Дар Тоҷикистон Махзани (портали) ягонаи миллӣ оид ба COVID-19 боз гардид

Май 16, 2020 12:37

ДУШАНБЕ, 16.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 15 май Махзани (портали) ягонаи миллӣ оид ба коронавируси Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон covid.tj ба фаъолият оғоз намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Портали мазкур бо ду забон буда, дар он минбаъд омори гирифторон ва фавтидагони сирояти навъи нави коронавируси COVID-19 дар Тоҷикистон низ нашр хоҳанд шуд.

Ба ҷуз аз омор дар он ҳамчунин аломатҳои бемории коронавирус, тавсияҳо доир ба роҳҳои пешгирии он, рақамҳои телефонҳои боварӣ барои алоқаи фаврӣ ва саволу ҷавобҳои марбут ба мавзӯи ин беморӣ ҷой карда шудаанд.

Шаҳрвандон минбаъд метавонанд маълумоти саҳеҳ ва санҷидашударо вобаста ба бемории COVID-19-ро дар Тоҷикистон аз ин сомона низ  дастрас намоянд.

Май 16, 2020 12:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон