ТО ИНТИХОБОТ 3 РӮЗ БОҚӢ МОНД. Тартиби иштироки намояндагони воситаҳои ахбор омма дар он чӣ гуна аст?

Февраль 26, 2020 14:50

ДУШАНБЕ, 26.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. То баргузории интихоботи даъвати нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ 3 рӯзи дигар боқӣ мондааст. Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, намояндагони воситаҳои ахбори омма дар инъикоси раванди чорабиниҳои марбут ба интихобот нақши фаъол доранд. Тартиби иштироки онҳо ҳамчун намояндагони воситаҳои ахбори омма чӣ гуна аст? Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо мақсади пайдо намудани посух ба ин  савол Тартиби “Иштироки намояндагони воситаҳои ахбори хориҷӣ  ва маҳаллӣ  дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро,  ки аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2017 тасдиқ шудааст, варақгардон намуд.

Дар Тартиби мазкур, аз ҷумла чунин омадааст: «Намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳуқуқ доранд, ки дар участкаҳои интихоботӣ, бинои овоздиҳӣ, аз ҷумла ҳангоми овоздиҳӣ, ҳисоби овозҳои интихобкунандагон, муқаррар намудани натиҷаҳои овоздиҳӣ ва интихобот ҳузур дошта бошанд. Бо натиҷаи баррасии арзу шикоятҳо вобаста ба вайрон кардани қонунгузории интихобот шинос шаванд, ба намояндагони комиссияҳои интихобот, бе дахолат ба кори онҳо, оид ба мушоҳидаҳои худ иттилоъ диҳанд. Ҳамчунин  баъди ба анҷом расидани овоздиҳӣ ақидаи худро оид ба омодагӣ ва баргузории интихобот ошкоро изҳор намоянд».

Дар санади мазкур ҳамчунин иттилоъ дода  шудааст, ки «намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳуқуқ надоранд ҳангоме ки интихобкунандагон дар бюллетенҳои интихоботӣ қайдҳои худро мегузоранд, дар ҳуҷраи овоздиҳӣ ҳозир бошанд. Дар рўзи интихобот ба интихобкунандагон таъсир расонанд, ягон хел мавод ё адабиёти таблиғотиро паҳн намоянд, дар ҷараёни баргузории овоздиҳӣ нисбат ба ҳизбҳои сиёсӣ, номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалияте баён намоянд. ҳамчунин онҳо ҳуқуқ надоранд, ки аз интихобкунандагон ба тарафдории кӣ овоз додани онҳоро пурсанд, ба интихобкунандагон бюллетенҳои  интихоботиро супоранд,  бо хоҳиши интихобкунанда барои гирифтани бюллетен имзо гузоранд, амале содир намоянд, ки махфӣ будани овоздиҳиро халалдор созад ва  ба кори комиссияи интихоботӣ монеъ шаванд, дар ҳисоби бюллетенҳо, ки аз тарафи аъзои комиссияи участкавии интихобот анҷом дода мешавад, бевосита инчунин  дар қабули қарори комиссияи дахлдори интихоботӣ иштирок намоянд».

Барои иштирок дар рӯзи интихобот намояндагони воситаҳои ахбори омма аввал кадом амалро бояд анҷом диҳанд?

Дар посух ба ин савол дар санади  зикршуда чунин омадааст:» Намояндагони воситаҳои ахбори хориҷӣ ва маҳаллӣ  дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадоранд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳуриро  эҳтиром ва риоя намоянд».

Тибқи тартиби  мазкур  намояндагони воситаҳои ахбори хориҷӣ барои амалӣ намудани фаъолият дар раванди интихобот бояд барои бақайдгирӣ ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зерин: мактуби намояндагии воситаҳои ахбори хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, нусхаи шиноснома ва шаҳодатномаи намояндаи воситаи ахбори хориҷӣ,  нусхаи ҳуҷҷате, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудани воситаи ахбори хориҷӣ ва намояндагони онро тасдиқ мекунад,  пешниҳод намоянд.

Аз рўи натиҷаи санҷиши ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида ба намояндагони воситаи ахбори хориҷӣ ва маҳаллӣ шаҳодатномаи шакли муқаррарнамудаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

— Дахолати намояндагони воситаҳои ахбори омма ба кори комиссияҳои интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст. Бо талаби аъзои комиссияи интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва намояндагиашонро аз воситаҳои ахбори омма пешниҳод менамоянд, — дарҷ гардидааст дар  Тартиби тасдиқшудаи мазкур.

Февраль 26, 2020 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид