Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз ноҳияҳои Ҷайҳун, Панҷ ва Ҷалолиддини Балхӣ боздид намуд
ДУШАНБЕ, 23.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои кишоварзӣ, фаъолияти деҳқонон, истифодаи самарабахши заминҳои кишт ба ноҳияҳои Ҷайҳун, Панҷ ва Ҷалолиддини Балхӣ сафар карданд. Дар ин бора аз шуъбаи таҳлилию иттилооти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Юсуф”-и Ҷамоати деҳоти “Қумсангир”-и ноҳияи Ҷайҳун, ки 6 нафар саҳмдор дорад, ба Сарвазири мамлакат иттилоъ доданд, ки ба ихтиёри хоҷагӣ се гектар қитъаи замин вобаста гардида, дар майдони 1,5 гектар пиёз, 1,0 гектар полезӣ ва 0,5 гектар кишти пахта ба роҳ монда шудааст. Кишоварзони ин хоҷагӣ таҷрибаи ғании парвариш ва истеҳсоли маҳсулоти барвақтиро дошта, ҳар сол ҳосили хуб ба даст меоранд.
Қоҳир Расулзода бо гурӯҳи корӣ инчунин аз ҷараёни сохтмони майдони Парчам, мағозаи аграрии “Бобои деҳқон” дар Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ дидан намуданд. Сутунпояи Парчам бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ тариқи ҳашар ба истифода дода мешавад, ки маблағи лоиҳавии он 3 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Фурӯшгоҳи аграрии “Бобои деҳқон” аз тарафи соҳибкор Раҳимҷон Умаров бо сарфи 300 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст. Айни ҳол 3 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, дар ин мағоза бештар фурӯши тухмиҳои зироати кишоварзӣ ба роҳ монда шудааст.
Зимни боздиди Сарвазири мамлакат аз хоҷагии деҳқонии “Миршариф”, ки дорои 45 гектар қитъаи замин буда, самти фаъолияташ боғпарварӣ мебошад, иттилоъ доданд, ки дар 25 гектар замини ин хоҷагӣ писта ва дар 20 гектараш бодом шинонида шудааст. Ба қавли роҳбари хоҷагӣ Миршариф Шарифов, дар ин мавзеъ 13 ҳазор бех пистаи пайвандии аз Туркия овардашуда ва 300 бех зайтун шинонида шудааст. Ниҳолони бодом аз Афғонистон дастрас гардидаанд. Аз ҷониби соҳибкор ба ин мавзеи беоб аз масофаи 4,5 километр об оварда шуда, ниҳолони писта бо усули обёрии қатрагӣ парвариш карда мешаванд.
Қоҳир Расулзода ҳамчунин аз кишти зироати равғандеҳ дар деҳаи “Озодӣ”-и Ҷамоати деҳоти “Панҷ”-и ноҳияи Ҷайҳун дидан намуд. Масоҳати умумии майдони кишти маъсар дар ин мавзеъ 315 гектарро ташкил дода, кишти ин навъи маҳсулоти равғандеҳ аз ҳисоби ширкати “И.Сомонӣ — асри 21”, ҶДММ “САЛОСА” гузаронида шудааст. Зироати мазкур нашъунамои хуб дорад.
Дар ноҳияи Панҷ Сарвазири мамлакат ва раиси вилоят аз сарбанди шабакаи обёрии Келянчии кӯҳна ва Келянчии нав дидан намуданд. Сарбанди шабакаи обёрии Келянчии кӯҳна соли 1936 ба истифода дода шуда, дарозиаш 4,5 км, қудрати обгузарониаш 12,0 метри мукааб дар як сония ва Келянчии Нав бо дарозии 32,9 км, қудрати обгузарониаш 15,0 метри мукааб дар як сонияро ташкил медиҳад. Ин шабака майдони 3836 гектарро обёрӣ мекунад.
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз ҷараёни сохтмони маҷмааи варзишӣ ва иншооти иҷтимоии фарҳангии сохташаванда дар шаҳраки Балх дидан намуд.
Ба ҶСП «Ширкати Холдингии Исмоили Сомонӣ» дар маҷмӯъ дар майдони 25 гектар дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои сохтмони иншооти болозикр ҷудо карда шудааст.
Сохтмон дар ин мавзеъ айни замон ба таври комплексӣ амалӣ шуда истодааст. Иншооти калонтарини он — маҷмааи варзишӣ ба ҳисоб меравад. Майдони маҷмааи варзишӣ 11,0 гектарро дар бар гирифта, маблағи сохтмони он 36 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар он 15000 ҷойи нишаст барои тамошобинон пешбинӣ шудааст.
Дар назди ин маҷмааи варзишӣ сохтмони мактаб-литсейи президентӣ бо 2 хобгоҳи чорошёна барои хонандагон ва омӯзгорон, як муассисаи томактабии сеошёна барои 330 нафар кӯдак, як хонаи бисёрошёнаи 25-ҳуҷрадор ва ду хонаи бисёрошёнаи 50-ҳуҷрадор айни замон сохта шуда истодаанд.
Тибқи нақша, маҷмааи варзишӣ ва мактаб-литсейи президентӣ бо 2 хобгоҳи чорошёна соли 2020 ба истифода дода мешаванд.
Айни замон сохтмони ду ошёнаи намои маҷмааи варзишӣ аллакай ба анҷом расида, ошёнаи сеюм оғоз гардидааст. Маҷмӯа аз ду тараф дуошёна буда, аллакай сохтмон ба анҷом расидааст. Дар ҷойҳои нишаст бетонрезӣ идома дорад. Тавре ки масъулон иттилоъ доданд, дар иншооти мазкур 60 фоизи корҳо ба анҷом расидаанд.
Сохтмони ошёнаи якуми мактаб-литсей идома дошта, сохтмони ошёнаи якуми хобгоҳҳо, ки ҳар се иншоот дар алоҳидагӣ дар наздикии якдигар ҷойгир шуда, маблағи умумии 23 миллион сомониро дар бар мегиранд, идома дорад.
Дар муассисаи томактабии сеошёна барои 330 нафар кӯдак бунёди таҳкурсӣ ба анҷом расида, сохтмони ошёнаи якум идома дорад. Дар ҳамаи иншооти зикргардида сохтмон бо маром идома дорад.
Сарвазири мамлакат ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати муқарраргардида ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ ба масъулон дастур дод.
Зимни боздид аз фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварии ба номи Сафар Ҷумаев ва Н. Беков Сарвазири мамлакат бо аҳли ин хоҷагӣ суҳбат карда, онҳоро ба саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ тавассути истифодаи оқилонаю пурсамари замин, васеъ намудани майдони кишт ва ба даст овардани ду-се ҳосил дар як сол даъват намуд.
Майдони умумии кишти хоҷагии тухмипарварии ба номи Сафар Ҷумъаев, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти “Узун” 1974,0 гектарро ташкил дода, аз он дар масоҳати 1300 гектар пахта, 170 гектар гандум, 22 гектар ҷав, 15 гектар ҷуворимаккаи дон, 15 гектар картошка, 4 гектар сабзавот, 3 гектар пиёз, 8 гектар полезӣ ва як гектар дигар намуди зироат кишт карда шудааст. Майдони боғ 100 гектарро ташкил медиҳад.
Дар хоҷагии ба номи Н. Бекови Ҷамоати деҳоти “Навобод” дар майдони умумии 1506 гектар, аз он 980 гектар пахта, 130 гектар гандум, 5 гектар ҷав, 6 гектар офтобпараст, 27 гектар картошка, 30 гектар сабзавот, аз он пиёз 20 гектар, 10 гектар сабзӣ, 7 гектар полезӣ ва 47 гектар зироати хӯроки чорво кишт карда шудааст.
Сарвазир Қоҳир Расулзода ба фаъолияти хоҷагидорон баҳои баланд дода, масъулинро барои боз ҳам беҳтар намудани сифати маҳсулот ва таъмини бозори дохилию хориҷӣ бо сабзавоти хуштамъу босифат ҳидоят намуд.
Аксҳо аз ҷараёни сафари Сарвазири мамлакат ба ноҳияҳои Ҷайҳун, Панҷ ва Ҷалолиддини Балхӣ