«Тиргон ва биниши тоҷикони бостон»,-шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ,23.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Баргузории Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъйин, озод ва интихоб намудани роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ ва аъзои Маҷлиси миллӣ, ҷараёни корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз сироятёбӣ ба коронавирус аз ҷумлаи муҳимтарин маводи матбуоти даврии Тоҷикистон мебошанд, ки давоми ҳафтаи сипаригардида ба нашр расиданд.
Шарҳи мухтасари хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ин бора.
Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» дар шумораи №74 (23 929) панҷшанбе, 16 апрел таҳти унвони «Тиргон ва биниши тоҷикони бостон» маводи таҳлили ба нашр расонидааст, ки аз таърихи ҷашнҳи миллии тоҷикон нақл мекунад.
Муаллифи мавод устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Зафар Мирзоён буда, аз ҷумла навиштааст: «Ҷашнҳои куҳани мо реша дар замони Пешдодиён дошта, аз боварҳои тоҷикону ориёитаборони бостон — оини Меҳр сарчашма гирифтаанд».
Ба нигоштаи мавсуф, ин ҷашнҳои бузурги гузаштагони мо ба замони сарварии подшоҳони давлатсози тоҷик нисбат доранд. Чуноне ки нахустин баргузории ҷашни Наврӯз ба замони шоҳии Ҷамшед, ҷашни Сада ба замони Ҳушанг, ҷашни Меҳргон ба замони шоҳии Фаридун, ҷашни Тиргон ба Ораши камонвар ва низ ба пиндори дигар ба замони Кайхусрав нисбат дода шудаанд.
«Ҷашнҳои бостонии мо бештар ба гардиши Офтоб, дар зимн, ба кишоварзӣ пайвастагӣ доштанд ва мардум ҳар фоли неку арҷгузориҳое, ки анҷом медоданд, ба ҷараёни гармибахшии Офтоб, обшор сохтани киштаҳо, бардошти ҳосили фаровон ва монанди он нигаронда шудаанд. Аз ин рӯ, дар ҷашнҳои бостонии мо, пеш аз ҳама, дарозии шабу рӯз, яъне замони таъсиргузории Офтоб ба замин ва киштаҳои мардумонро ба назар мегирифтанд», — нигоштааст Зафар Мирзоён.
Устоди донишгоҳ дар идома навиштааст ки ҷашни Тиргон низ пайвастагӣ ба рӯзест, ки киштварзон барои дарави гандум омода мешуданд. Он рӯз ҷорчӣ (нодӣ) ба мардум хабар мерасонд, ки замони дарави гандум фаро расидааст ва ҳама мардумони гандумкошта дар хирманҷой гирди ҳам оянд. Як пирамарди огоҳу донову поктинат, ки дар миёни мардум аз обрӯ бархӯрдор аст, маросими дарави гандумро оғоз мекунад. Пеш аз оғози дарав маросими оштӣ додани одамони бо ҳам кудуратдошта сурат мегирад. Бо супориши он пирамарди огоҳ кишоварзи барӯманде бо пошидани косаи об аввалин дастаи гандумро дарав мекунад ва сипас даравгарон (даравгарони кӯҳнишин бо хондани таронаи «Мандоғ») ба дарав мепардозанд.
«Шоиста ба гуфтан аст, ҷашни тоҷикони бостон — Тиргон ҳоло низ дар рӯзгорони мо, ҳангоме ки хушксолӣ сайёраи Заминро таҳдид мекунад, ҷойгоҳи худро гум накардааст. Ба пиндори мо, ба ҷашни Тиргон бо ёдоварӣ аз суннатҳои куҳан, ташаббусҳои беҳамтои Роҳбари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди гиромидошту нигаҳбонии обҳои пок, мундариҷаву муҳтавои тоза метавон бахшид»,- хулоса намудааст Зафар Мирзоён.
Хонандагони «Ҷумҳурият» имкон доранд оид ба амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъйин, озод ва интихоб намудани роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ ва аъзои Маҷлиси миллӣ, иштирок ва суханронии Сарвари давлат дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, интихоб гардидани муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, байналхалқӣ ва фарҳангию гуманитарӣ маводи сершумор мутолиа намоянд.
Нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- «Садои мардум» дар шумораи нашри рӯзи шанбе, 18 апрел оид ба баргузории Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум ва иштироку суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори он гузориши муфассал ба нашр расонидааст.
Хонандагони нашрия метавонанд дар ин шумора оид ба баргузории ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум маълумоти муфассал дарёфт намоянд.
Аз ҷумла, гуфта мешавад, ки дар ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум як қатор фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъйин ва озод намудани аъзои Ҳукумати мамлакат тасдиқ гардиданд.
Нашрияи расмии русзабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Народная газета» дар шумораи нашри 22 апрел як қатор фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба нашр расонидааст
Инчунин нашрия бахшида ба моҳи шарифи Рамазон зери сарлавҳаҳои «Накануне Рамазана введены ограничительные меры» ва «За каждый недовешенный грамм товара придется ответить» маводи ҷолибро пешкаши хонандагон гардонидааст.
Хонандагони «Народная газета» имкон доранд дар ин шумора бахшида ба 142 – солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ бо матлаби «Заслуга Садриддина Айни в становлении нового государства таджиков» шинос шаванд.
Дар шумораи навбатӣ инчунин мавод оид ба пешгирии бемории сироятии коронавируси нав (COVID-19 ) – «Резко возросло количество сезонных заболеваний», «Меры по профилактике коронавируса в Согде», «В Хатлоне прошли разъяснительные работы» ва «Чрезвычайная противоэпидемическая комиссия в столица» нашр гардиданд.
«Народная газета» инчунин маводро бахшида ба Рӯзи пойтахт – шаҳри Душанбе, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, 30 –солагии Истиқлолияти давлатӣ, иктисодиёт ва саноат, маориф, Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва ғайра ба нашр расонидааст.
Хонандагони нашрияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе «Мароми пойтахт» метавонанд оид ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, зарарҳои телефони мобилӣ, рушди тафаккури техникӣ, такмили ихтисос ва сифати таҳсилот ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз маълумоти муфид ба даст оранд.
Рӯзномаву ҳафтаномаҳои дигари даврии Тоҷикистон, аз қабили «Минбари халқ», «Халқ овозӣ», «Омӯзгор», «Бадахшон» «Ҳақиқати Суғд», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Боҷу хироҷ», «Чархи гардун», «Авиценна» ва ғайра оид ба муҳимтарин мавзӯъҳо, аз қабили пешгирии интиқол ва паҳншавии бемории сирояти коронавирус, корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат, саноатикунонии босуръат, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ғайра маводи сершумор нашр намудаанд.
Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»