Дар Душанбе чораҳои пешгирикунанда вобаста ба хуруҷи COVID-19 ва таъсири он ба соҳаи сайёҳӣ баррасӣ гардиданд

Апрель 15, 2020 08:50

ДУШАНБЕ, 15.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Чораҳои пешгирикунанда вобаста ба хуруҷи COVID-19 ва таъсири он ба соҳаи сайёҳии мамлакат дирӯз зимни ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаи фаъолият дар семоҳаи якум ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюми соли 2020 баррасӣ гардиданд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар медиҳад, ки дар кори ҷаласа оид ба ҷараёни иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 дар давраи семоҳаи якуми соли 2020 ва таҳияи лоиҳаи Барномаи рушди суръатноки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказӣ ҳисобот доданд.

Зикр гардид, ки паҳншавии вируси COVID-19 дар як муддати кӯтоҳ ба гардиши сайёҳон ба ҷумҳурӣ таъсири манфӣ расонида, раванди хизматрасонии субъектҳои хоҷагидори сайёҳӣ, ҷойҳои кори кормандони онҳо, фурӯши бастаҳои хизматрасониҳо, кам гардидани таблиғот дар бозорҳои сайёҳӣ ва дарёфти шарикони нави ҳамкор, раванди таъсиси ширкатҳои сайёҳӣ, кашфи бозорҳои нави сайёҳӣ дар минтақа ва ҷаҳон, иштирок дар намоишгоҳҳои сатҳи ҷаҳонӣ осебпазир гардиданд.

Дар ин замина барои муайян намудани хисороти ҳолати бавуқӯъомода байни субъектҳои соҳаи сайёҳӣ аз ҷониби Кумита пурсиши хаттии фаврии ширкатҳои сайёҳӣ гузаронида шуд ва натиҷаҳои пешакии пурсишнома аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар марҳилаи сипаришуда буҳрони иқтисодӣ ба нақшаҳои қабули сайёҳони субъектҳои хоҷагидори соҳаи сайёҳӣ дар соли 2020 таъсири манфӣ расонидааст.

«Бо вуҷуди вазъи баамаломада, таваҷҷуҳи сайёҳон ва ҷаҳонгардон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон устувор боқӣ мемонад. Дар марҳилаи ҳисоботӣ тибқи маълумоти Қӯшунҳои сарҳадӣ 296 148 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба мамлакат бо мақсадҳои гуногун ворид шудаанд. Ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 94 065 нафар зиёд мебошад. Тибқи ҷадвали ҳисоботи омории Қӯшунҳои сарҳадӣ, бо мақсади сайёҳӣ дар се моҳи соли 2020 аз 86 давлати хориҷи дур 4278 нафар ва аз 10 давлати ИДМ 2611 нафар, дар маҷмуъ 6889 нафар ташриф овардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 338 нафар кам мебошад. Марҳилаи ҳисоботӣ фарогири ташрифи шаҳрвандони хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2019 то 20 марти соли 2020 мебошад», — зикр шуд дар ҷаласа.

Новобаста ба вазъи буҳронҳои ҷаҳонӣ бо шарофати ташаббус ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар семоҳаи якуми соли 2020 Тоҷикистон мувофиқи иттилои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва шабакаҳои хабарии ҷаҳонӣ дар арсаи байналмилалӣ мавқеи намоён касб намуд.

Дар назарсанҷии маҷаллаи байналмилалии бонуфузи «Lonely Planet» миёни 10 минтақаи беҳтарини саёҳат ва сафар Шоҳроҳи Абрешими Осиёи Марказӣ дар мақоми аввал қарор гирифт. Ин назарсанҷиро «Lonely Planet» дар нашрияи солонаи худ вобаста ба 10 кишвари беҳтарини саёҳат, шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ, минтақаҳои беҳтарин ва арзишҳои беҳтарини саёҳат ва сафар арзёбӣ намудааст. «Lonely Planet» яке аз нашрияҳои бузурги англисзабон буда, аз соли 1972 фаъолияти худро оғоз намуда, қариб 300 муаллиф дорад ва  қароргоҳаш дар Австралия воқеъ мебошад.

Маҷаллаи сайёҳии бритонии “Вандерласт” (“Wanderlust”) дар соли 2020  7 муъҷизоти зебои табиӣ дар Тоҷикистонро муаррифӣ ва барои боздиди сайёҳон эълон кард, ки инҳо- пиряхи “Федченко”, “Гармчашма”, “Искандаркӯл, кӯли “Сарез”, долони “Вахон”, “Қарокӯл” ва “Чапдара” мебошанд.

Тоҷикистон дар рейтинги Индекси ҷаҳонии сулҳ, ки Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёт ва сулҳ (The Institute for Economics and Peace) таҳия намудааст, 12 зина боло рафт. Тоҷикистон дар байни 163 кишвар ҷои 105-умро ишғол намуд.

Шӯрои иттифоқи нависандагони сафар ва саёҳати кишварҳои ҳавзаи Уқёнуси Ором (PATWA), ки яке аз ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ дар соҳаи сайёҳӣ эътироф шудааст, моҳи марти соли 2020 Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати устувор ва осебнопазир барои саёҳат эълон намуд.

Ҳамчунин дар кори ҷаласа мудирони шуъбаву бахшҳои сайёҳии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, минтақаи Рашт ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияташон гузориш доданд.

Тарғиби бештари омилҳои таърихиву фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ, истироҳативу табобатӣ ва экологии Тоҷикистон барои ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳони дохилӣ бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои дар ин соҳа пешрафта, таҳия ва такмили нақшаҳои зиддибуҳронии соҳаи сайёҳӣ, такмили омор, муайян намудани қисми даромади сайёҳӣ дар хизматрасониҳои нақлиёт, хӯрокворӣ, меҳмонхонаҳо ва дигар хизматрасониҳои сайёҳӣ, баргузории ҳамоишҳо бо субъектҳои хоҷагидори соҳаи сайёҳӣ оид ба таҳияи хатсайрҳои нави сайёҳӣ, татбиқи самараноки бандҳои Нақшаи чорабиниҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2022 аз вазифаҳои умда дар семоҳаи дуюми имсол арзёбӣ гардид.

Апрель 15, 2020 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Маҷористон ҳамкориро дар соҳаи авиатсия рушд медиҳанд
«ХАТЛОН ИНВЕСТ-2024». Дар шаҳри Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ доир мегардад
Дар Брюсел фаъолияти CANSO дар нимаи аввали соли 2024 натиҷагирӣ гардид
Ҷаласаи дуюми Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву сабзазоркунӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Хоруғ ситоди махсуси Форуми соҳибкорию сармоягузории «Помиринвест-2024» таъсис ёфт
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз тарафи геологони тоҷик ба 340 хоҷагӣ пешниҳоди кӯчидан ба ҷойи бехавф дода шуд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои роҳбарикунандаи Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад
Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» аъзои SOCEA гардид
Дар Душанбе тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи рақамисозӣ ва рушди логистика байни Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ гардид
Тоҷикистон аз давлати аграрӣ ба мамлакати индустриалӣ — аграрӣ табдил дода мешавад. Эҳдо ба Рӯзи кормандони соҳаи металлургӣ
«Ҷавоҳироти заргарии Зарафшон» маҳсулоти заргарии мутобиқ ба талаботи бозорҳои байналмилалӣ истеҳсол менамояд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда баррасӣ гардид