ДУШМАНӢ БО ОФТОБ АЗ АБЛАҲИСТ. Ва ё дар ин замона бояд аз мамлакат, миллат ва Сарвари хеш дифоъ кард

Май 13, 2020 17:19

ДУШАНБЕ, 13.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Пандемияи ҷаҳонии коронавирус ҷангҳои ҷаҳониро ба хотир меорад. Дар ин айём низ чун дар замони задухӯрдҳои мусаллаҳонаи хонумонсӯз кӯчаҳо, ҷодаҳо, шаҳрҳои бузург холӣ ба назар мерасанд, сарҳадҳо баста шудаанд,    одамоне, ки эҳтиётро аз даст медиҳанд, ба гирдоби ин бало афтида, ҳалок мешаванд, бӯҳрони иқтисодиёти ҷаҳон торафт амиқтар  мегардад, бисёр зовияҳои оламро хавфи гуруснагии шадид таҳдид мекунад…

Дар замони ҷангҳои ҷаҳонӣ зиндагии одамон ва худи  одамон дигар мешаванд, сар ба андеша мениҳанд,  дар ниҳодашон эҳсоси муҳаббат ба ҳамдигар бедор мешавад,  даст ба кумаку накӯкорӣ мезананд ҳама аз як гиребон сар бароварда,  барои ҳифзи нангу номи Ватани хеш дар атрофи ҳукуматашон муттаҳид мегарданд, қаҳрамонию ҷоннисориҳо мекунанд, то бар душмани худ ғолиб оянд.

Дар замони ҷангҳои ҷаҳонӣ хурдтарин нобоварӣ ба қувваю иқтидори  кишвари худ, хурдтарин беэътиноӣ ба иттиҳоди халқи худ, хурдтарин иттиҳом ба роҳбарони худ хиёнат ба Ватан дониста мешавад.

Дар ин рӯзҳо, ки душмани қаттол – COVID-19 – панҷа ба домони кишвари мо задааст, иддае аз ҳамватанони мо аз хориҷи мамлакат ба амалҳои Ҳукумати мамлакат бар зидди ин вабои аср бо чашми нобоварӣ менигаранд, кишвари худро дар назди бегонагон мазаммат мекунанд, дар ҳаққи Пешвои фидокори миллат носазо мегӯянд, ба ҷои дилбардорӣ мардумро ба тарсу таҳлука меандозанд. Онҳо дидаю дониста, сафедро сиёҳ гуфта, чунин кор мекунанд, зеро медонанд, ки тарсу ҳарос ва яъсу ноумедӣ боиси шикасти одамон мегардад. Мақсадашон ҳамин аст. Чуноне тоҷикон мегӯянд: «Бузро ғами ҷон, қассобро ғами чарбу».

Вале Офтобро бо доман пӯшида намешавад, некӣ бар бадӣ ҳамеша ғолиб меояд. «Бигзарад ин рӯзи сахту монад он рӯи сиёҳ».

Тоҷикистон фарзандони шуҷоу далер бисёр дорад, онҳо бо пуштибонӣ аз давлату Ҳукумати кишварамон ҳоло  ҷоннисорона ва мушкилнописандона  дар роҳи дафъ сохтани ин душмани ҷони инсонҳо  шабу рӯз кӯшиш ба харҷ медиҳанд: яке бо дорую дармон ва шабҳои бедорхобӣ, дигаре бо зӯри каланд ва офаридани нозу неъмат барои пур кардани дастархони мардум, саввумӣ бо қалам, китоб ва илму дониш…

Шоири шаҳири тоҷик Ҳабиб Юсуфӣ аз корзори Ҷанги дуюми  ҷаҳон навишта буд:

Вақти он аст, эй қалам, буррандатар гардӣ зи теғ,
Вақти он аст, эй сухан, ғуррандатар гардӣ зи барқ,

То ба душман ҳамла орам, решааш бурӣ зи бех,
То расӣ, манҳус анчарро кунӣ бешоху барг!..

Ҳоло бахшида ба ин мавзуъ як нигоштаи ба суроғаи АМИТ «Ховар» ирсолнамудаи яке аз  садҳо фарзандони далери кишварамонро, ки исмаш ҳам Далер аст, дар зер пешниҳоди хонандагон мегардонем.

Неши ақраб на аз пайи кин аст,
Муқтазои табиаташ ин аст.

Бо чунин мисраъҳо шурӯъ намудани матлаб аз ҷониби банда тасодуфӣ нест. Зеро он қодир аст тинат ва феълу атвори ашхосеро, ки сафсатаҳояшон сабаби рӯйи қоғаз омадани андешаҳои банда гашт, бозгӯйӣ намояд. Сухан сари ақрабоне меравад, ки дар қиболи некӣ бадиро раво донистаанд. Вақте сабаби чунин амалкардро пурсон мешаванд, маълум мешавад, ки ин иқдом на пайи кин, балки дар заминаи талаботи табиати ақраб амалӣ шудааст.

Муболиға нахоҳад буд, агар гӯям, ки чунин хислат сад дарсад ба ватанозору ватанбезорон, ки дар хориҷ аз мамлакат санги маломат сӯи мо меандозанд, арзанда аст. Аслан нияти вокуниш зоҳир намудан ба андешаҳои сафсатаомез ва аз ҳақиқати воқеӣ фарсахҳо дурро надоштам, зеро тавваҷҷуҳ ба онҳо сарфи беҳудаи вақт ва харҷи барабаси неруи зеҳнӣ аст, на чизи дигар.

Муаллиф — Далер МЕРГАНОВ

Вале, «шарҳ» ва «эзоҳ»-и чеҳраҳои «ошно» (намехоҳам он номҳоро ин ҷо оварам, зеро ин барояшон тарғиб хоҳад буд) дар бораи Пешвои миллат, ки марзи журналистикаи касбиро бо тамоми арзу тӯлаш дағалона убур намудаву ба ҳаёти шахсии нафаре, ки тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад, дасти таарруз дароз намудаанд, маро водор намуд, ки чанд андешаро пешниҳоди хонандагони закӣ намоям.

Ба ҳукми анъана даромадааст, ки тамоми иттиҳоми ин қабил баъд аз чанд лаҳза мисли ҳубоби рӯи об нопадид мегардад. Ин дафъа гирди номи Пешвои миллат ҳангома сохтанӣ шуданд. Ҳадаф якто – коштани тахми нобоварӣ миёни шаҳрвандон. Зеро ин қабил ҳарчанд эътироф намекунанд, вале хуб медонанд, ки Пешвои миллат миёни мардум маҳбубияти зиёд доранду дилхоҳ иттилои ба ин Абармард дахлдошта таваҷҷуҳбарангез аст. Хушбахтона, ин навбат низ тирашон хок хӯрд, шарманда буданд, сарафкандатар шуданд…

Банда интизор будам, ки шахсони масъул ва нухбагони аҳли зиёи мамлакат, ки аз меҳрубонӣ ва лутфу марҳамати Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври ҳамешагӣ бархӯрдоранду посух гуфтан ба ин сафсатаҳо вазифаи ҷониашон аст, дар ин ҷода иқдом мекунанд. Афсӯс…

Воситаҳои ахбори оммаи мамлакат низ, ки аксар маврид аз рӯйдоду воқеоти аз лиҳози моҳият ба як фулус намеарзида ҳангома месозанд, ба истиснои АМИТ “Ховар”, «ба даҳон об гирифтаанд».

Шояд онҳо ба он назаранд, ки «саг меҷакаду корвон ба роҳаш идома медиҳад». Нафаре аз дӯстон иброз дошт, ки ин дар замони пеш буд, ки «саг меҷакиду корвон ба роҳаш идома медод». Ҳоло бошад бо рушди ҷомеа ва тақозои замон ин омил низ такмил ёфта, сари вақт вокуниш зоҳир намудан ва муҷозот намудани «саг» ногузир аст. Банда бо ӯ комилан ҳамфикрам. Бо ин тарз таҳқир намудани як нафар, ки ба назари банда дар маҷмӯъ таҳқири миллат маҳсуб меёбад, ба ҳеҷ ваҷҳ бояд бе посух намонад. Маҳз хомӯширо ихтиёр намудани мо дар аксари маврид аз ҷониби ин “аллома”-ҳо суиистифода шуда истодааст. Ин моем, ки рафторҳои ноҷавонмардонаи онҳоро то ин ҳадд таҳаммул мекунем. Бигзор номбурдагон дар мавриди сиёсати Ҳукумати мамлакат андешаҳои танқидомезашонро дар заминаи риояи мақаррароти мавҷуда бо пешниҳоди далелу арқоми асоснок иброз намоянд. Ин ҳаққи шаҳрвандии онҳост ва касе ба ин нафарони «озодандеш» монеа эҷод намесозад. Вале бо ин тарз пешниҳоди “иттилоъ” ва таҳмили андешаҳои муғризона ба сари бинандагон, ки қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санаду қавоини байналмилалиро дағалона вайрон намуда, дар маҷмӯъ ба ҳаёти шахсии Пешвои миллат дахл намудааст, ҳаргиз қобили қабул нест.

Хуб дарк менамоям, ки пешравиҳои давлати азизи мо барои ин қабил мисли кордест, ки ба гӯшту нохунаш расидааст, хорест, ки муназзам ба дидагонаш мехалад ва устухонеро шабеҳ аст, ки дар гулӯяшон дармонда. Табиист, ки бо ҳар роҳу васила мехоҳанд аз ин раванд интиқод кунанд. Бигзор бошад, вале на ба ин тарз. Миёни мардум маҳбубияти зиёд доштани Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ сабаби рашки онҳо шудааст. Вале «фаромӯш кардаанд, ки:

Обрӯ зотист Бедил, варна монанди гуҳар,
Муҳраи гил ҳам тавонад дар дили дарё нишаст.

      Дар маҷмӯъ, амалҳои ин “аллома”-ҳо «душманӣ бо офтоб аз аблаҳист»-ро шабеҳ аст. Итминонам комил аст, агар дар садри давлати Тоҷикистон аз арши аъло фаришта қарор дошта бошад ҳам, барои ин нафарон ба ҳеҷ ваҷҳ мақбул нахоҳад буд. Биноан, моро аз ин ҳазёнҳо бояд боке набошад, зеро:

Гар айби хоки поки Сиистон кунад касе,
Дарё палид менашавад аз даҳони саг.

Ман дар тавсифи шахсияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои мамлакатамон, ки бевосита ба номи ин Абармард рабт доранд, чизе намегӯям, зеро “чизе, ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест”.

Дар бораи Президенти ҷумҳуриамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таълифоти зиёде шудааст, ки ҳар кадом симои ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, абармарди муътабари олами сиёсат, меъмори сулҳи тоҷикон ва шахсияти хирадманду дурандешро бо усул, шева ва назокатҳои хоси худ бозгӯйӣ намудаанд.

Ба ҳар сурат бори дигар ба хонандагони закии рӯзнома ёдрас менамоем, ки оғози давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давраи мураккабу душвори гузариши мамлакат аз як сохт ба сохти дигар рост омада буд. Яъне, дар ин айёми басо ҳассос ва тақдирсоз Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи ташаккули давлатдории нав, шароити сангини ҷанги шаҳрвандӣ, харобиҳои баъд аз ҷанг ва душвориҳои дигарро паси сар мекард. Ба бахти тоҷику тоҷикистониён Эмомалӣ Раҳмон, сарфи назар аз ҷавонии худ, дар ҷодаи сиёсат аз ин ҳодисаву воқеаҳо аз душвортарин шароиту вазъият бо сарбаландӣ берун омаданд ва ба ин васила ягонагӣ ва тамомияти давлату миллатро ҳифз карданд.

Маҳз дар ин марҳилаи тақдирсоз обрӯву эътибори мавсуф афзуд ва дар ниҳоди сокинони мамлакат эътимоду боварӣ ба роҳе, ки ин абармард интихоб кардааст, мустаҳкамтар гардид. Эмомалӣ Раҳмон бо рафтору ибтикори ҳамарӯзаи хеш, суханони таъсирбахш ва рафтори намунавиаш ба шаҳрвандони мамлакат поквиҷдонӣ, масъулиятшиносӣ, посдории хотираи гузаштагон, меҳандӯстӣ ва худогоҳиро талқин намуда, бо ин хислатҳои неки худ роҳи пешрафти мардумро дар ҷодаи душворгузару пурфарозу нишеби таърихӣ мунаввар сохтаанд.

Бо ифтихору қаноатмандӣ зикр бояд сохт, ки маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот, ваҳдати миллӣ дар мамлакат  таъмину пойдор гардид, заминаҳои воқеӣ ва мустаҳкам баҳри бунёди пояҳои давлатдории муосир ва инкишофи бемайлони ҷомеа гузошта шуд, ки сабаби падид омадани як давлати воҳид, рӯ ба инкишоф ва дар низоми байналмилалӣ соҳибмақом гардид. Ҳамзамон таҳкурсии гузариш аз як низоми сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба низоми дигар фароҳам омад ва бо вуҷуди ҳама мушкилот давлати соҳибистиқлоламон муназзам рушд намуда истодааст ва пайванди ҷомеа бо ҷаҳони мутамаддини муосир, ки ҷавҳар ва асли онро низоми демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкил медиҳад, ба вуҷуд омад.

Бо итминон метавон гуфт, ки маҳз дар давраи навини давлатдорӣ шаҳрвандони мамлакат бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз имтиҳони ҷиддии таърих гузашта, баъди ҳазор сол боз аз сари нав баҳри пирӯзии Истиқлолияти давлатӣ Парчами Ватани азизамонро дар олам партавфишон намуданд, низоми давлатдориро дар ҷумҳурӣ устувор сохтанд, шохаҳои ҳокимиятро таҳким бахшиданд ва дар барпо намудани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ба дастовардҳои беназир ноил гардида истодаанд.

Дар сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат рушди афзалиятноки саноат, хусусан саноати сабук, хӯрокворӣ ва коркарди маъданҳо, густариши фаъолияти сармоягузорӣ ва соҳибкории хурду миёна, такмили сиёсати буҷету андоз ва пулию қарзӣ, идомаи ислоҳоти идораи давлатӣ бо роҳи ташкили хизмати давлатии касбӣ, ташаккули сохтори куллан нави идораи иқтисодӣ, такмили тартиби ҷобаҷогузории кадрҳо, дар асоси салоҳияти касбӣ баланд бардоштани самаранокӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатии марказӣ ва маҳаллӣ, пурзӯр намудани мубориза бар зидди коррупсия, таъмини амнияти озуқавории кишвар, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва раҳо намудани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ раванди муттасил буда, дар ин самт иқдомоти зиёде амалӣ шудаву шуда истодаанд.

Агар гӯем, ки  давоми давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми аҳдофи созандаашон дар заминаи нияти нек ва азми қавӣ татбиқи худро ёфтанд, муболиға нахоҳад буд. Ин дастовардҳо сабаб  шуданд, ки дар ҷомеа дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд оянд. Мо бояд ба ин ҳама пешравиҳо воқеъбинона баҳогузорӣ намоем ва таҳаввулот дар фарҳанги сиёсӣ, афкори ҷомеа, инчунин тағйироти куллӣ дар рӯҳия ва афкори оммаро, бешубҳа, ҳамчун омили нақши шахсияти ин абармард эътироф ва арҷгузорӣ намоем.

Мутаассифона, баъзе нотавонбинону кӯрдилон ба қадри оромиву осудагии мамлакат нарасида, ҷиҳати амалӣ намудани ниятҳои муғризонаи хеш «кӯшиш» менамоянд. Хушбахтона, ин носипосон ба ниятҳои нопоки хеш ягон вақт нарасидаанд ва иншоаллоҳ намерасанд.

Ба қавли Саъдӣ:

Чу розӣ шуд аз банда Яздони пок,
Гар инҳо нагарданд розӣ, чӣ бок?

Зимни паёми табрикиашон ба муносибати Иди Ғалаба Пешвои миллат минҷумла гуфтанд, ки «ман дар ин лаҳзаҳои барои халқамон душвор шабу рӯз бо мардуми шарифи Тоҷикистон ва дар фикри ҳар як фарди Ватан ҳастам ва ба хотири ҳифзи саломативу ҳаёти сокинони мамлакат  тамоми тадбирҳоро андешида истодаам».

Хуш ба ҳоламон!!!

 

Далер МЕРГАНОВ,
муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум»

Май 13, 2020 17:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳия ва муҳокимаи аввалин лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб ду сол идома ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба омӯзиши Конститутсия ва қонунҳо дар вазорату идораҳо бояд эътибори ҷиддӣ зоҳир гардад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имтиҳони бисёр ҷиддии ҳаёт гузашт»
Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз тариқи овоздиҳии умумихалқӣ маҳз бо ташаббус ва азми устувори Эмомалӣ Раҳмон қабул карда шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ». Бахшида ба 30-солагии ин санади сарнавишсоз конференсияи илмию амалӣ доир шуд
Конститутсияи Тоҷикистон-яке аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон
КОНСТИТУТСИЯ — РОҲНАМОИ РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ БАРОИ САДСОЛАҲО. Андешаҳои насли даврони соҳибистиқлолӣ дар ин мавзуъ
КОНСТИТУТСИЯ-ҲУҶҶАТИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ. Тибқи ин санад ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳаматарафа ҳимоя карда мешаванд
Президенти Тоҷикистон: «Ҳама гуна масъалаҳои баҳсбарангез, низоъ ва ихтилофҳоро метавон бо роҳи сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал намуд»
ТАНБАШАВИИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ ДАР РОҲҲО. Шарҳи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин хусус
ПРЕЗИДЕНТ ВА КОНСТИТУТСИОНАЛИЗМИ МИЛЛӢ. Баъзе мулоҳизаҳо оид ба аҳамияти таърихию сиёсии қабул ва татбиқи Конститутсия
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар шароити имрӯза захира намудани маҳсулоти озуқаворӣ масъалаи хеле муҳим аст»