Дар Бохтар ташхисгоҳи нави вирусологӣ ба фаъолият оғоз намуд

Май 27, 2020 09:03

ДУШАНБЕ, 27.05.2020. /АМИТ Ховар/. Дирӯз дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар ташхисгоҳи нави вирусологӣ ба фаъолият шурӯъ кард. Ташхисгоҳи мазкур бо мақсади муайян намудани бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 таъсис дода шуда, имкони дар як шабонарӯз гузаронидани 150-200 таҳлилро  дорад. Хизматрасонии ташхисгоҳ ройгон роҳандозӣ хоҳад шуд.

Дар ин бора сардори шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Носирҷон Маъмурзода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон Нурулло Бояков иброз намуд, ки  ташхисгоҳи мазкур бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар назди ташхисгоҳи амалкунандаи Марказ таҳти роҳбарии ӯ ба кор оғоз кард.

Н. Бояков ҳамчунин иттилоъ дод, ки мутахассисони ташхисгоҳ аз курси махсуси омӯзишӣ дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи тиббии профилактикии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаштанд.

— Айни замон мутахассисони пажӯҳишгоҳи мазкур дар ин ташхисгоҳ ба мутахассисони мо тарзу усули гузаронидани таҳлилҳоро меомӯзанд, — афзуд номбурда.

Дар шаҳри Кӯлоб низ барои муайянсозии бемории COVID-19 чунин  ташхисгоҳи вирусологӣ ба кор шурӯъ кард ва акнун дар ҳудуди вилояти Хатлон анҷом додани ҳамаи ин гуна таҳлилҳо имконпазир гардид. Қаблан намунаи таҳлили гумонбарони бемории COVID-19 барои ташхис ба шаҳри Душанбе фиристода мешуд.

Май 27, 2020 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон