АГЕНТИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ: Парвозҳои мунтазами байналмилалӣ миёни Тоҷикистону Россия пас аз беҳ гардидани вазъият вобаста ба CОVID-19 барқарор мешаванд

Июнь 5, 2020 14:46

ДУШАНБЕ, 05.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш менамояд, ба ҳар гуна хабару овозаҳое, ки асоси воқеӣ надоранд, дода нашуда, аз харидории чиптаи ҳавопаймоӣ то нашр гардидани изҳороти расмӣ вобаста ба барқарорсозии хатсайрҳои мунтазам худдорӣ намоянд, зеро айни замон, парвозҳои мунтазам байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия барқарор нагардидааст. 

Дар Агентии мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз доштанд, ки бо хурӯҷи босуръати вируси сироятии CОVID-19 Ташкилоти байналмилалии тандурустӣ бемории сироятии мазкурро пандемия эълон намуд ва дар ин асос аксари давлатҳои ҷаҳон бо мақсади пешгирии паҳншавии вируси сироятии CОVID-19 ва таъмини амнияти саломатии шаҳрвандони давлатҳои худ парвозҳои байналмилалиро то беҳ гардидани вазъият қатъ намуданд.

«Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, бо мақсади пешгирии паҳншавии вируси сироятии CОVID-19 ва таъмини амнияти саломатии шаҳрвандони кишвар парвозҳои байналмилалӣ аз 20 марти соли 2020 аз/ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла аз/ба Федератсияи Россия то беҳ гардидани вазъият муваққатан қатъ карда шудааст», — илова намуд манбаъ.

Бояд қайд кард, ки дар баъзе расонаҳои воситаҳои ахбори омма хабарҳое паҳн гардидааст, ки аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоӣ фурӯши чиптаҳо ба роҳ монда шудааст ва парвозҳои мунтазами байналмилалӣ аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баръакс иҷро карда мешаванд. «Ин хабарҳо асоси воқеъӣ надошта, амалишавии парвозҳои мунтазами байналмилалӣ байни ду кишвари болозикр танҳо пас аз муътадил шудани вазъият оид ба вируси сироятии CОVID-19 ва эълони расмии љониби мақомотҳои ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешавад», — тазаккур доданд дар Агентии авиатсияи гражданӣ.

Дар робита ба ин, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш менамояд, ки ба ҳар гуна хабару овозаҳое, ки асоси воқеӣ надоранд, дода нашуда, аз харидории чиптаи ҳавопаймоӣ то нашр гардидани изҳороти расмӣ вобаста ба барқарорсозии хатсайрҳои мунтазам худдорӣ намоянд, зеро айни замон, парвозҳои мунтазам байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия барқарор нагардидааст.

«Бори дигар огоҳ карда мешавад, ки барқарорсозии парвозҳои байналмилалӣ аз/ба Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо пас аз беҳ гардидани вазъият вобаста ба бемории сироятии CОVID-19 роҳандозӣ карда мешавад. Вобаста ба ин, қайд менамоем, ки бо беҳ гардидани вазъият вобаста ба вируси сироятии CОVID-19, оид ба барқарорсозии парвозҳои мунтазам расман эълон карда мешаванд», — таъкид намуданд дар Агентии авиатсияи гражданӣ.

Июнь 5, 2020 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон