Хуршед Икромӣ: «ММТ ба довталабоне, ки хизмати ҳарбиро анҷом додаанд, баъди супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ 75 бал медиҳад»

Февраль 13, 2020 15:25

ДУШАНБЕ, 13.02.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Маркази миллии тестӣ ба довталабоне, ки хизмати ҳарбиро анҷом додаанд ва ба Марказ ҳуҷҷатҳояшонро месупоранд, новобаста аз интихоби ихтисосҳояшон баъди супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ 75 бал медиҳад. Дар ин бора директори Маркази миллии тестӣ Хуршед Икромӣ 13 феврал дар Душанбе  зимни нишастӣ матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Х.Икромӣ ҳамчунин иброз дошт, ки Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили низоми Имтиҳонҳои Марказонидаи Дохилшавӣ (ИМД) тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳониро вобаста ба гурӯҳҳои ихтисосҳо бо дарназардошти танҳо як маротиба имтиҳон супоридани довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ- синфи 11, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таҳия намудааст.

«Тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ, ки тибқи супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шудааст, дар муқоиса бо тарҳи пешин бартариҳое дорад, ки ба манфиати довталабон аст»,- гуфт номбурда.

Ба  гуфтаи Х.Икромӣ, тарҳи нав аз қисми А (имтиҳони умумӣ), ки онро солҳои пеш ҳамаи довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ- синфи 11, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ месупориданд, танҳо як субтест – «Забони тоҷикӣ» ва аз қисми Б (имтиҳони ихтисос)-и солҳои пеш се субтести дигари вобаста ба ҳар гурӯҳи ихтисосҳо пешбинишуда дар як қисм (тибқи номи нав: А – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) дохил карда шуд. Яъне, аз имтиҳони умумии солҳои пеш ду субтести охири он 2-юм – «Математика» ва 3-юм – «Таърихи халқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ»  ба тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ дохил  нагардидааст.

Ҳамин тариқ, довталабони мазкур аз рӯйи ихтисосҳое, ки солҳои пеш супоридани ҳар ду қисм – А (имтиҳони умумӣ) ва Б (имтиҳони ихтисос)‑ро талаб мекарданд, аз соли 2019‑ум танҳо як қисми имтиҳон – А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии синфи 11‑ро бояд супоранд. Қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) аз чор субтест иборат аст, ки фанҳои онҳо, ба истиснои субтести «Забони тоҷикӣ», ки барои ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо субтести умумӣ ба ҳисоб меравад, аз ҳар гурӯҳи ихтисосҳо вобастаанд.

Зимни нишасти матбуотӣ иброз гардид, ки яке аз ҳадафҳои асосии татбиқи тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ дар низоми ИМД коҳиши сарборӣ ва фишори равонӣ ба хатмкунандагон аст, ки дар як фосилаи замонии кӯтоҳ аз соли таҳсили 2018-2019 бояд аз якчанд фан ҳам дар аттестатсияи хатми муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ҳам дар ИМД имтиҳон месупориданд. Чунин тарҳ барои хубтар омода шудани довталабон ба имтиҳонҳои мазкур имконияти бештар фароҳам меорад. Бартарии дигари тарҳи нав дар он ифода меёбад, ки муҳлати эълони натиҷаи имтиҳон 7 рӯз пеш муайян мегардад.

Ҳамчунин Марказ барои хатмкунандагон охири соли 2019 имтиҳонҳои озмоиширо бо иштироки хатмкунандагони синфҳои 11 ва 9‑и муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ доир намуд. Ҳадаф аз баргузории имтиҳонҳои озмоишӣ шинос кардани хатмкунандагон бо тартиби имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла, тарзи иҷрои тест ва пур кардани варақаи ҷавобҳост.

Ёдовар мешавем, ки Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 таъсис ёфта, мақсади асосии он  шаффоф гузаронидани Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ мебошад.

Февраль 13, 2020 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Муҳаммадҷон Қосимов — ҳунарманде, ки нақшҳои офаридааш дар дилу ёдҳо нақш бастааст
Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин тасвир» байни наврасон гузаронида мешавад
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба кормандони телевизион, радио ва соҳаи алоқа баргузор гардид
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Теҳрон» 400 номгӯй китобҳои тозанашр аз Тоҷикистон пешниҳод шуданд
Китоби «Театр дар назди микрофон» ба нашр расид
Телевизионҳои Тоҷикистон дар ҳифзи фазои расонаӣ мавқеи устувор доранд
ЭЪЛОНИ ОЗМУНИ АКСҲО. «Рамзи дӯстии Чин ва Тоҷикистон- бинои Ҳукумат ва бинои Парлумони Тоҷикистон»
Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ «Наврӯз» ҷамъбаст гардид
7 МАЙ — РӮЗИ ТЕЛЕВИЗИОН, РАДИО ВА КОРМАНДОНИ СОҲАИ АЛОҚА. Дар Тоҷикистон барномаи рушди соҳаи алоқа таҳия карда мешавад
«ХОТИРА АЗ ҲОФИЗ». Ин намоиши байналмилалӣ ба 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ бахшида шудааст
Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ «Наврӯз» ҷамъбаст карда мешавад
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои рассом ва муҷассамасози олмонӣ Гюнтер Уэкер баргузор мегардад