давлатӣ ба ҷурми камфаъолиятӣ дар мубориза бо короно барканор шудаанд. Яке аз ин барканоршудагон намояндаи Ҳизби коммунисти Чин дар комиссияи беҳдошти вилояти Ҳубей ва раиси комиссиёни беҳдошти ин вилоят мебошад. Раиси созмони Салиби сурх дар ин минтақа низ барои камбуд дар кори мубориза бо короно ва ироаи кумакҳои эҳдоӣ аз вазифа барканор шудааст.

Ҳамзамон  Чин омори коҳиши бистдарсадаи мубталоён ба ин бемориро нашр кардааст ва мақомот мегӯянд бори дигар умедҳо барои назорати густариши вирус зинда шудааст.

Комисиияи тандурустии вилояти Ҳубей рӯзи душанбе эълон кард, ки 2097 нафар мубталоёни навро ба қайд гирифтааст, ки назар ба як рӯзи пеш (2618 нафар буд) 20% коҳиш доштааст.

Теъдоди умумии мубталоён ба беморӣ дар Чин 42 ҳазору 200 нафар эълон шудааст, ки бештар аз 75 дарсади онҳо дар дохили вилояти Ҳубей мебошанд.

Шаҳри Вуҳон, ки пойтахти ин вилоят аст ва дорои 11 миллион аҳолӣ мебошад, ҳамоно дар ҳолати карантин қарор дорад. Дар ин шаҳр кулли мактабҳо фаъолияти худро қатъ кардаанд ва ҳатто нақлиёти дохилишаҳрӣ низ кор намекунад.

Рӯзи душанбе як ҳайат аз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бо мақсади ҳамкорӣ бо Чин дар мавриди пешгирӣ аз густариши короно вориди Пекин шуд.

Си Ҷинпин-Раиси Ҷумҳурии Мардумии  Чин рӯзи душанбе аз мақари худ берун шудааст ва дар хиёбонҳои Пекин бо мардум дидор кардааст, дар бемористонҳо бо духтурон ва имдодгарон ҳамсуҳбат шудааст. Хабаргузориҳо мегӯянд Си Ҷинпин низ мисли дигар сокинон ниқоби муҳофизатии одӣ дошт ва дар суҳбат бо сокинон иброз намуд, ки ҳукуматаш даст ба иқдомоти ҷиддитаре хоҳад зад, то садди роҳи густариши короно шавад.

Дар дигар кишварҳои ҷаҳон низ аз афзудани сафи беморони короно гузориш расидааст. Дар Британия 4 мавриди нави мубталоёни ба ин вирус ба қайд гирифта шуда, шумори умумиро ба 8 нафар расонд.

135 нафар мусофирони киштии тафреҳие, ки дар бандари Юкуҳомои Ҷопон лангар задааст, гирифтори ин вирус шудаанд ва шумори онҳо аз рӯз ба рӯзи дигар меафзояд.

Ҷадвале, ки дар зер меояд, ҳикоят аз густариши вируси короно дар кишварҳои олам мекунад.

Вазъи густариши вируси 2019-nCoV (NCP -Novel Coronavirus Pneumonia) дар олам. Омори 11.02.2020

Кишварҳо Сироятшудагон фавтидагон Шифоёфтагон
Чин 42912 1016 3281
Ҷопон 161 4
Сингапур 45 2
Ҳонконг 42 1
Таиланд 32 10
Ҷумҳурии Корея 28 3
Тайван 18 1
Малайзия 18 1
Ветнам 15 3
Австралия 15 5
Олмон 14
ИМА 13 1
Фаронса 11
Макао 10 1
Британияи Кабир 8
Иморати Муттаҳидаи Араб 8 1
Канада 7 2
Ҳиндустон 3
Филиппин 3 1
Русия 2
Испания 2
Белгия 1
Кампучи 1
Непал 1
Финляндия 1
Шветсия 1
Шри-Ланка 1 1
Ҳамагӣ 43102 1018 3316

 

 

 

Февраль 11, 2020 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад»
Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»
Султон Ҷамшед: «ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси кори конфронси сатҳи баланд муваффақ буд»
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар Душанбе масоили кунунии мониторинги пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд
Кристин Мишел: «Дар масъалаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо давлатҳои ҷаҳон бояд муттаҳид бошанд»
Лидия Брито: «ЮНЕСКО Эъломияи Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳоро дастгирӣ намуда, ҳамеша дар паҳлуи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор мегирад»
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар рӯзи дуюм аз рӯйи шаш мавзуъ ҳамоишҳои канорӣ доир мегарданд
ДУШАНБЕ-МАРКАЗИ ҚАБУЛИ ҚАРОРҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо
Дар Душанбе хатари офатҳои табиии марбут ба пиряхҳоро баррасӣ намуданд
Дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо масоили об ва иқлим баррасӣ гардид