ТАВАҶҶУҲ! Шаҳрвандони Тоҷикистон 29-31 май бо хатсайрҳои махсуси Дубай-Душанбе метавонанд ба Ватан баргарданд
ДУШАНБЕ, 23.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Дубай ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Тоҷикистон мерасонад, ки ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» 29 майи соли ҷорӣ, соати 15:00, бо хатсайри махсуси Дубай-Душанбе шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Ватан бармегардонад.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Дубай хабар медиҳад, шаҳрвандон метавонанд чиптаҳои хатсайри мазкурро аз нуқтаҳои чиптафурӯшии шаҳри Душанбе тавассути алоқаи зерин харидорӣ намояд:
- Ширкати «Сомон Эйр», ш.Душанбе, к. Мастонгулов 40,
Call center: +992937777459; whatsapp+992908085666;
- ҶСК «Агентии алоқаи ҳавоӣ» ш. Душанбе, к. Н.Мухаммад 5,
тел: +992372277571; моб: +992988071000;
- ҶСК «Агентии алоқаи ҳавоӣ» ш. Хуҷанд, к. И. Сомонӣ 56,
Call center: +992927716460 (Aэрокасса), asiri_fta@mail.ru
Инчунин ширкати «Флай Дубай» 31 майи соли равон, соати 11:00, бо хатсайри махсуси Дубай-Душанбе ба Тоҷикистон парвоз менамояд. Шаҳрвандон метавонанд чиптаҳои хатсайри мазкурро тариқи онлайн аз сомонаи расмӣ ва аз намояндагии ширкат дар ш. Душанбе харидорӣ намоянд:
- Намояндагии ширкати «Флай Дубай», ш.Душанбе, кӯчаи Беҳзод 1,
Call center: +992987530083;
Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Дубай ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Тоҷикистон мерасонад, ки шаҳрвандон пеш аз парвоз дар Фурудгоҳи байналмилалии Дубай аз озмоиши тиббӣ (анализи хун) гузаронида мешаванд. Аз ин рӯ, аз шаҳрвандон хоҳиш менамоем, ки 4 (чор) соат пеш аз парвоз дар фурудгоҳ ҳозир шаванд.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






