Таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» то соли 2023 амалӣ мегардад

Февраль 20, 2020 15:45

ДУШАНБЕ, 20.02.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Шурӯъ аз моҳи августи соли гузашта яке аз неругоҳҳои барқи обии куҳантарини Тоҷикистон — «Қайроққум», воқеъ дар вилояти Суғд ба таъмиру таҷдид фаро гирифта шуда, айни замон корҳои сохтмонии он бомаром  идома доранд. Бо татбиқи пурраи лоиҳаи мазкур, ки муҳлати он 57 моҳ, яъне то соли 2023 муайян шудааст, таҷдиди таҷҳизоти асосию ёрирасони неругоҳ, дастгоҳи тақсимкунандаи 110-киловолта ва таъмиру барқарорсозии иншооти гидротехникии он амалӣ  мегардад. Иқтидори лоиҳавии ҳар як агрегати неругоҳ аз 21 мегаватт қариб то 30 ва дар маҷмӯъ тавоноии он аз 126 мегаватт то ба 176 мегаватт расонида шуда, иқтидори неругоҳ 50 мегаватт ва истеҳсоли миёнаи неруи барқ то ба 38 дар сад меафзояд.

Бино ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар», раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 19 феврал зимни сафари корӣ  бо  раванди корҳои сохтмонӣ ва татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Қайроққум”  шинос гардид. Ба Раиси вилоят маълумот дода шуд, ки асосноккунии техникӣ-иқтисодии таҷдиди неругоҳ соли 2014 дар доираи лоиҳа бо ҷалби сармоягузории грантии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд аз ҷониби ширкати машваратчии “IC Consulenten”-и австриягӣ сурат гирифта, итминон меравад, ки бо таҷдиди пурра тамоми низоми  он бо технологияи навтарин ва пешрафтаи соҳа иваз карда шуда, сифати хизматрасонӣ бамаротиб беҳтар хоҳад гардид.

Имрӯз истеҳсоли солонаи неруи барқ дар Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” ба ҳисоби миёна 600 — 650 миллион киловатт-соатро ташкил дода, иншоот ба низоми энергетикӣ тавассути 5 хати интиқоли барқи 220-киловолта ва 5 хати интиқоли барқи 110-киловолта пайваст аст.

Ёдовар мешавем, ки неругоҳи мазкур   дар соҳили чапи маҷрои Сирдарё воқеъ буда, бунёди он ба обёрии заминҳои бекорхобида ва азхудкунии самараноки захираҳои гидроэнергетикии Осиёи Марказӣ солҳои 60-уми асри гузашта ибтидо гузошта буд.

Бояд гуфт, ки неругоҳ беш аз 63 сол  боз фаъолият карда, дар ин муҳлат таҷҳизоти он кӯҳнаю фарсуда гардида,  зарурати таҷдид ва навсозии он ба миён омада  буд.

Корҳои сохтмонии неругоҳ соли 1952 оғоз гардида, агрегати якуми он бо иқтидори 21 мегаватт 15 декабри соли 1956 ба кор дароварда шудааст. Дар маҷмӯъ,  неругоҳ аз 6 агрегат иборат буда, аз 20 ноябри соли 1957 бо иқтидори пурраи 126 мегаватт фаъолият намудааст.

Ҳаҷми  пурраи   обанбор 3,5 миллиард мукаабро ташкил   дода, ҳаҷми  фоиданокии он ба 2,6 миллиард мукааб  баробар  аст. Масоҳати  умумии обанбор ҳангоми пур  шудани об то сатҳи  болоии   уфуқӣ 512 километри   мураббаъро дар бар мегирад. Дарозии  умумии  сарбанди  хокӣ  ва  бетонии   неругоҳ 1300 метрро  ташкил  дода, фишори об дар иншооти гидротехникӣ ба 24 метр баробар  мебошад.

Хотиррасон мешавем,  ки 23 августи соли 2019 зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон ба татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” оғози расмӣ бахшида буданд.

                                                                         Абдуаҳад ШАРИФЗОДА,
                                                                  АМИТ «Ховар»

Февраль 20, 2020 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд