«Сомон Эйр» теъдоди хатсайрҳоро аз Душанбе ба Деҳлӣ зиёд намуд
ДУШАНБЕ, 26.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» шурӯъ аз имрӯз хатсайри дуюмро дар масири Душанбе-Деҳлӣ-Душанбе ба роҳ монд. Парвозҳо дар самти мазкур ҳафтае ду маротиба- рӯзҳои чоршанбе ва якшанбе тавассути ҳавопаймои Боинг 737 иҷро мегарданд.
«Сомон Эйр» хатсайри аввалини худро ба Деҳлӣ 1 декабри соли 2019 анҷом дод, ки тавасути он аз Душанбе ба Деҳлӣ 107 мусофир парвоз намуданд.
Аз хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки вақти парвоз аз Душанбе соати 8:30, вақти нишаст дар Деҳлӣ 11:30 бо вақти маҳаллӣ мебошад. Вақти парвоз аз Деҳлӣ – 13:10, вақти нишаст дар Душанбе – 15:20 бо вақти маҳаллӣ таъйин шудааст. Вақти парвоз 2 соату 30 дақиқаро ташкил медиҳад.
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Германия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон муваффақона анҷом медиҳад. Парки ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900, инчунин чархболи Airbus H125 иборат мебошад.








Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид






