«Сарчашмаи саодат» — аксияи намоиш ва фурӯши китобҳои тозанашр дар Суғд
ДУШАНБЕ, 17.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф аксияи намоиш ва фурӯши китобҳои тозанашр таҳти унвони «Сарчашмаи саодат» баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маркази иттилоот ва таҳлили КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд хабар доданд.
Дар аксия дар баробари дигар кумитаҳои иҷроияҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ва 150 ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Хуҷанд ширкати фаъолона дошта, ба маблағи 33 ҳазору 712 сомонӣ 1 ҳазору 265 китоб хариданд. Махсусан кумитаҳои иҷроияи ибтидоии ба номи Бобоҷон Ғафуров, «Сомон», «Осимӣ», «Инқилоб», ташкилотҳои ибтидоии «Амонатбонк», Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд, беморхонаи вилоятии Суғд, «Ҷавонӣ», Маркази саратоншиносӣ дар аксия фаъолнокӣ зоҳир намуданд.
Дар расми ифтитоҳи ҳамоиш дар баробари иштироки Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Матлубахон Сатториён, муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ, шоирони халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, Аҳмадҷони Раҳматзод, инчунин муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода ширкат варзид. Барои иштироки фаъолона ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Сипоснома ва ҳамчун нишони қадршиносӣ китобҳои тозанашр аз ҷониби кумиҷроияи вилоятӣ тақдим гардиданд.








«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд






