Милитсияи Душанбе 1650 адад предметҳои халандаю буранда, ба сифати силоҳи сард истифодашавандаро дарёфту мусодира ва нобуд кард
ДУШАНБЕ, 24.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи амалиёти шартии «Корд», ки аз ҷониби Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт амалӣ мешавад, сарчашма, яъне паҳнкунандаи чунин ашё муайяну ошкор карда шуд. 13 феврали соли 2020 зимни азназаргузаронии ҶДММ «Корвон плюс», воқеъ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе маълум гардид, ки дар нуқтае фурӯши маводи таркибан силоҳмонанд ба роҳ монда шудааст. Дар натиҷаи санҷиш муайян гардид, ки ин фурӯшгоҳ ба соҳибкори инфиродӣ Зафар Чилаеви 42-сола, истиқоматкунандаи кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе тааллуқ дорад. Аз ин нуқтаи фурӯш ба миқдори 1650 адад предметҳои халандаю буранда ва ба сифати силоҳи сард истифодашаванда дарёфту мусодира гардиданд.
Тавре аз маркази матбуоти Раёсати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мувофиқи ташхиси эксперти судӣ-криминалистӣ предметҳои аз номбурда мусодира гардида ба тарзи саноатӣ сохта шудаанд, ки ба гурӯҳи яроқи сард дохил мешаванд. Аз ҷумла, чӯбдастҳои металлии телескопӣ, кастет, силоҳи сарди ҳаводиҳандаи ситораи шашгӯша (сюрикен), теғи дудама, кордҳои ҷангӣ ва кордҳои шикории сохташуда ба гурӯҳи яроқи сарди зарбазананда-поракунанда ва халандаву буранда мансубият доранд.
Тибқи иттилои манбаъ, зимни пурсиш шаҳрванд Зафар Чилаев изҳор дошт, ки соҳибкори инфиродӣ буда, ба хотири ба даст овардани маблағу даромад ба фурӯши ғайриқонунии предметҳои зикршуда машғул шудааст. Бо дарназардошти ҳалатҳои мазкур нисбат ба Чилаев Зафар Пираҳмадович бо моддаҳои 492 (Риоя накардани тартиби ба даст овардан, нигоҳ доштан, ба каси дигар додан ё фурӯши тапончаи пневматикӣ, силоҳи оташфишони суфтамили шикорӣ ва силоҳи сард) ва 510 (Иҷрои фаъолияте, ки иҷозатномаро талаб менамояд) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Фирдавсӣ ирсол карда шудааст.
«Суд 19 феврали соли 2020 нисбат ба ҳуқуқвайронкунанда Зафар Чилаев ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 22 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 1276 сомонӣ бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таъйин намуд», -афзуд манбаъ.
Хотиррасон менамоем, ки мувофиқи моддаи 9, қисми 1 сархати 3 ва 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ» дар қаламрави Чумҳурии Тоҷикистон силоҳҳои сарди зерин —
– шашпарҳо, кастетҳо ва дигар ашёи зарбазани поракунанда, силоҳи сард ва ҳаводиҳанда (сурикенҳо, бумерангҳо, арбалетҳо, камонҳо ва тирҳои онҳо), ба истиснои гулӯлаҳои варзишӣ манъ мебошад.
Баъд аз қарори суд тамоми далелҳои шайъӣ, яъне 1650 адад силоҳҳои сарди гуногун бо роҳи шикастану гудохтан нобуд карда шуданд.
Вобаста ба ин Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бори дигар ба маълумоти кулли шаҳрвандон мерасонад, ки милитсияи пойтахт ҷиҳати мубориза бар зидди амалу кирдорҳои ҷиноятӣ, ки бо истифода аз силоҳи сард содир мешаванд, то пурра аз байн бардоштани ин омили номатлуб муборизаи беамон мебаранд.










Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
«ҲАМКОРӢ–2026». Дар Хатлон машқҳои муштараки стратегӣ гузаронида шуданд
44 ҲОДИСАИ РОҲУ НАҚЛИЁТ ДАР ДУШАНБЕ. Бо мақсади коҳиши сатҳи садаманокӣ амалиёти «Пиёдагард» доир мешавад
Дар шаҳри Бӯстон нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид
Мотосиклронҳои шаҳри Душанбе ғолиби пойгаи мотосиклронӣ барои Ҷоми Раиси вилояти Хатлон шуданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ба муносибати Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид






